Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақдими хона ба як оилаи тоҷик дар Русия баҳс барангехт


Баҳс рӯзи 13-уми январ аз ин акс ва як навиштаи Юлия Купетская, раиси ноҳияи Митиши, дар Телеграм оғоз шуд
Баҳс рӯзи 13-уми январ аз ин акс ва як навиштаи Юлия Купетская, раиси ноҳияи Митиши, дар Телеграм оғоз шуд

Як оилаи серфазанди тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоии Русия мавриди ҳамлаи лафзӣ ва бегонаситезона қарор гирифтааст.

Мақомот дар шаҳри Митишии Русия дар доираи барномаи давлатии дастгирии оилаҳои серфарзанд ба ҳамсарон – Таҳмина Самадова ва Рамазон Раҳимов – санаде додааст, ки тибқи он, оила соҳиби манзили зист мешавад. Аъзои ин хонаводаи тоҷик 14 сол пеш ба Русия рафта, соҳиби шаҳрвандӣ шудаанд. Чор фарзанди онҳо дар Русия ба дунё омаданд. Ин гап ба гӯши чанде аз вакилони Думаи Давлатии Русия расиду пурбаҳс шуд.

Таҳқир ба ҷойи табрик

Қазия аз як навиштаи Юлия Купетский, раиси ноҳияи Митиши, оғоз шуд. Ӯ рӯзи 13-уми январ дар саҳифааш дар Телеграм хабар дод, ки ба оилаи серфарзанди Таҳмина Самадова ва Рамазон Раҳимов шаҳодатнома барои гирифтани манзил дода шуд.

Купетская гуфт, ҳамсарон 7 кӯдак, аз ҷумла се духтару чаҳор писарро ба воя мерасонанд. Вале ба ҷойи табрики ин оила зери хушхабар пур аз шарҳи бегониситезонаи корбарони рус шуд ва оилаи тоҷик мавриди ҳамлаҳои лафзӣ қарор гирифт.

Корбарони рус дар шарҳ ин хонаводаро дашному таҳқир карданд. Мансабдори ноҳияи Митиши маҷбур шуд, шарҳи зери навиштаашро бандад. Тақрибан ҳашт ҳазор корбар бо гузоштани рамзи "номаъқул" эътирози худро ба ин тасмими мақомот нишон додаанд.

Онҳо бо ин иктифо накарда, зери навиштаҳои дигари Купетская ӯро ҷинояткор хонданд. Аз ҷумла, корбаре бо номи Сергей Галитский навиштааст, ки “шарманд, истеъфо деҳ.”

Шахси дигар бо номи Александр Знаменский гуфтааст, “кумаки Шумо ба диаспораҳои созмонёфтаи ҷиноӣ аз назарҳо дур намемонад. Ба умед набошед.”

“Бо чунин мансабдорон душман ҳам даркор нест,” – навиштааст Александр Грибов.

Шарҳи расмӣ

Акс аз саҳифаи Юлия Купетская, раиси ноҳияи Митиши, дар Телеграм
Акс аз саҳифаи Юлия Купетская, раиси ноҳияи Митиши, дар Телеграм

Пас аз як рӯзи он маъмурияти шаҳри Митиш маҷбур шуд, ба шарҳҳои корбарони хашмгин посух диҳад. Дар изҳороти расмӣ омадааст: “Бар асоси қонун, Русия давлати сермиллат аст ва дар он ҳуқуқи одамон дар авлавият қарор дорад. Таҳмина 14 сол боз бо шавҳар ва фарзандону модараш дар Митиши зиндагӣ мекунад ва ҳамаи онҳо шаҳрванди Русия ҳастанд. Волидони ин зан омӯзгорони соҳибэҳтироманд ва 40 сол боз дар соҳаи маориф кор мекунанд. Худи Таҳмина ба корҳои хайр машғул аст ва дар корҳои иҷтимоии шаҳр фаъолона ширкат мекунад. Фарзандони вай хонандаҳои хубанд ва бо хоксорӣ ва рафтори хубашон фарқ мекунанд.

"Махсус таъкид мекунам, ки ду бародари Таҳмина дар хати пеши ҷанг қарор дошта, ҷароҳати вазнин бардоштаанд ва бо мукофотҳои олии давлатӣ ва нишони “Шуҷоат” мукофотонида шуданд,” – гуфта шудааст дар изҳороти расмӣ.

Вале ҳатто аз тарафи Русия дар ҷанги зидди Украина будани бародарони Таҳмина Самадова касеро ором накард. Мавзуъро дар саҳифаи миллатгароёнаи "ЗЕТ" се рӯз боз ба баҳс кашида, оилаи тоҷик ва мансабдореро, ки ба онҳо хона тақдим кардааст, танқиду таҳқир мекунанд.

Баҳс дар долонҳои Дума

Маъмурияти ин шабакаҳо маълумоти шахсӣ ва торпайванди саҳфаҳои Таҳмина Самадова ва Рамазон Раҳимовро нашр карданд. Ҳамсарон маҷбур шуданд, саҳифаҳои худро аз шабакаҳо пок кунанд. Ахиран чанде аз вакилони Думаи давлатии Русия ба ин мавзуъ таваҷҷуҳ карданд.

Сергей Миронов
Сергей Миронов

Сергей Миронов, ки бо баёнияҳои зидди муҳоҷирон машҳур аст, даъват кард, қонунӣ будани тасмими мақомоти Митиши дар мавриди пешниҳоди хона ба оилаи тоҷик санҷида шавад. Ӯ хост, ин хонавода аз Русия ронда шаванд.

Вакили дигари рус, Михаил Делягин, аз он изҳори ҳайрат кардааст, ки чаро то имрӯз ба ин оилаи серфарзанд мақомоти васояту парасторӣ таваҷҷуҳ накардаанд.

Баъд аз ҳамлаи маргбор ба толори консертии “Крокус” дар канори Маскав (марти 2024), ки мақомоти Русия асосан шаҳрвандони Тоҷикистонро ба анҷоми он гумонбар медонанд, муносибат бо тоҷикон бад шуд. Дар ин ҳамла бештар аз 140 нафар кушта ва садҳо тани дигар захмӣ шуданд.

Дар Русия садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон кору иқомат мекунанд. Қисме аз онҳо шиносномаи Русияро низ доранд.

XS
SM
MD
LG