Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомот: Оби Сир дар ҳудуди Тоҷикистон ба инсон зарар надорад


Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд барои ташхиси пурраву доимии обу ҳавову хок ва вазъи радиатсионии минтақа, бахусус дар минтақаҳои наздисарҳадӣ ташхисгоҳи сайёри муосиреро харидорӣ кардааст.

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд барои ташхиси пурраву доимии обу ҳавову хок ва вазъи радиатсионии минтақа, бахусус дар минтақаҳои наздисарҳадӣ ташхисгоҳи сайёри муосиреро харидорӣ кардааст. Ба гуфтаи мутахассисони ниҳоди мазкур, нахустин ташхисгоҳи сайёр аз як микроавтобуси “Фолксваген” иборат аст, ки бо 5 навъ таҷҳизоти муосири ташхисӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Ин лабораторияҳои сайёр аз Русия, ИМА ва Олмон оварда шуда, тавони дар фурсати кӯтоҳ санҷидани ҳолати обу ҳавою хок, мизони ихроҷи газҳои зарарнок ба ҳаво ва вазъи радиатсионии минтақаро доранд. Алишер Самадов, сардори шӯъбаи назоратии ин раёсат ба Радиои Озодӣ гуфт, бартарии лабораторияи сайёр дар он аст, ки ташхиси экологиро дар маҳал ва ба таври фаврӣ анҷом медиҳад. Вай мегӯяд, ингуна ташхис дар сурати ихроҷшавии гази зарарнок ба атмосфера дар як корхонаи саноатӣ, ё аз селу обхезӣ шуста шудани партовгоҳи радиатсионӣ фавран анҷом мешавад.

«Масалан, таҷҳизоти универсалии Ганк-4А, ки 13 кассетаи ивазшаванда дорад, дар худи ҷои ҳодиса ташхисгоҳи сайёр вазъи олудашавии ҳаво ё обро чен карда, натиҷаашро дар компютер нишон медиҳад. Мисли пештара дигар, масалан, 100 километр роҳро тай кардану намунаҳои обу хокро ба лаборатория овардан даркор нест. Ҳам вақт сарфа мешавад, ҳам нерӯи корӣ”, гуфт Самадов.

Ба гуфтаи мусоҳибам, ташхисгоҳи сайёр имкон медиҳад ҳолати радиатсиониро дар атрофи корхонаҳои бузурги саноатии минтақа ва бахусус назди хати сарҳади кишварҳои ҳамсоя аз масофаи 50 метр то 2 километр дур аз макони ҷойгиршавиашон бисанҷад. То ин замон чунин ташхисҳо бо таҷҳизотҳои давраи шӯравӣ анҷом мешуданд, ки кайҳо фарсуда шудаанд. Минтақаи шимолии Тоҷикистон корхонаҳои бузурги дорои маводи олуда ба радиоактив ва партовгоҳҳои радиатсионие дорад, ки дар давраи шӯравӣ фаъол буданд ва ҳоло аз кор бозмондаанд.

Партовгоҳҳои бузурги онҳо, ки бархе бозу нопӯшида боқӣ мондаанд, ба муҳити атроф зарар мерасонанд ва вилояти Суғдро ба як минтақаи аз нигоҳи экологӣ осебпазир табдил додаанд. Рӯди Сир аз ҳудуди минтақаи Суғд то қаламравҳои Ӯзбакистону Қазоқистон ҷорӣ мешавад ва гоҳе он кишварҳо дар бораи олуда шудани обу ҳаво дар ҳавзаи ин рӯд сару садо баланд мекунанд. Ахиран олимони Қазоқистон натиҷаҳои як пажӯҳиши худро эълон карданд, ки мувофиқи он оби дарёи Сир дар ин кишвар шадидан олуда аст ва истеъмоли он аз ҷониби инсон ва ҳатто истифодааш дар обёрӣ ва моҳипарварӣ машварат дода намешавад.

Ин рӯди сероби Осиёи Марказӣ аз қаламравҳои ду вилояти Қирғизистон, вилояти Суғди Тоҷикистон, шаш вилояти Ӯзбакистон ва ду вилояти Қазоқистон гузашта ба шакли рӯдаке ба Баҳри Арал ҷорӣ мешавад. Мутахассисони раёсати ҳифзи муҳити зисти Суғд эътироф мекунанд, ки оби ин рӯди дар сароғози худ поку мусаффо ва қобили нӯшидан то расидан ба нуқтаи ниҳоиаш ба ахлоту партовҳои маишиву корхонаҳои саноатӣ олуда мешавад ва то андозае натиҷаи таҳқиқи донишмандони қазоқро дуруст мешуморанд.

Вале мегӯянд, ки азбаски дар канори Сир дар ҳудуди Тоҷикистон дигар корхонаҳои бузурги саноатӣ амал намекунанд, мизони олудагии об дар ин ҳудуд зиёд нест. Хуршед Саидов, сармутахассиси шӯъбаи об дар раёсати ҳифзи муҳити зисти Суғд мегӯяд, вилояти Суғд дар канори рӯди Сир корхонаҳои бузурги саноатӣ надорад, ки партови онҳо ба дарё биравад. Аммо кишварҳои поёноб корхонаҳои бузурги саноатӣ доранд ва ин партовҳоро ба рӯди Сир мерезанд. Вай гуфт, мутахассисони тоҷик дар натиҷаи баъзе санҷишҳо моддаҳои зарарнокро дар таркиби ин об ошкор кардаанд. Саидов таъкид мекунад, ки бо ин вуҷуд, ин об барои саломатии инсону олами ҳайвонот ва муҳити зист зарарнок нест.

Ба таъкиди Хуршед Саидов, ташхисгоҳи сайёр санҷиши доимии оби рӯди Сирро дар минтақаҳои Ашту Хуҷанд ва Қайроқуму Спитамен анҷом медиҳад ва дар ҳоли ҳозир, ба гуфтаи ӯ, оби рӯди Сир дар қисмати тоҷикистонии он барои обёриву моҳипарарӣ қобили истифода аст. Зимнан, ба гуфтаи сокинони бузургсоли маҳаллӣ оби рӯди Сирро то миёнаҳои асри гузашта сокинон фаровон истеъмол мекарданд. Он замон оби Сир софу ширин буда, ҳар зимистон ях мебастааст ва мардум савори аробаҳо аз болои он ба соҳили дигар мегузаштаанд.

XS
SM
MD
LG