Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар феҳристи нави FIFA ду зина боло шуд


Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар феҳристи нави FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) ду зина боло шуд ва бо 1206,15 имтиёз дар байни 211 тими миллӣ дар ҷойи 104-ум қарор дорад. 

Дар ин феҳрист мунтахаби Испания, қаҳрамони феълии Аврупо, бо 1875,37 имтиёз ба ҷойи аввал баромад. Мунтахаби Фаронса, ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии ҷаҳон, низ як зина боло рафт ва бо 1870,92 имтиёз дар мақоми дуюм аст. Мунтахаби Аргентина, қаҳрамони феълии ҷаҳон, ду зина поин шуд ва бо 1870,32 имтиёз ҷойи сеюмро соҳиб шудааст.

Инчунин ба даҳгонаи беҳтаринҳо тимҳои миллии Англия, Португалия, Бразилия, Нидерланд, Белгия, Хорватия ва Италия дохиланд.

Аз байни тимҳои миллии кишварҳои пасошӯравӣ зинаҳои баландро дар феҳристи FIFA Украина (28-ум, 1543,06 имтиёз), Русия (33-юм, 1521,74 имтиёз) ва Узбекистон (54-ум, 1453,31 имтиёз) ба даст овардаанд.

Тоҷикистон дар байни кишварҳои собиқи шӯравӣ аз Қирғизистон (106-ум), Қазоқистон (118-ум), Озарбойҷон (124-ум), Эстония (129-ум), Латвия (137-ум), Туркманистон (138-ум), Литва (145-ум) ва Молдова (156-ум) пеш буда, пас аз Украина (28-ум), Русия (33-юм), Узбекистон (54-ум), Гурҷистон (68-ум), Беларус (100-ум) ва Арманистон (103-юм) ҷойгир шудааст.

Тоҷикистон дар байни тимҳои миллие, ки ба Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) шомиланд, ҷойи 17-умро азони худ кардааст. Дар Осиё Ҷопон дар мақоми аввал (дар ҷаҳон 19-ум), Эрон дар мақоми дуюм (дар ҷаҳон 21-ум) ва Кореяи Ҷанубӣ дар мақоми сеюм (дар ҷаҳон 23-юм) мебошанд.

Феҳристи FIFA аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи FIFA ҷойи 99-ум ва натиҷаи пасттаринаш ҷойи 180-ум мебошад.

Ёдовар мешавем, пас аз натиҷаҳои ғайриқаноатбахши дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқоти байналмилалии “Ҷоми миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ” («CAFA Nations Cup 2025»), ки тими миллии кишвар дар майдони худ натавонист аз гурӯҳ барояд, роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) тасмим гирифт шартномаи ҳамкорӣ бо Гела Шекиладзе, мутахассиси 54-солаи гурҷӣ, қатъ карда шавад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистонро ба бозиҳои боқимондаи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 ҳайати нави мураббиён омода мекунад, ки роҳбарияти ФФТ дар ояндаи наздик онро тасдиқ хоҳад кард.

Рақибони дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи “А” тимҳои миллии Филиппин, Молдив ва Тимори Шарқӣ мебошанд.

Ёдовар мешавем, футболбозони тоҷик дар даври аввали мусобиқот, ки 25-уми марти имсол дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардид, бар тими миллии Тимори Шарқӣ бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуда, дар даври дуюм 10-уми июн бозиро дар меҳмонӣ бо дастаи мунтахаби Филиппин бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом доданд.

Баъди натиҷагирии бозиҳои даври дуюми мусобиқот дар гурӯҳи “А” дастаҳои мунтахаби Филиппин ва Тоҷикистон бо чаҳоримтиёзӣ пешсафанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо Филиппин дар ҷойи аввал, Тоҷикистон дар зинаи дуюми ҷадвали гурӯҳ қарор доранд.

Бозии даври сеюм дар гурӯҳи «А» байни тимҳои миллии Тоҷикистону Молдив рӯзи 9-уми октябр дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд баргузор шуда, соати 18:00 оғоз меёбад.

Дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2027 тимҳои миллӣ ба шаш гурӯҳи иборат аз чаҳордастаӣ тақсим шудаанд. Ҳар як даста дар гурӯҳ шаш бозӣ – се рақобат дар майдони худ ва се бозӣ дар меҳмонӣ - анҷом медиҳад.

Танҳо ғолибони гурӯҳҳо ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё, ки аз 15-уми январ то 8-уми феврали соли 2027 дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, роҳ меёбанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG