Ин бозӣ шаби 22-юми сентябр дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе доир гардид. Футзалбозони тоҷик дар нимаи аввали бозӣ ба дарвозаи меҳмонон чаҳор гол зада, аз дарвозаи худ як гол сар доданд. Дар нимаи дуюми дидор мизбонон се голи беҷавоб ба самар расонданд.
Ҳамин тавр, дар ин бозӣ Умед Қузиев ду гол, Самандар Ризомов, Идрис Ёров, Насратшо Исмоилов, Муҳаммадҷон Шарипов ва Фирӯз Бекмуродов якголӣ заданд. Як голи меҳмонон ба Кео Сочетра мансуб аст.
Дар бозии дигари даври дуюм дар гурӯҳи С тими миллии Ҷопон бар дастаи мунтахаби Макао бо ҳисоби 13:0 ғалаба кард.
Ёдовар мешавем, дар даври якуми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 дар гурӯҳи С Ҷопон бар Камбоҷа бо ҳисоби 5:0 ва Тоҷикистон бар Макао бо ҳисоби 10:2 пирӯз шуда буданд.
Ба ин тартиб, пас аз натиҷагирии бозиҳои ду даври мусобиқот дар гурӯҳи С Ҷопон ва Тоҷикистон шашимтиёзӣ гирифтаанд. Бо дарназардошти таносуби тӯбҳо Ҷопон дар ҷойи аввал ва Тоҷикистон дар ҷойи дуюм қарор доранд. Тимҳои Камбоҷа ва Макао бидуни имтиёз мутаносибан ҷойҳои сеюму чаҳорумро ишғол кардаанд.
Дар даври охирини марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 дар гурӯҳи С мунтахаби Тоҷикистон бо Ҷопон рақобат мекунад. Ин бозӣ 24-уми сентябр дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе соати 20:00 оғоз меёбад. Пеш аз ин дидор тимҳои миллии Макао ва Камбоҷа (соати 17:00) вориди рақобат мешаванд.
Пайрав Воҳидов, сармураббии тими миллии футзали Тоҷикистон, гуфт, ки мақсади даста роҳ ёфтан ба қисми ниҳоии мусобиқот мебошад.
Ҳайати дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2026:
Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов, Нуриддин Ҷабборов, Фирӯз Бозмамадов;
Бозигарони майдонӣ: Дилшод Саломов, Идрис Ёров, Самандар Ризомов, Некрӯз Идиев, Насратшо Исмоилов, Муҳаммад Раҷабов, Муҳаммадҷон Шарипов, Бахтиёр Солиев, Хусрав Холиқназаров, Умед Қузиев, Баҳодур Хоҷаев;
Сармураббӣ – Пайрав Воҳидов.
Бояд тазаккур дод, ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё, ки аз 27-уми январ то 7-уми феврали соли 2026-ум дар Индонезия доир мегардад, ғолибони ҳашт гурӯҳи интихобӣ ва ҳафт дастаи беҳтарини ҷойҳои дуюм роҳ меёбанд.
Марҳилаи интихобии Ҷоми футзали Осиё-2026
Гурӯҳи С
Даври 1-ум
Ҷопон – Камбоҷа – 5:0
20-уми сентябр. Душанбе. Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ
Тоҷикистон – Макао – 10:2
Голҳо: Дилшод Саломов, 4 (1:0). Самандар Ризомов, 5 (2:0). Насратшо Исмоилов, 5 (3:0). Идрис Ёров, 8 (4:0). Некрӯз Идиев, 21 (5:0). Идрис Ёров, 24 (6:0). Идрис Ёров, 25 (7:0). Идрис Ёров, 25 (8:0). Самандар Ризомов, 28 (9:0). Фонг Чи Ва, 30 (9:1). Некрӯз Идиев, 37 (10:1). Фонг Чи Ва, 39 – дабл-пеналти (10:2).
Беҳтарин бозигари дидор: Идрис Ёров (Тоҷикистонн).
20-уми сентябр. Душанбе. Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ. 1750 тамошобин.
Даври 2-юм
Макао – Ҷопон – 0:13
22-юми сентябр. Душанбе. Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ.
Камбоҷа – Тоҷикистон – 1:7
Голҳо: Самандар Ризомов, 5 (0:1). Идрис Ёров, 8 (0:2). Насратшо Исмоилов, 10 (0:3). Кео Сочетра, 12 (1:3). Умед Қузиев, 18 (1:4). Муҳаммадҷон Шарипов, 27 – аз пеналти (1:5). Фирӯз Бекмуродов, 35 (1:6). Умед Қузиев, 39 (1:7).
Аз майдон хориҷ шуд: Сетха Сачакботх (Камбоҷа), 27 – рақибро аз имкони хуби голзанӣ маҳрум кард.
Беҳтарин бозигари дидор: Умед Қузиев (Тоҷикистон).
22-юми сентябр. Душанбе. Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ. 2045 тамошобин.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи С
Ҷ | Дастаҳо | Б | Ғ | М | Б | Т | И |
1 | Ҷопон | 2 | 1 | 0 | 0 | 18-0 | 6 |
2 | Тоҷикистон | 2 | 1 | 0 | 0 | 17-3 | 6 |
3 | Камбоҷа | 2 | 0 | 0 | 1 | 1-12 | 0 |
4 | Макао | 2 | 0 | 0 | 1 | 2-23 | 0 |
Даври 3-юм
24-уми сентябр (чоршанбе)
17:00 – Макао - Камбоҷа
20:00 – Ҷопон - Тоҷикистон
Эзоҳ: Бозиҳо дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.
Гуфтугӯ