Бозиҳои VI ҳамбастагии исломӣ, ки бо иштироки беш аз 3000 варзишгари 57 кишвари олам аз рӯи 23 намуди варзиш дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ доир шуданд, 21-уми ноябр ба поён расиданд.
Ба иттилои сомонаи расмии Бозиҳои VI ҳамбастагии исломӣ дар ҳисоби медалҳо мунтахаби Туркия бо 155 медал (72 тило, 44 нуқра ва 39 биринҷӣ) ҷойи аввалро касб намуд. Узбекистон бо 96 медал (29 тило, 35 нуқра ва 32 биринҷӣ) ҷойи дуюм ва Эрон бо 81 медал (29 тило, 19 нуқра ва 33 биринҷӣ) ҷойи сеюмро соҳиб шуданд.
Ба даҳгонаи аввал, инчунин Арабистони Саудӣ (18-12-27), Миср (17-11-17), Баҳрайн (16-11-7), Қазоқистон (15-20-21), Нигерия (11-12-7), Марокаш (10-7-9) ва Озарбойҷон (9-19-31) дохил шуданд.
Умуман, варзишгарони 42 кишвар медалҳои Бозиҳои VI ҳамбастагии исломиро ба даст оварданд, аз он ҷумла намояндагони 27 кишвар соҳиби медали тило шуданд.
Дар мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳо Тоҷикистонро 69 варзишгар дар 12 намуди варзиш намояндагӣ кард. Мунтахаби Тоҷикистон бо 6 медал (3 нуқра ва 3 биринҷӣ) ҷойи 28-умро гирифт.
Бояд гуфт, Тоҷикистон дар ҳисоби медалҳо нисбат ба Узбекистон 26 зина, нисбат ба Қазоқистон 21 зина ва аз Қирғизистон 14 зина поин ҷойгир шуд. Қирғизҳо бо 19 медал (4 тило, 4 нуқра ва 11 биринҷӣ) ҷойи 14-умро азони худ карданд. Афғонистон бо 3 медал (1 тило, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ) аз Тоҷикистон ду зина боло шуд. Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо Туркманистон бе медал монд.
Шаш медалро варзишгарони тоҷик дар се ришта - ҷудо, тенниси рӯйи миз ва гуштии озод - ба даст оварданд. Дар риштаи ҷудо Мадина Қурбонзода дар вазни то 52 кило миёни занон ва Темур Раҳимов дар вазни +100 кило байни мардон бо медалҳои нуқра, Абубакр Шеров дар вазни то 73 кило ва Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кило байни мардон бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд.
Дар мусобиқаи инфиродии тенниси рӯйи миз байни мардон варзишгари тоҷик Саъдӣ Исмоилов ба гирифтани медали биринҷӣ мушарраф шуд.
Медали шашумро дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон Абдулмаҷид Кудиев дар гуштии озод дар вазни то 65 кило ба даст овард. Вай дар финал аз паҳлавони эронӣ Раҳмон Амузод мағлуб шуда, медали нуқра гирифт.
Ҳамин тариқ, натиҷаҳои нишондодаи варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои VI ҳамбастагии исломӣ дар Риёзи Арабистони Саудӣ дар қиёс бо Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ, ки моҳи августи соли 2022-юм дар шаҳри Қунияи Туркия баргузор шуданд, паст аст. Тоҷикистон дар Туркия ҳашт медал (се нуқра ва панҷ биринҷӣ) гирифта буд.
Дар умум варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ дар тули 20 сол 20 медал (1 нишони тило, 7 нуқра ва 12 биринҷӣ) ба даст овардаанд. Ягона медали тилоро Дилшод Назаров дар аввалин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ, ки соли 2005-ум дар Арабистони Саудӣ баргузор шуда буданд, дар гурзандозӣ гирифтааст.
Ассотсиатсияи варзишии ҳамбастагии исломӣ (ISSA) дар 14-умин Маҷлиси умумии худ, ки дар Риёз таҳти раёсати шоҳзода Абдулазиз ибни Туркӣ ал-Файсал доир шуд, иёлати Селангори Малайзияро мизбони Бозиҳои VII ҳамбастагии исломӣ дар соли 2029 интихоб кард.