Пайвандҳои дастрасӣ

Шабакаҳои иҷтимоӣ

"Муллои ҷодугар" дар Фейсбук ва Гулнора дар Твиттер


Твиттери тоҷикӣ рӯ ба рушд аст ва Фейсбуки тоҷикӣ дар соли 2013 ба манбаи хабарӣ ва омили ташаккули афкори ҷамъиятӣ табдил ёфт.

Фошгӯйиҳои Гулнора Каримова, духтари калонии раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов ба афзоиши корбарони Твиттер дар Тоҷикистон ва маъракаи интихобботӣ якҷо бо парвандаи Зайд Саидов ба рушди Фейсбук дар ин кишвар кӯмак кардаанд. Ҳарчанд аввалин густариши назарраси Твиттер аз ҳисоби тоҷикон дар соли 2012 зимни рӯйдодҳои Хоруғ ва дар ҳоли дастнорас шудани Фейсбук иттифоқ афтода буд, ҷузъиёти моҷаро дар хонаводаи президенти кишвари ҳамсоя, ки ба матбуоти тоҷик низ роҳ ёфт, таваҷҷуҳро ба ин шабакаи микроблогҳо дар Тоҷикистон бештар кард.

Мудирияти шабакаи Твиттер мегӯяд, тамоми рӯйдодҳои муҳими соли 2013 маҳз дар сафҳаҳои Твиттер ба вуқӯъ пайвастаанд. Худситоӣ шояд бахше аз таблиғ аст, аммо хулосаи мудирони шабакаи иҷтимоии Твиттер аз ҳақиқат дур нест. Ба истиснои ин ки бояд гуфта шавад, на рӯйдодҳо, балки хабари онҳо аксаран пеш аз ҳар расонаи дигар дар ин шабака нашр шуда ва аз ин ҷо ба сафҳаи матбуоти анъанавӣ рехтаанд. Ин нуктаро ҳанӯз наметавон ба матбуоти Тоҷикистон низ рабт дод, зери чунин нақшро ин ҷо бештар Фейсбуки тоҷикӣ бозидааст.

ҲУКУМАТҲО ДАР ТВИТТЕР

Дар соли 2013 полиси Бостон дар ҷустуҷӯи бомбгузорони марафон Твиттерро ба кор бурд ва ҳангоми гуфтушуниди қудратҳои ҷаҳонӣ бо Эрон сари барномаи ҳастаии ин кишвар низ Твиттер нақши умда дошт, чунки раҳбарон ба маҳзи берун омадан аз толори музокирот тассурот ва ақидаҳои худро дар Твиттер менавиштанд ва тарафи дигарро ба мулоқоти баъдӣ омода мекарданд.

Гулнора Каримова
Гулнора Каримова
Ҳар сол Твиттер пурхонандатарин навиштаҳоро гирдоварӣ ва дар маҷмуаи “Твити тилоӣ” нашр мекунад. Аз ҷумла хабари ҳалокати ҳунарпешаи сериали “Форсаж” Пол Уокер зиёда аз 400 000 посух овардааст. Хабару аксҳо аз тазоҳурот Дар Киев, зода шудани вориси тахти Бритониё, тирандозӣ дар пойгоҳи Амрико, ба шаҳрвандии Русия даст ёфтани ҳунарпешаи фаронсавӣ Жерар Депардйе, истеъфои Попи Рум, таҷлил аз Иди Рамазон дар қадимтарин масҷиди Деҳлӣ, натиҷаҳои қариб ҳамаи бозиҳои муҳими варзишӣ, фурӯрезии сангҳои осмонӣ дар қаламрави Русия ва ғайра дар Твиттер хонандаи зиёд доштаанд.

Ҳарчанд ҳоло дар Твиттер бештар хабарҳои Украина доғанд, корбарони тоҷикистонӣ бештар ба навиштаҳое аз Миср ва постҳои Гулнора Каримова рағбат доранд. Дар зимн, сафҳаи Гулнора дар Твиттер аз нав фаъол шудааст.

ДАҲГОНАИ ФЕЙСБУК

Сардабири иттилооти Фейсбук Роберт Донофрио пас аз ҷамъбандиҳои тӯлонӣ 10 рӯйдоди муҳимро раддабандӣ кардааст, ки ба шумораи аз ҳама зиёди “писанд” ва шарҳи корбарон нойил шудаанд. Бино бар гузориши ӯ, истеъфои ногаҳонии Попи Рум дар пасманзари моҷароҳои молӣ ва ахлоқӣ аз пурбаҳстарин мавзӯъҳои ин шабака будааст.

Ҳамчунин интихоботҳо дар кишварҳои гуногун, махсусан дар ИМА, Эрон, Кения, Италия ва ғайра, даргузашти Нелсон Мандело ва Маргарет Тетчер, тӯфонҳои харобиовар, таркиш дар дави Бостон ва идомаи сайри оҳанги “Ҳарлем Шейк” дар саросари ҷаҳон аз мавзӯъҳое будаанд, ки дар ҳамаи бахшҳои Фейсбук, вале махсусан бахши англисизабони серхаридоранд. Интихоботи президентии Тоҷикистон низ чанд навиштае аз худ дар Твиттер боқӣ гузошт, аммо баҳс зиёд пуршӯр набуд., ҳамонгуна ки дар Фейсбук дида шуд.

ФЕЙСБУКИ ТОҶИКӢ

Дар як соли гузашта, бо вуҷуди шикваҳо аз хабарҳои дастнорас шудани шабакаи иҷтимоии Фейсбук дар Тоҷикистон, ки гоҳу ногоҳ садо медиҳанд, шумораи корбарони он дар кишвар рӯ ба афзоиш дорад ва аз 55 000 нафар гузаштааст. Шабака ҳарчӣ бештар нақши манбаи хабарӣ ва андешасозро касб мекунад. Хабарҳои гум шудани ду духтарчаи хурдсол -- Малика ва Сабина дар Душанбе, шиканҷа шудани боздоштшудагон, куштори раиси кони ангишти Назар-Айлоқ ва монанди инҳо маҳз аз Фейсбук сарчашма гирифтаанд.

Зайд Саидов
Зайд Саидов
Иттилои бенишон шудани панҷ қаиқрони амрикоӣ дар кӯҳҳои Помир аввал аз тарафи наздикони онҳо дар Фейсбук пайдо шуд ва дар заминаи он Радиои Озодӣ мавзӯъро бо Кумитаи ҳолатҳои изтрории Тоҷикистон ва кормандони сафорати Амрико дар Душанбе матраҳ кард.

Барои муайян кардани 10 мавзӯи пурхонанда ба 30 нафар аз Фейсбукнишинон муроҷиат кардем ва аз посухи эшон ин феҳраст тартиб шуд:

1. Интихоботи президентиии Тоҷикистон
2. Парвандаи Зайд Саидов
3. Пойгоҳи ҳарбии Русия дар Тоҷикистон
4. Садамаи Расули Амонуллоҳ ва ҳалокати се нафар
5. Видеои тӯйи писари раисиҷумҳури Тоҷикистон
6. Боздошти муҳоҷирон дар Русия
7. Баҳси шиъа ва сунниҳои тоҷик
8. Қиссаи “Муллои ҷодугар”
9. Баҳси атрофи блоги Олга Тутубалина
10. Масъалаи бозгашт ба алифбои форсӣ

Ҳамчунин бархе аз ширкаткунандагони ин назархоҳии ғайрирасмӣ мавзӯъҳоеро мисли боздошти сарвазири пешин Абдумалик Абдуллоҷонов ва раҳбари “Гуруҳи 24” Умаралӣ Қувватов, сӯхтори бозори “Корвон”, ҳукми айбдоршавандаи қатли язнаи президент, бозгашти Бозор Собир, баҳси “каблук”, барномаи телевизионии “Пуст говорят” бо ширкати муҳоҷири тоҷик Саид Шарифов, хабарҳои боздошту раҳоии Додоҷони Атовулло дар фурудгоҳи Маскаву Тифлис, сафари муаллифони намоиши "Орел и решка" ба Тоҷикистон, "ҳамла"-и маркетингии "Мегафон", "азнавсозӣ"-и Душанберо рӯйдодҳои пурбаҳси Фейсбуки тоҷикӣ шумурданд.

Тавре гуфтем, ин феҳраст зимни изҳори назари 30 тан аз корбарони фаъоли Фейсбук фароҳам омад ва шояд баёнгари баҳсҳои ҳамаи гуруҳҳои фейсбукӣ набошад. Агар шумо низ аз корбарони фейсбук ҳастед ва шоҳиди баҳсу гуфтугӯҳои он будаед, бинависед, ки аз хабару мавзӯъҳои он дар соли 2013 бештар аз ҳама чӣ чиз дар хотири Шумо нақш бастаасту фаромӯш намешавад.
XS
SM
MD
LG