Пайвандҳои дастрасӣ

Андоз дар Тоҷикистон ва Узбекистон. Фарқ аз куҷо то куҷост?


Ислоҳот дар бахши андоз дар Узбекистон шумораи андозсупорандаҳоро бештар намуда, даромад ба буҷаро тақрибан ду баробар зиёд кардааст. Коршиносон пешниҳод доранд, ки Душанбе аз ин таҷрибаи Тошканд бояд кор бигирад.

Ҳаҷми андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ аз фоидаи ширкатҳо 67 дар садро ташкил медиҳад. Яъне аз 100 сомонии ба дастомада бояд 67 сомонияшро ҳамчун андоз пардохт кард ва бо 33 сомонии боқимонда қаноат намуд.

Дар се моҳи аввали соли 2019 шумораи андозсупорандаҳо аз ҳисоби шахсони воқеӣ дар Узбекистон то 450 ҳазор бештар шудааст. Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи давлатии андози Узбекистон хабар дод. Консепсияи ислоҳоти андоз дар Узбекистон соли 2018 қабул ва ба поин бурдани сатҳи сарбории андоз ба иқтисод ва кам кардани миқдори андозҳо, ҳамчунин таъмини шароити мувофиқ барои сармоягузории хориҷӣ нигаронида шуда буд.

Ба ҷуз аз ворид кардани ҳаҷми ягонаи андоз аз даромад, санад ҳамчунин кам кардани ҳаҷми андоз аз фоидаи соҳибкорон ва кам кардани ҳаҷми андоз аз амволи шахсони ҳуқуқиро аз 5 то ба 2 дар сад пешбинӣ намуда буд.

Андозбандии баланд дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон масъалаи андозбандӣ, ба гуфтаи коршиносон, ниёз ба такмил дорад.

Пайрав Чоршанбиев
Пайрав Чоршанбиев

Шореҳи иқтисодӣ Пайрав Чоршанбиев гуфт, "ҳаҷми андозҳо дар муқоиса бо кишварҳои дигар дар мо, дар воқеъ, баланданд. Инро раддабандие, ки ҳар сол ниҳодҳои муътабари байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ мегузаронанд, собит мекунад. Ҳаҷми андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ аз фоидаи ширкатҳо 67 дар садро ташкил медиҳад, яъне аз 100 сомонии ба дастомада 67 сомонияшро ҳамчун андоз бояд пардохт кард ва бо 33 сомонии боқимонда қаноат намуд. Дар чунин шароит, тиҷорат маҳкум ба шикаст аст, албатта, агар ин тиҷорати қонунӣ бошад."

Ба қавли ӯ, андозҳои миёншикан бештари тоҷиронро маҷбур кардааст, ки тиҷорати худро ба кишварҳои ҳамсоя кӯчонанд. "Дар онҷо шароити муносибтаре барои рушди тиҷорат вуҷуд дорад ва онҳое, ки боқӣ мондаанд, маҷбуран қисме аз даромади худро пинҳон нигоҳ доранд", - афзуд ӯ.

Бархе аз андозаҳои молиёт дар Тоҷикистон

Соли 2012 дар Тоҷикистон Кодекси нави андоз қабул карда шуд, ки номгӯйи андозҳоро аз 21 ба 10 кам кард. Тибқи тағйирот дар кишвар андозҳои умумидавлатӣ вуҷуд доранд, ки ба онҳо:

  • андоз аз даромад,
  • андоз аз фоида,
  • андоз аз арзиши иловашуда,
  • аксизҳо,
  • андози иҷтимоӣ,
  • андоз аз сарватҳои табиӣ,
  • андоз аз корбарони роҳҳои автомобилгард,
  • андоз аз фурӯши алюминияи ибтидоӣ,
  • андозҳои маҳаллӣ, бо шумули андоз аз воситаҳои нақлиёт ва амволи ғайриманқул, дохил мешаванд.

Ҳаҷми андоз аз даромад барои сокинон дар Тоҷикистон 13 дар сад бо иловаи 1 дар сад андози иҷтимоиро дар бар мегирад. Андоз аз арзиши иловашуда 18%-ро ташкил медиҳад.

"Ислоҳот шароити тиҷоратро бадтар кард"

Коршинос ва фаъоли маданӣ Алӣ Ализод тасдиқ мекунад, ки бо қабули Кодекси нави андоз вазъ боз бадтар шуд, зеро намудҳои андозро кам карданду ҳаҷми онро боло бурданд.

Алӣ Ализод
Алӣ Ализод

"Андоз аз гардиш (андози содакардашуда барои соҳибкорони инфиродӣ дар назар аст - Озодӣ) дар ҳудуди 6 дар сад ситонида мешавад. Тахмин мезанем, агар тоҷир бензинро дар пойтахт 6 сомонӣ харид ва онро бо нархи 6,2 сомонӣ фурӯхт вазифадор мешавад, ки андозро бар сари ҳар литр бисупорад на аз фурӯш, балки аз ҳаҷми умумӣ. Дар натиҷа бояд 37 дирам (аз 6,2 сомонӣ) пардохт намояд. Дар ҳеч кишвари дигари дунё чунин нест", - мегӯяд Ализод.

Моҳи феврали соли гузашта раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Фаррух Ҳамрализода хабар дод, ки дар соли 2017 дар кишвар беш аз 28 ҳазор соҳибкори инфиродӣ ва ҳудуди 1810 шахси ҳуқуқӣ кори худро қатъ кардаанд. Яке аз сабабҳои асосии чунин амалкардро он замон ин мансабдор рақобати шадид дар бозор номида буд.

Фаррух Ҳамрализода
Фаррух Ҳамрализода

Бо ин вуҷуд, тибқи радабандии Бонки ҷаҳонӣ "Пешбурди тиҷорат” имсол Тоҷикистон се зинаи дигарро аз даст дод ва мақоми 126-умро соҳиб шуд. Ҳангоми таҳияи ин радабандӣ чунин нишондодҳо:

  • номнависии фаъолияти соҳибкорӣ,
  • пайвастан ба шабакаҳои барқӣ,
  • гирифтани иҷозат барои сохтмон,
  • номнависии амвол,
  • дастрасӣ ба қарзҳо,
  • сармоягузории ақаллият,
  • андоз,
  • иҷрои созишномаҳо,
  • рушди тиҷорати байналмилалӣ ва пардохтпазирӣ ба назар гирифта шудаанд.

"Чӣ бояд кард?"

Алӣ Ализод пешниҳод мекунад, ки барои беҳтар кардани вазъ тиҷоратҳои хурд ва соҳибкорони инфиродӣ набояд ҳамчун манбаи даромад дониста шаванд, зеро онҳо пеш аз ҳама ба поин рафтани сатҳи бекорӣ мусоидат менамоянд ва синфи миёнаро афзоиш медиҳанд. Коршинос ба сифати чораҳои муассир пешниҳод менамояд, ки низоми андоз сода гардонида ва барои ҳама фаҳмо карда шавад.

"Ҳаҷми андозҳо кам карда шавад, аз таҷрибаи додани сабукиҳои андоз ба ширкатҳои марбут ба хешу табори шахсони воломақом даст кашида шавад", - гуфт ӯ.

Бояд гуфт, ки дар лоиҳаи қонуни Тоҷикистон “Дар бораи Буҷаи давлатӣ барои соли 2019” имтиёзҳои андози махсус барои як қатор ширкатҳои муайян пешбинӣ шудааст.

Барои намуна, ҳукумат аз порлумон дархост карда, ки ширкати “Исмоили Сомонӣ – асри 21”-ро аз НДС ва андоз аз фоида озод намоянд. Ин ширкат дар хиёбони Рӯдакӣ меҳмонхонаи панҷситорадор месозад ва ба Раҳматулло Саъдуллоев, бародари Ҳасан Асадуллозода, додарарӯси раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мутааллиқ аст. Ширкатҳои муайяне аз андоз пурра ё қисман озоданд, ки тарҳу барномаҳояшон барои кишвар аҳамияти стратегӣ дорад, вале шумори ширкатҳое низ зиёд аст, ки рушан нест, ин имтиёз ба онҳо барои мамлакат, будҷа ва рушди он чӣ бартарӣ меорад.

Лоиҳаи қонун ҳамчунин пудратчии сохтмони Театри миллии Тоҷикистон ва ворид кардани техника ва воситаҳои нақлиёт барои шаҳрдории Душанберо аз НДС, андоз аз фоида ва боҷи гумрукӣ озод мекунад. Дар бисёр кишварҳо ҳолатҳои ғайритиҷоратӣ будани чунин воридотро аз мавридҳои тиҷоратӣ ҷудо мекунанд. Дар Тоҷикистон озод кардан аз андоз на ҳамеша ба гунаи шаффоф шарҳ дода мешавад. Намунаи дигар ширкати IRS мебошад, ки бино бар аснодаш як ниҳоди миллӣ набуда, дар офшор номнавис шудааст ва сабаби аз андоз озод будани он рушан ташреҳ нагаштааст.

Радабандиҳои пойин

Дар соли ҷорӣ аз руйи натиҷаҳои таҳқиқоти "Paying Taxes 2019" (Андозбандӣ дар соли 2019) Тоҷикистон ба даҳгонаи кишварҳои дорои баландтарин сарбории молиётӣ ворид шуд. Ҳаҷми умумии андоз 67,3 дар садро ташкил додааст, ки ин ҳиссаи андозҳо ва пардохтҳои фоидаи ширкатҳо мебошад.

Барои муқоиса дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ - Қирғизистон мақоми 50 (Ҳаҷми умумии андоз 29%), Қазоқистон дар мақоми 56 ва Узбакистон дар мақоми 64-уми қарор гирифтаанд

Тибқи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон дар соли гузашта дар кишвар 4 миллион андозсупоранда аз шумули шахсони воқеӣ ва 270 ҳазор соҳибкори инфиродӣ ҳисоб шудааст. Ин ҳудуди 45 дарсади аҳолии нӯҳмиллионаи Тоҷикистонро дар бар мегирад.

Завқибек Шодиён
Завқибек Шодиён

Завқибек Шодиён, сардори раёсати қонунгузории андози Кумитаи андози Тоҷикистон он замон дар суҳбат бо Радиои озодӣ гуфта буд, ки мақомот бо хулосаҳои тадқиқоти "Paying Taxes 2019" мувофиқ нестанд. Ӯ гуфта буд, муаллифон ислоҳот дар низоми андозбандии Тоҷикистонро наомӯхтаанд ва имтиёзҳои пешниҳоднамудаи ҳукумат ба як қатор корхона ва ниҳодҳоро ба назар нагирифтаанд. Ин ҷо як адад номаълум мемонад, ки таносуб ё фарқи даромади онҳое, ки андози комил месупоранд ва онҳое, ки аз андоз пурра ё қисман озоданд, чӣ қадар аст ва ба ҷамъшавии будҷа чӣ таъсир мегузорад.

XS
SM
MD
LG