Дастаи “Вахш”-и Бохтар, ки дар 18 бозӣ 37 имтиёз гирифта, дар ҷадвали мусобиқот дар ҷойгоҳи аввал қарор дорад, бозии даври 19-умро мебоист дар майдони худ бо “Истиқлол”-и Душанбе анҷом медод, аммо ба далели омодагии қаҳрамони Тоҷикистон ба бозии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуи AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) дар гурӯҳи “D” бо тими “Ал-Завра”-и Ироқ мавқуф гузошта шуд.
Бозии “Истиқлол” бо “Ал-Завра” 22-юми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир мегардад. Дар ҳамин ҳол “Истиқлол” бо 34 имтиёз аз 16 бозӣ дар зинаи дуюми ҷадвали мусобиқоти Лигаи олӣ ҷойгир шудааст.
Зинаи сеюмро дар ҷадвал дастаи “Равшан”-и Кӯлоб бо 33 имтиёз аз 19 бозӣ ишғол кардааст. “Равшан” дар даври 19-ум бозиро дар майдони худ бо тими “Барқчӣ”-и Ҳисор бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом дод.
КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Душанбе бо 32 имтиёз аз 19 бозӣ зинаи чорумро касб намудааст. Низомиён дар бозии даври 19-ум дар меҳмонӣ аз тими “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрданд. Пас аз ин бохт сармураббии КМВА Шамсиддин Қосимов ва ёвараш Файзалӣ Давлатов бо хоҳиши худ аз вазифаашон истеъфо доданд.
Инчунин дар ду бозии даври 19-уми мусобиқот «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар майдони худ бар «Ҳосилот»-и Фархор бо ҳисоби 2:1 ва “Эсхата”-и Хуҷанд бар тими меҳмон – “Панҷшер”-и Ҷалолиддини Балхӣ – бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуданд.
Танҳо як бозии даври 19-ум дар шаҳри Турсунзода миёни «Регар-ТадАЗ» ва дастаи меҳмон - «Ҳулбук»-и Восеъ - бидуни гол хотима ёфт.
Ба ин тартиб, дар даврҳои боқимонда низ мубориза барои медалҳои мусобиқот байни чаҳор дастаи пешқадам – “Вахш”, “Истиқлол”, КМВА ва “Равшан” – авҷ хоҳад гирифт.
Дар рӯйхати нишонзанҳои беҳтарини мусобиқоти Лигаи олӣ ҳамлагари “Вахш” Дмитрий Билоног, легионери 30-солаи укроинӣ, инчунин Эммануэл Квадво Фримпонг, легионери африқоии 25-сола аз Гана, аз дастаи “Регар-ТадАЗ”, бо 7-голӣ дар ҷойгоҳи аввал мебошанд.
Мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2025
Лигаи олӣ. Даври 19-ум
17-уми октябр (ҷумъа)
«Регар-ТадАЗ» - «Ҳулбук» - 0:0
Сардовар: Рустам Нурматов (Душанбе).
Турсунзода, варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена», 1300 тамошобин.
17-уми октябр (ҷумъа)
«Хуҷанд» - «Ҳосилот» - 2:1
Голҳо: Давронҷон Эргашев, 54, Терзи, 85 – Рудолф, 81
Сардовар: Амирҷон Хоркашев (Душанбе).
Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон», 1200 тамошобин.
18-уми октябр (шанбе)
«Эсхата» - «Панҷшер» - 1:0
Гол: Дилшод Каримов, 35
Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).
Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон», 1300 тамошобин.
19-уми октябр (якшанбе)
«Истаравшан» - КМВА – 2:1
Голҳо: Амирҷон Сафаров, 17, Тулқин Эргашев, 59 – Абдухалил Боронов, 43 – аз пеналти
Сардовар: Бахтиёр Комилов (Кӯлоб).
Истаравшан, Варзишгоҳи марказӣ, 7000 тамошобин.
19-уми октябр (якшанбе)
«Равшан» - “Барқчӣ” – 2:2
Голҳо: Милонович, 61, Окоронкво, 83 – Асанте, 47, Меҳрон Мадаминов, 74
Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).
Кӯлоб, Варзишгоҳи “Кӯлоб-Арена”, 8000 тамошобин.
Бозии даври 19-ум миёни дастаҳои «Вахш» ва «Истиқлол» мавқуф гузошта шуд.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқоти лигаи олӣ:
1. “Вахш” - 18 бозӣ 37 имтиёз, таносуби тӯбҳо – 28-17
2. “Истиқлол” - 16 бозӣ 34 имтиёз, таносуби тӯбҳо – 27-11
3. “Равшан” - 19 бозӣ 33 имтиёз, таносуби тӯбҳо – 23-13
4. КМВА - 19 бозӣ 32 имтиёз, таносуби тӯбҳо – 34-20
5. “Эсхата” - 19 бозӣ 28 имтиёз, таносуби тӯбҳо – 25-20
6. “Регар-ТадАЗ” - 19 бозӣ 27 имтиёз, таносуби тӯбҳо – 21-19
7. “Хуҷанд” - 19 бозӣ 26 имтиёз, таносуби тӯбҳо – 21-23
8. “Барқчӣ” - 19 бозӣ 25 имтиёз, таносуби тӯбҳо – 21-18
9. “Ҳосилот” - 18 бозӣ 20 имтиёз, таносуби тӯбҳо – 23-25
10. “Истаравшан” - 19 бозӣ 18 имтиёз, таносуби тӯбҳо – 22-36
11. “Ҳулбук” - 18 бозӣ 12 имтиёз, таносуби тӯбҳо – 13-30
12. “Панҷшер” - 19 бозӣ 7 имтиёз, таносуби тӯбҳо – 11-37
Беҳтарин нишонзанҳо: Дмитрий Билоног (“Вахш”) ва Квадво Фримпонг (“Регар-ТадАЗ”) – 7-голӣ.
Даври 20-ум
24-уми октябр (ҷумъа)
Оғози бозиҳо – соати 17:00
«Ҳулбук» – «Вахш»
«Панҷшер» – «Хуҷанд»
25-уми октябр (шанбе)
Оғози бозиҳо – соати 17:00
«Барқчӣ» – «Истаравшан»
КМВА – «Эсхата»
26-уми октябр (якшанбе)
Оғози бозиҳо – соати 17:00
«Истиқлол» – «Равшан»
«Ҳосилот» – «Регар-ТадАЗ» – бозӣ мавқуф гузошта шуд.
Гуфтугӯ