Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи оташбаси 30-рӯза. Украина пазируфт, Русия чӣ хоҳад гуфт?

навшуда

Марко Рубио, котиби давлатии Амрико (рост) бо Андрей Ермак, раиси дафтари президенти Украина (чап)
Марко Рубио, котиби давлатии Амрико (рост) бо Андрей Ермак, раиси дафтари президенти Украина (чап)

Ҳайати Украина дар поёни гуфтушунид бо намояндагони Амрико дар Арабистони Саудӣ рӯзи 11-уми март пешниҳоди Иёлоти Муттаҳидаро дар бораи оташбаси 30-рӯза дар набард бо Русия пазируфтааст. Киев бо ин кораш Вашингтонро розӣ кард, то ҳарчи зудтар қарори қатъи ёриҳои низомиро ба Украина бекор кунад.

Натиҷаи нуҳ соат музокира дар шаҳри Ҷидда баъди камтар аз ду ҳафта ҷанги лафзии Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина ва Доналд Трамп, президенти Амрико чархиши шигифтангезе арзёбӣ мешавад.

Дидори пуртаниши ду раҳбар рӯзи 28-уми феврал дар Кохи Сафед сабаби қатъи ёриҳои низомии Амрико ба Киев гашт. Вашингтон ҳамчунин табодули маълумоти иктишофиро бо Украина маҳдуд кард.

Дар баёянияи муштараки ҳайатҳои Украина ва Амрико гуфта шудааст, ки "Киев омодагии худро ба қабули оташбаси фаврии 30-рӯза эълом дошт ва ин созиш метавонад тамдид шавад." Дар идома омадааст, Амрико ба Русия паёме хоҳад фиристод, чун "пазируфтани пешниҳоди оташбас аз сӯйи Кремл калиди расидан ба сулҳ аст".

Марко Рубио, котиби давлатии Амрико, ки ҳамроҳи мушовири амнияти миллӣ Майк Волтс дар музокирот дар Арабистони Саудӣ буд, гуфт, тарҳи оташбас барои тасмимгирӣ ба ҷониби Русия пешниҳод мешавад.

"Президент мехост, ҷанг дирӯз поён ёбад... Украина омода аст, тирпарониро бас кунад ва гуфтугӯ кунад… Ҳоло умед дорем, ки русҳо ҳарчи зудтар "ҳа" бигӯянд, то ба марҳилаи дувум, яъне музокироти воқеӣ гузарем," – гуфт Рубио пас аз эълони тавофуқ ба хабарнигорон.

Мақомоти Русия борҳо гуфтаанд, ки хоҳони созиши ҳамаҷонибаи сулҳ ҳастанд, вале на оташбас ё созиши дигари муваққатӣ. Намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Русия рӯзи 11-уми март тамос бо мақомоти Амрикоро дар чанд рӯзи оянда рад накард, аммо шарҳи бештар надод.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, дар ҳавлии Кохи Сафед гуфт, ба зудӣ мулоқоте барои баррасии оташбас бо Русия сурат мегирад.

"Умедворам ба зудӣ Путин ба созиш ризоият медиҳад ва иҷрояш оғоз меёбад. Ин аз дидори охирин дар Кохи Сафед, ки шумо шоҳид будед, фарқи бисёр бузург дорад. Ин як оташбаси комил аст. Украина ризоят дод ва умедворем Русия ҳам розӣ мешавад. Мо бо онҳо имрӯз ё фардо мулоқот ва умедворем муомила мекунем. Агар не, ҳамин роҳ идома меёбад ва одамону мардуми зиёде ҳамчунон кушта мешаванд," -- шарҳ дод Трамп ва афзуд, афзуд, онҳо дигарбора Зеленскийро ба Кохи Сафед даъват кардаанд.

Украина ба оташбас розӣ шуд, ҷанг тамом мешавад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:20 0:00

Ҳайатҳои Амрико ва Украина гуфтанд, ки аҳамияти ёриҳои башардӯстона бахусус дар замони оташбас, аз ҷумла табодули асирони ҷанг, раҳоии маҳбусони ғайринизомӣ ва баргардондани кӯдакони украиниро, ки иҷборан бурда шудаанд, низ баррасӣ карданд.

Илова бар ин, Украина ва Иёлоти Муттаҳида ба мувофиқа расиданд, ки дар бораи истихроҷи маъданҳои Украина ҳарчӣ зуд созишнома имзо кунанд. Интизор мерафт, ин қарордод дар нишасти Кохи Сафед рӯзи 28-уми феврал имзо шавад, вале пас аз баҳси лафзии Зеленский ва Трамп нотамом монд.

Раисҷумҳури Украина дар паёме натиҷаҳои музокироти Украина ва Амрикоро дар Ҷидда шарҳ дод. Владимир Зеленский гуфт, "пешниҳоди Украина дар ин дидор бо амрикоиҳо шомиили се нуктаи калидӣ буд: поён додан ба зарбаҳои мушакӣ ва истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишини дурбурд; оромӣ дар баҳр; чораҳо барои тақвияти эътимод дар ҳавзаи дипломатӣ, пеш аз ҳама озодии асирон."

Раиси Кумисюни Иттиҳоди Аврупо Урсула фон дер Лейен гуфт, "мо аз хабари имрӯза дар бораи музокироти Амрико ва Украина, аз ҷумла пешниҳоди созиши оташбас ва азсаргирии табодули иттилооти иктишофӣ ва кумаки Иёлоти Муттаҳида истиқбол мекунем."

"Ин пешрафти мусбат метавонад қадаме ба тарафи сулҳи ҳамаҷониба, одилона ва пойдор барои Украина бошад. Тӯб ҳоло дар майдони Русия аст," – афзуд ӯ.

Ҷон Ҳербст, сафири пешини Амрико дар Украина, низ гуфт, ки барқарории ҳамкориҳои иктишофӣ бояд як натиҷаи мусбат барои Киев арзёбӣ шавад.


XS
SM
MD
LG