“Вахш” зери раҳбарии сармураббӣ Зариф Усмонов дар даври 11-уми мусобиқот рӯзи 27-уми апрел дар меҳмонӣ бар тими «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо ҳисоби 3:2 ғалаба кард.
Панҷ бозии дигари даври 11-уми мусобиқот бо чунин натиҷаҳо ба поён расид: «Хуҷанд» (Хуҷанд) – “Барқчӣ” (Ҳисор) - 1:1, Эсхата» (Хуҷанд) – “Истиқлол” (Душанбе) -– 1:1, “Равшан” (Кӯлоб) – «Ҳулбук» (Восеъ) - 0:0, «Ҳосилот» (Фархор) - «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) 2:1, «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - КМВА (Клуби марказии варзишии артиши Душанбе) - 0:1.
Дар даври сипаришула “Ҳосилот” бо роҳбарии сармураббии нави даста Зайниддин Раҳимов, мутахассиси футболи тоҷик, ки 14-уми майи имсол 60-сола мешавад, аввалин пирӯзӣ ба даст овард. Раҳимов порсол сармураббии дастаи “Регар-ТадаЗ” буд.
Ҳоло дар ҷадвали мусобиқот “Вахш” ва “Истиқлол” бо 17-имтиёзӣ пешсафанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо бохтариҳо дар ҷойи аввал мебошанд. Қаҳрамони феълии Тоҷикистон ба зинаи дуюм фуромад. Дарвоқеъ, “Истиқлол” ва “Вахш” то ҳоло ба мағлубият дучор нашудаанд. “Равшан” бо 12 имтиёз ҷойи сеюмро касб кардааст.
Ду даста – “Истаравшан” ва “Панҷшер”, ки дар мавсими имсола пирӯзӣ ба даст наовардаанд, дар ду зинаи охири ҷадвал қарор доранд.
“Пас аз бохти «Истаравшан» муқобили «Вахш» сармураббии дастаи «Истаравшан» Шӯҳрат Шамсиев, собиқ бозигари ин даста, аз мақомаш истеъфо дод”, - хабар додааст сафҳаи расмии бошгоҳи “Истаравшан”.
Бозиҳои даври ҳафтуми мусобиқаи лигаи олӣ рӯзҳои 2-4-уми май баргузор мешаванд. Рӯзи ҷумъа “Вахш” бо «Барқчӣ», «Эсхата» бо «Ҳосилот», рӯзи шанбе «Истиқлол» бо «Ҳулбук», «Истаравшан» бо «Панҷшер», рӯзи якшанбе «Равшан» бо КМВА ва «Хуҷанд» бо «Регар-ТадАЗ» рақобат мекунанд.
Дар мусобиқоти имсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ, ки бори 34-ум сурат гирифтааст, 12 даста иштирок дорад. Мусобиқот дар ду давра барпо мегардад ва ҳар як даста 22 бозӣ анҷом медиҳад.
Дастае, ки имсол дар лигаи олӣ ҷойи охиринро ишғол мекунад, ба лигаи якум мегузарад ва дастае, ки ҷойи ёздаҳумро мегирад, бо барандаи медали нуқраи лигаи якуми Тоҷикистон дар соли 2025 бозиҳои гузаришӣ доир менамояд.
Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон-2025
Лигаи олӣ
Даври 11-ум
«Хуҷанд» - «Барқчӣ» – 1:1
Голҳо: Азизбек Далиев, 12 – аз пеналти (0:1). Давронҷон Эргашев, 72 (1:1).
Аз майдон хориҷ шуд: Меҳрон Мадаминов («Барқчӣ»), 90+10 – барои ба таври ҷиддӣ вайрон кардани қоидаҳои бозӣ.
Беҳтарин бозигари дидор: Куайе Годсон («Барқчӣ»).
Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).
25-уми апрел. Хуҷанд. Варзишгоҳи «Спартак». 5000 тамошобин.
«Эсхата» - «Истиқлол» – 1:1
Голҳо: Зойирҷон Турсунов, 49 (1:0). Соҳибҷон Ҳакимов, 51 – ба дарвозаи худ (1:1).
Беҳтарин бозигари дидор: Амирбек Ҷурабоев («Истиқлол»).
Сардовар: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).
26-уми апрел. Хуҷанд. Варзишгоҳи «Спартак». 4000 тамошобин.
«Равшан» - «Ҳулбук» – 0:0
Беҳтарин бозигари дидор: Гбеку Проспер («Ҳулбук»).
Сардовар: Хуршед Дадабоев (Хуҷанд).
26-уми апрел. Кӯлоб. Варзишгоҳи «Кӯлоб-Арена». 8000 тамошобин.
«Ҳосилот» - «Панҷшер» – 2:1
Голҳо: Рудолф Патрик, 22 (1:0). Рудолф Патрик, 35 (2:0). Умарҷон Шарипов, 63 (2:1).
Беҳтарин бозигари дидор: Рудолф Патрик («Ҳосилот»).
Сардовар: Амирҷон Хоркашев (Душанбе).
27-уми апрел. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 1000 тамошобин.
«Истаравшан» - «Вахш» – 2:3
Голҳо: Суннатулло Исмоилов, 20 (0:1). Суннатулло Исмоилов, 56 (0:2). Фатҳулло Фатҳуллоев, 82 (0:3). Илҳомҷон Баротов, 90+3 (1:3). Парвизҷон Деҳқонов, 90+4 (2:3).
Беҳтарин бозигари дидор: Суннатулло Исмоилов («Вахш»).
Сардовар: Рустам Нурматов (Душанбе).
27-уми апрел. Истаравшан. Варзишгоҳи марказӣ. 12 050 тамошобин.
«Регар-ТадАЗ» - КМВА – 0:1
Гол: Вайсиддин Сафаров, 3.
Аз майдон хориҷ шуд: Фаридун Давлатов («Регар-ТадАЗ»), 55 – барои ба таври ҷиддӣ вайрон кардани қоидаҳои бозӣ.
Беҳтарин бозигари дидор: Принс Кобла (КМВА).
Сардовар: Бахтиёр Комилов (Кӯлоб).
28-уми апрел. Турсунзода. Варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена». 2450 тамошобин.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот
Ҷ | Д | Б | Ғ | Б | М | Т | И |
1 | «Вахш» (Бохтар) | 7 | 5 | 2 | 0 | 14-7 | 17 |
2 | «Истиқлол» (Душанбе) | 7 | 5 | 2 | 0 | 11-4 | 17 |
3 | «Равшан» (Кӯлоб) | 7 | 3 | 3 | 1 | 10-5 | 12 |
4 | КМВА (Душанбе) | 7 | 3 | 2 | 2 | 11-8 | 11 |
5 | «Хуҷанд» (Хуҷанд) | 7 | 3 | 1 | 3 | 8-10 | 10 |
6 | «Барқчӣ» (Ҳисор) | 7 | 2 | 3 | 2 | 9-7 | 9 |
7 | «Эсхата» (Хуҷанд) | 7 | 2 | 3 | 2 | 12-11 | 9 |
8 | «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) | 7 | 2 | 2 | 3 | 8-9 | 8 |
9 | «Ҳулбук» (Восеъ) | 7 | 2 | 2 | 3 | 7-9 | 8 |
10 | «Ҳосилот» (Фархор) | 7 | 1 | 3 | 3 | 7-11 | 6 |
11 | «Истаравшан» (Истаравшан) | 7 | 0 | 3 | 4 | 8-13 | 3 |
12 | «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) | 7 | 0 | 2 | 5 | 2-13 | 2 |
Нишонзанҳо: Шериддин Бобоев («Равшан») – 5 тӯб, Азизбек Далиев («Барқчӣ»), Нуриддин Ҳамроқулов, Дмитрий Билоног (ҳарду аз «Вахш») – 4-тӯбӣ.
Даври 7-ум
«Вахш» – «Барқчӣ»
«Эсхата» – «Ҳосилот»
3-юми май (шанбе)
«Истиқлол» – «Ҳулбук»
«Истаравшан» – «Панҷшер»
4-уми май (якшанбе)
«Равшан» – КМВА
«Хуҷанд» – «Регар-ТадАЗ»
Гуфтугӯ