Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли Ҳувайдо, беҷазо мондани гунаҳкор ва кӯдакони танҳо дар Озодионлайн. ВИДЕО


Имрӯз доир ба як фоҷиае суҳбат мекунем, ки ду сол пеш дар Русия ба сари як духтараки 5-солаи тоҷик рух дод. Ҳувайдо Тиллозодаро рӯзи 22-уми июли соли 2018 аз назди хонаашон рабуданд ва таҷовузи ҷинсӣ карда, куштанд.

Мақомоти Русия мегӯянд, азбаски Александр Сёмин муттаҳам ба ҷиноят инсони ҳушёр нест, ӯро наметавонанд, аз шифохонаи бемориҳои рӯҳӣ ба додгоҳ биёранду ҷазо диҳанд. Аммо на ҳама ба ин гуфтаҳои мақомоти Русия бовар доранд, ки шарҳи зиёдеро бо ҳамин мазмун дар зери гузориши Радиои Озодӣ дар ин бора ва саҳифаҳои мо дар Фейсбук ва Инстаграмм навиштаанд. Аз шарҳи корбаре бо номи Валид эн ҷей оғоз мекунем, ки чунин гуфтааст: “Ягон бор нафаҳмидам, ки ягон тоҷик гуноҳ кунад, ташхиси тиббӣ кунанд ва гӯянд, ки девона аст. Фарқ надорад, чӣ гуноҳе кардааст, 10 сол ӯро ба зиндон маҳкум мекунанд.”

Корбаре бо номи сифр ҳафт ҳафтоду шаш зузу пурсидааст, ки чаро дар Русия ҳуқуқи тоҷикон дуруст ҳимоят намешавад. Ӯ менависад: “Чаро мо дар Русия қадр надорем, пули патент месупорем, қонунро риоят мекунем. Боз чӣ намерасад, ки инҳо ҳоло ҳам ин одамро ҷазо надодаанд.”

“Барои чӣ ҳамон кӯдакро бе одами калон мондед?”
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:28 0:00

Теъдоди дигаре аз корбарон гуфтаанд, ки беҷазо мондани Александр Сёмин боз ҳам ба масъалаи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия бармегардад, ки ба гуфтаи онҳо қадру қиммат надоранд. Корбаре бо номи Маҳадшариф Сафаров дар саҳифаи мо дар Фейсбук навиштааст: “Бародарон моро писанд намекунанд. Тоҷикро инсон ҳисоб намекунанд. Мо тоҷикон қурутоб гуфта гаштем.”

Бисёре аз корбарон аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, ки ин масъаларо ҷиддӣ бигираду аз ҳукумати Русия талаб кунад, ки гунаҳкорро ҷазои сазовор бидиҳад. Гуруҳи дигаре гуфтаанд, ки барои ба курсии додгоҳ кашидани гунаҳкор, бояд ба Додгоҳи Ҳуқуқи Башари Аврупо муроҷиат кунанд.

Корбаре бо номи ҳафтоду панҷ шонздаҳ айша дар саҳифаи мо дар Инстаграмм чунин навиштааст: “Дар ин рӯзҳо ҳазорон ҷиноят нисбат ба тоҷиконро тафтиш мекунанду баръакс моро гунаҳкор эълон мекунанд. Бояд аз кори сусти русҳо ба Додгоҳи Аврупо шикоят бурд.»

Парвиз эм ҳам айни гапро гуфта ва афзудааст, ки беҷазо мондани гунаҳкори таҷовуз ва қатли духтараки панҷсолаи тоҷик метавонад, боиси такрори ингуна ҷиноятҳо шавад. Шарҳи Парвизро мехонем: “Хуб мешуд, ба Додгоҳи Аврупо муроҷиат мекардед.

Агар ба ҷои ҳамон Александр Сёмин ягон тоҷик мебуд, тамоми дунё пур аз овоза мешуд, ки тоҷик ба чунин кор даст задааст. Афсӯс дар шаҳри мусофири дасти кӯтаҳ дорему ба доди мо ягон фарди солимақл намерасад. Тасаввур кунед имрӯз ба ин оила чунин карданд, фардо ба оилаи дигар низ чунин кирдорашон давом медиҳанд. Албатта, ки агар беҷазо монад.”

Дар ин байн як корбаре, ки зоҳиран модар ва дар Русия аст, ба волидони тоҷик тавсия додааст, ки фарзандони хурдсолашонро дуруст назорат кунанд ва танҳо нагузоранд. Ин корбар худро сузи эс эс эс 52 муаррифӣ карда ва чунин навиштааст: “Барои чӣ ҳамон кӯдакро дар берун бе одами калон мондед. Барои чӣ? Русҳоро бубинед, кӯдаконашонро худашон ба даста берун мебароранд ва хона мебаранд. Ягон вақт надидам, ки кӯдаконашон танҳо бошанд.“

Шумо ҳам агар тавсияе доред, ё назаре. Бинависед, дар видео сабт кунеду тавассути Вотсапп Вайбер, Телеграму ИМО ба ин шумора бифристед: (+420) 607 900 808

XS
SM
MD
LG