Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷузъиёти мулоқоти Э.Раҳмон бо президенти Чин. ВИДЕО


Эмомалӣ Раҳмон бо Си Ҷинпин.
Эмомалӣ Раҳмон бо Си Ҷинпин.

Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин, Тоҷикистонро “ҳамсояи дӯст” ва “ҳамкори стратегии” кишвараш номид. Ӯ дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, гуфт, ки Душанбе дар пешбурди тарҳи камарбанди таърихии Роҳи Абрешим низ шарики муҳими Пекин ба шумор меравад.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Эмомалӣ Раҳмон бо Си Ҷинпин вохӯрд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:30 0:00

​Ин мулоқот рӯзи нуҳуми июн дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар Остона, пойтахти Қазоқистон, баргузор шуд. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон ба ҷуз аз хабари мулоқот ва даъвати Си Ҷипин барои боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз Чин ҷузъиёти бештарро ошкор накардааст.

Аммо хабаргузории "Рейтерс" рӯзи ҷумъа аз қавли Си Ҷинпин навишт, Тоҷикистону Чин дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, дифоъ, рушди кишоварзӣ, энергетика ва амният ҳамкории зич дошта, ҳамкории худро дар доираи барномаҳои СММ ва Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ҳамоҳанг мекунанд. Ҷинпин гуфтааст, “ду кишвар ба ҳамоҳангӣ дар сиёсати иқтисодӣ, стратегияи рушд ва ҳамкорӣ дар истеҳсолот ниёз доранд.”

Агар соли 2008 танҳо 8 дар сади ҷомеаи Тоҷикистон Чинро як шарики боманфиат ном бурдаанд, дар соли 2016 ин рақам ба 12,5 дар сад баробар шудааст.

Ӯ афзудааст, ду кишвар, инчунин, ҳамкориҳояшонро дар мавриди рафъи оқибатҳои табиӣ, рушди иқтисод, сармоягузорӣ ва ҳифзи ҳууқу ва амният бояд тавсе бахшанд. Бино ба гузориши "Рейтерс", Эмомалӣ Раҳмон низ гуфтааст, Тоҷикистон дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Чинро қадр мекунад.

Ба қавли раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Чин дар умури байналмилалӣ нақши муҳим дорад ва Душанбе бар ин аст, ки ҳамкориҳои стратегӣ бо Пекинро бештар намояд. Тоҷикистону Чин имсол аз 25-умин солгарди равобити дипломатии худ таҷлил мекунанд. Оқои Раҳмон гуфтааст, ин ҷашн дар фазои эътимоди сиёсӣ ва дастовардҳо сурат мегирад.

Дар чанд соли ахир Чин ба яке аз кишварҳои асосии сармоягузори иқтисоди Тоҷикистон табдил шуда, дар бунёди роҳ ва туннелҳои стратегӣ, ки ҳадаф берун шудан аз бунбасти иртиботист, ба Тоҷикистон кумак кард ва дар пойтахт ду маркази гармидиҳӣ низ сохт. Дар ҳоли ҳозир беш аз 1 миллиард доллар аз қарзи хориҷии 2 миллиарддолларии Тоҷикистон ҳам ба Чин марбут аст.

Бар асоси як назарсанҷӣ, ки охири соли 2016 аз тарафи Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон анҷом шуд, назар ба гузашта, шумори онҳое, ки ба ҳузури Чин дар иқтисоди кишвар баҳои мусбат доранд, афзудааст. Агар соли 2008 танҳо 8 дарсади ҷомеаи Тоҷикистон Чинро як шарики боманфиат ном бурдаанд, дар соли 2016 ин рақам ба 12,5 дар сад баробар шудааст.

Барои муқоиса, нӯҳ соли пеш Русияро 89 дарсад ба унвони кишвари таъсиргузор ба Тоҷикистон ном мебурданд. Вале соли 2016 ин рақам 12 дар сад коҳиш ёфт. Мавқеи Эрон ҳам аз 9 дарсади соли 2008 то ба то 5,3 дар сад поин рафтааст.

XS
SM
MD
LG