Пайвандҳои дастрасӣ

Рақси тоҷикӣ: Мард бояд мардона бирақсад


Лаҳзае аз тамрини раққосони "Лола"
Лаҳзае аз тамрини раққосони "Лола"

Дар Рӯзи ҷаҳонии рақс – 29-уми апрел - ҳунаршиносони тоҷик аз тағйири куллӣ дидани рақси мардонаи тоҷикӣ изҳори нигаронӣ мекунанд.

Мутахассисон мегӯянд, дар рақси мардонаи тоҷикӣ ҳаракати дастҳо, мисли болкушоии уқоб ё қадамҳои пур аз шуҷоату ғурури паҳлавонона, то рафт кам шудаву ин ҳунар ҳарчӣ бештар вижагиҳои рақси занонаро дар худ ҷой медиҳад.

Саидалӣ Гадоев, устоди рақси дастаи ҳунарии «Лола», мегӯяд, сабаб он аст, ки омӯзгорони мард кам шуда, рақсро ба мардон ҳарчӣ бештар омӯзгорони зан дарс медиҳанд ва ба ин сабаб ҳаракати раққосон нармтар ва нисбатан мавзун шудааст. Ин дар ҳолест ки рақси тоҷикии мардона бояд баёнгари шуҷоат ва далериву ҷасурӣ бошад: «Дар аз солҳои нооромӣ бештари устодони рақси мардона ба хориҷ рафтанд. Бинобар ин чанд сол занҳо рақси мардонаро ба саҳна мегузоштанд, ки дар натиҷа ҳаракати мардон низ каме ба истилоҳ «мавзунтар» шуд. Ҳоло бошад хушбахтона, дар ансамбли мо устоди рақси мардона худ мард аст, ки дигар талош мекунад, то ҳамеша дар саҳна паҳлавонро нишон диҳад.»
Саидалӣ Гадоев
Саидалӣ Гадоев
Ҳамзамон ҷаноби Гадоев афзуд, чизи дигаре, ки имрӯз боиси нигаронист ,дар тарабхонаҳо рақсидани ҷавонписарон ё мардон аст. Он рақсе, ки имрӯз ҷавонон дар тарабхонаҳо анҷом медиҳанд, ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, бештар ба рақси занона мемонад.

Мавзун шудани ҳаракатҳои иддае аз раққосони марди тоҷик барои худи раққосаҳои зан ҳам боиси нороҳатист. Зеро ба қавли онҳо, мард бояд ҷасорату ҳаракатҳои мардонагии хоси худро ба намоиш гузорад ва зан ба навбаи худ, бо назокати хоси занона рӯи саҳна биояд.

Хайринисо Ватанова, ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ гуфт, барояш чун ҳунарманд дар саҳна ҳаракати «мавзун» кардани мардон чандон хушоянд нест. Ба гуфтаи ӯ, 15-20 соли пеш замоне марди тоҷик дар саҳна мерақсид тамошобин гумон мекард ягон паҳлавон рӯй саҳна ҳаст, ҳоло мутаассифона, ин амал кам дида мешавад ва мардум ҳам бештар маҳз ба ҳамин нукта эрод мегиранд.

Хайринисо Ватанова
Хайринисо Ватанова
Хайринисо Ватанова афзуд: «Албатта, рақси тоҷик имрӯз дар ҳоли рушд аст. Вале новобаста ба вазъ, ҳар кас бояд ҳаракати хоси худро дошта бошад. Масалан, ҳатто агар зану мард рақси дугона ҳам дошта бошанд, мард бояд мисли мард ҳаракат кунад. Бинанда бояд дарк кунад, ки дар рӯ ба рӯяш паҳлавон истодааст. Дасту бозуи қавӣ ва ҷасорат дорад. Ҳамчунин зан бояд ҳамеша нафосат дошта бошад. Барои зан ҳам ҳаракати мардона зебанда нест.»

Хайринисо Ватанова низ як сабаби аслии чунин ба истилоҳ нарму пурноз шудани ҳаракати раққосони мардро камбуди устодони мард медонад.

Феълан дар Тоҷикистон беш аз 10 даста ё ансамбли рақсӣ амал мекунанд ва танҳо ансамбли «Лола» 16 раққоси мард дорад.
XS
SM
MD
LG