Пайвандҳои дастрасӣ

Забеҳулло пулҳои суратҳисобашро ба ятими тоҷик бахшид


Забеҳулло Шафеъзода.
Забеҳулло Шафеъзода.

Маблағҳое, ки ба нишони қадрдонӣ аз ҷониби мардуми рус ба суратҳисоби телефони Забеҳулло Шафеъзода ворид шуд, барои кӯмак ба Насриддини 2-сола, як ятими тоҷик дар Русия ирсол шудааст.

Забеҳулло Шафеъзода, муҳоҷири 25-солаи тоҷик ҳеҷ тассавур намекард, ки як кори маъмулии вай -- баргардонидани ҳамёне ба соҳибаш ин қадар бозтоби густурда дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо мекунад ва ӯро ба як қаҳрамони расонаҳои Русия табдил медиҳад.

Ин муҳоҷири тоҷик рӯзи 28-уми октябр тасодуфан баъд аз кор дар роҳ ба мағоза ҳамёни пур аз корти бонкӣ ва пулро пайдо карда, бо як роҳи аҷиб онро ба соҳибаш, ки ягон маълумоте дар борааш надошт, баргардонидааст. Вай ба як корти дохили ҳамён, ба соҳибаш смс мефиристад ва рақами телефони худро мегузорад.

Баъди пайдо шудани як пайёме дар саҳфаи фейсбуки Алена Куратова, соҳиби ҳамён, ки дар он аз Забеҳулло ташаккур шудааст, истифодабарандагони интернет ба нишони қадрдонӣ аз ин амали неки муҳоҷири тоҷик ба суратҳисоби ӯ пул гузаронидаанд.

Забеҳуллоҳ рӯзи 31-уми октябр дар сӯҳбат ба Радиои Озод гуфт, дар машварат бо Алена ӯ ҳудуди 8 ҳазор рубл маблағи ба суратҳисобаш воридшударо ба Насриддин -- як кӯдаки 2 солаи тоҷик, ки модараш аз вай даст кашида ва дар яке аз ятимхонаҳои Русия тарбия мегирад, фиристодааст. Дар бораи Насриддин ҳам ба Забеҳулло, Алена қисса намудааст.

Ин муҳоҷири тоҷик мегӯяд, ин пул ҳаққи ӯ нест, зеро кадом кори муҳиме накарда, фақат чун як инсон вазифаи худро иҷро кардааст. Вай, ки таксиронӣ мекунад, ба чунин ҳодисаҳо зиёд рӯ ба рӯ мешудааст: “Баъзан мешавад, ки дар таксӣ мусофирон телефону ҳамён ва ё чизҳои дигареро фаромӯш мекунанд ва ман ҳам бо кӯмаки ширкате, ки дар он кор мекунам, ин чизҳоро ба соҳибони худ бармегардонам.”

Алена Куратова, соҳиби ҷавони ҳамёне, ки муҳоҷири тоҷикро расонаӣ кард, ба Радиои Озодӣ гуфт, аз шеваи аҷиби баргардонидани ҳамёни гумкардааш, ки ба қавли ӯ тамоми зиндагиаш дар дохили он буд, то ҳанӯз ба худ наомадааст. “Агар ман мебудам, шояд ҳеҷ вақт ба хаёлам ҳам намеомад, ки бо ин роҳ мешавад бо ҳамёнгумкардае тамос гирифту онро баргардонд.”

Алена мегӯяд, дар аввал бо таваҷҷӯҳ ба паёми бо иштибоҳ навиштаи Забеҳуллоҳ ва шеваи гуфтори ӯ бо русӣ, вай фикр кард, ки муҳоҷири тоҷик аз ӯ бар ивази ҳамён пул мепурсад, аммо “аслан ин тавр нашуд, вай баръакс дар телефон мегуфт, ман ташвиш накашам ва адресро барояш гӯяму худаш пулро меорад. Ин ҳодиса бо ҳамин ҳам ҷолиб аст, ки ба воқеаи реалӣ монанд нест.”

Ин ҷавондухтари рус, ки дар як бунёди хайриявие кор мекунад, дар сафҳаи Фейсбукиаш ҳам навиштааст, ки амали неки муҳоҷири тоҷик бовари ӯро ба инсоният бештар кардааст. Алена мегӯяд, вай то ин вақт ҳам дар бораи муҳоҷирони тоҷик андешае баде надошт: “Дар Маскав тоҷикон зиёданд, дар худи пеши хонаи мо ҳам роҳрӯбҳои тоҷик кор мекунанд, мо бо ҳам ҳамеша салом мекунем ва агар борам зиёд бошад, онҳо ба ман кӯмак мекунанд.”

Насриддини 2-сола.
Насриддини 2-сола.

Дар бораи Насриддини 2-сола, ки Забеҳулло маблағҳои суратҳисобашро ба ӯ ирсол кардааст, Алена мегӯяд, вай ҳоло дар хона-интернати Санкт- Петербург тарбия мегирад ва модараш замони таваллуд аз ӯ даст кашидааст: “Насриддин хеле кӯдаки зебову мӯъҷизавӣ аст. Ҳоло мо барои вай оила ва падару модари нав меҷӯем/”

Забеҳуллои 25-сола соли 2008, баъди хатми Мактаби миёна аз ноҳияи Панҷакенти Тоҷикистон бо умеди дарёфти кору зиндагии беҳтар ба Маскав рафтааст. Вай мегӯяд, хеле мехост донишгоҳ бихонаду соҳибмаълумот шавад, аммо вазъияти оилавӣ барояш ин имконро намедиҳад ва чун аксар дигар муҳоҷирон бидуни ягон ҷои кори муайян вориди Маскав мешавад: “Рӯзҳои аввал ҳама корро мекардем, маъмулан мардикорӣ, то зиндагиро пеш барем. Ҳоло ҳамроҳ бо як бародарам зиндагии хонаводаро пеш мебарем. Оиладорам ва соҳиби 2 фарзанд”

Забеҳулло -- муҳоҷире, ки аз 18 солагӣ дар муҳоҷират ба сар мебарад мегӯяд, баъди 8 соли кору зиндаги миёни мардуми рус ба ин хулоса расидааст, ки онҳо чандон ба тоҷикон ва умуман муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ бовар надоранд.

Бинобар ин, вай мегӯяд, ҳар муҳоҷири тоҷик дар ин кишвар бояд бо амалу рафтори худ боис ба тағйир ёфтани андешаву муносибати мардуми маҳаллӣ бо тоҷикон шаванд: “Ман дирӯз, вақте бо журналистони рус ҳам сӯҳбат мекардам, гуфтам, ки мардуми тоҷик ҳама ботарбия ва боэҳтироманд ва андешаҳое, ки нисбати онҳо мешунавед, дуруст нест.”

Забеҳулло мегӯяд, ҳар вақте бо падараш тамос мегирад, ҳамин насиҳатро мешунавад. Забеҳулло фарзанди саввум дар оила аст. Падару модараш, ки 4 фарзанд доранд, феълан бознишастаанд ва бо кӯмаки фарзандони муҳоҷири худ, рӯзгорашонро пеш мебаранд.

Забеҳулло мегӯяд, баъди расонаӣ шудани ҳодисаи пайдо кардани ҳамён, телефонаш беист занг мезанад, ҳам мардуми рус ва ҳам муҳоҷирони дигар аз кунҷу канори Русия бо ӯ тамос гирифта ташаккур мегӯянд.

Русия мизбони садҳо ҳазор муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон аст. Дар афкори умумии Русия муҳоҷирони тоҷик бештар тасвири як ҷинояткор ва қочоқбари маводи мухаддирро доранд. Чизе ки ба назари бисёриҳо аз воқеият фарсахҳо дур аст.

Таҳлилгарони тоҷик бар инанд, ки барои шинохти бештари тоҷикон дар Русия, Тоҷикистон ба имиҷсозӣ ниёз дорад ва дар ин самт сафоратхонаву консулгарӣ ва диаспораҳо бояд бештар ва ҳадафмандона кор кунанд. Онҳо мегӯянд, дар ин маврид нақши муҳоҷирони корӣ низ бузург аст.

XS
SM
MD
LG