Дар ин феҳрист мунтахаби Аргентина, қаҳрамони феълии ҷаҳон, бо 1885,36 имтиёз дар байни 210 тими миллӣ дар ҷойгоҳи аввал аст. Мунтахаби Испания, қаҳрамони феълии Аврупо, бо 1854,64 имтиёз дар ҷойгоҳи дувум ва мунтахаби Фаронса, ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии ҷаҳон, бо 1862,03 имтиёз зинаи севумро соҳиб шудаанд.
Инчунин ба даҳгонаи беҳтарин тимҳои миллӣ Англия, Бразилия, Португалия, Нидерланд, Белгия, Олмон ва Хорватия дохиланд.
Аз байни тимҳои миллии кишварҳои пасошӯравӣ зинаҳои баландро дар феҳристи FIFA Украина (26-ум, 1557,21 имтиёз), Русия (35-ум, 1518,54 имтиёз) ва Узбекистон (55-ум, 1449,12 имтиёз) ба даст овардаанд.
Тоҷикистон дар байни кишварҳои собиқи шӯравӣ аз Қазоқистон (114-ум), Озарбойҷон (122-юм), Эстония (126-ум), Латвия (137-ум), Туркманистон (140-ум), Литва (143-юм) ва Молдова (154-ум) пеш буда, пас аз Украина (26-ум), Русия (35-ум), Узбекистон (55-ум), Гурҷистон (67-ум), Беларус (97-ум), Қирғизистон (104-ум) ва Арманистон (105-ум) ҷойгир шудааст.
Тоҷикистон дар байни тимҳои миллие, ки ба Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) шомиланд, ҷойгоҳи 19-умро азони худ кардааст. Дар Осиё Ҷопон дар мақоми аввал (дар ҷаҳон 17-ум), Эрон дар мақоми дувум (дар ҷаҳон 20-ум) ва Кореяи Ҷанубӣ дар мақоми севум (дар ҷаҳон 23-юм) мебошанд.
Феҳристи FIFA аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи FIFA ҷойгоҳи 99-ум ва натиҷаи пасттаринаш ҷойгоҳи 180-ум мебошад.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон зери раҳбарии сармураббӣ Гела Шекиладзе, мутахассиси гурҷӣ, дар мусобиқаи байналмилалии «CAFA Nations Cup», ки аз 29-уми август то 8-уми сентябри имсол таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ баргузор мешавад, дар гурӯҳи “В” бо тимҳои миллии Эрон, Афғонистон ва Малайзия бозӣ мекунад.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, мусобиқаи байналмилалии «CAFA Nations Cup 2025» бо иштироки шаш дастаи минтақа – Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон, инчунин ду тими даъватшуда – Уммон ва Малайзия - доир мегардад.
Аз рӯи натоиҷи қуръакашӣ дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шуданд: гурӯҳи «А» - Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Уммон; гурӯҳи “В” – Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Малайзия.
Бозиҳои гурӯҳи «А» дар шаҳри Тошканди Узбекистон ва гурӯҳи «В» дар шаҳри Ҳисори Тоҷикистон сурат мегиранд. Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ҷадвали бозиҳои мусобиқаи «CAFA Nations Cup 2025»-ро тасдиқ кард.
Мунтахаби Тоҷикистон нахустин бозиашро дар гурӯҳи «В» 29-уми август бо тими миллии Малайзия анҷом медиҳад. Баъдан футболбозони тоҷик 1-уми сентябр бо тими миллии Афғонистон ва 4-уми сентябр бо тими миллии Эрон рақобат мекунанд.
Тибқи муқаррароти Ҷоми миллатҳои CAFA бозиҳои марҳилаи гурӯҳӣ дар шакли даврӣ баргузор мешаванд. Сипас ғолибони гурӯҳҳо дар финал вомехӯранд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойи дуюмро мегиранд, барои ҷои сеюм мубориза мебаранд.
Бозии ниҳоии Ҷоми миллатҳои CAFA-2025 дар Тошканд ва бозӣ барои ҷойи сеюм дар Ҳисор барпо мегарданд.