Нуралӣ Давлат, рӯзноманигор
Қисми дувум
Овозаҳо дар атрофи Раҷабов
Дар замоне ки Султон Раҷабов ба ҳайси мушовири вазири адлияи Афғонистон ба кор сар кард, ҳамроҳи ӯ ҳуқуқшиносони дигар аз Иттиҳоди Шӯравӣ низ буданд. Азбаски онҳо аз идораҳои Маскаву қисматҳои аврупоии Иттиҳод омада буданд, ӯро ба ҳайси роҳбари Гурӯҳ ё Сармушовири худ эътироф кардан намехостанд.
Дар ин иртибот Ҷузҷонӣ менависад, Раҷабов ба ӯ гуфта буд, ҳар вақте мушовирони шӯравиро ба назди худ даъват карданӣ шавад, масъаларо аввал бо ӯ мувофиқа кунад. Ҷузҷонӣ мегӯяд, ихтилофи миёни Раҷабов бо мушовирони шӯравӣ ба ӯ иртибот надорад, бинобар ин, кадоме аз онҳо, ки барояш лозим шаванд, назди худ мехонад.
Аслан гап сари генерал Негудо буд, ки намоишкорона мегуфт, ӯ зердасти Раҷабов нест, аз ин рӯ, ба фармонҳои ӯ итоат намекунад. Аммо баъд аз чанде сафири шӯравӣ ба Ҷузҷонӣ занг зада, гуфтааст, Негудо бе мувофиқа бо Султон Раҷабов ҳақ надорад ҳар коре хоҳад кунад ва ҳарҷо хоҳад равад ва Ҷузҷонӣ бояд инро дар назар бигирад. Ҳамчунин, дар охири моҳи январи соли 1980 Султон Раҷабов ба Кумитаи Марказӣ занг зада, намояндаи Додситонии кулли ИҶШС-ро дар Афғонистон сахт танқид кардаву масъалаи бозхонди ӯро ба ватан пеш мегузорад. Масъулон дар Маскав пешниҳоди ӯро пазируфта, ин мушовирро фавран бармегардонанд.
Дертар додситони кулли ИҶШС Руденко муовини прокурори ҷумҳурӣ Карим Ҳасановро оҷилан ба Маскав даъват карда, мегӯяд, бо пешниҳоди кадом як тоҷики шумо намояндаи моро аз Афғонистон бозхонданд, аммо дар асл ронданд. Ӯ ба К. Ҳасанов пешниҳод мекунад ба ҷои фарди баргашта ба Кобул равад, аммо ӯ баҳона пеш оварда, розӣ намешавад. Азбаски Султон Раҷабов сармушовири Шӯрои инқилоб мешавад, имкониятҳои ӯ бештар мегардад ва тамоми мушкилҳоро мустақим бо Маскав, бе иҷозаи сафири шӯравӣ ва намояндагони КГБ дар Афғонистон ҳал мекард, зеро Гурӯҳи худро комилан мустақил карда буд.
Ӯ нахустин сармушовири шӯравӣ буд, ки ба Маскав даъват шуда, барои хидматҳояш дар Афғонистон бо ордени “Дӯстии халқҳо” сарфароз гаштааст. Дар ҷаласаҳои сафорати Шӯравӣ Султон Раҷабов ҳамеша дар садорати маҷлис паҳлӯи сафир Фикрат Табеев менишаст ва номашро доим дар қатори беҳтарин кормандони шӯравӣ номбар мекарданд ва ба ҳама зиёфатҳои расмие, ки дар Кобул баргузор мешуд, ҳамчун меҳмони олиқадр даъват мекарданд.
Дар як зиёфати олимақоми Арк, ки дар он мудири шуъбаи идеологии Кумитаи Марказӣ Замятин ва Котиби аввали Ҳизби коммунисти Тоҷикистн Ҷаббор Расулов низ иштирок доштанд, Кормал ба фаъолияти Султон Раҷабов баҳои баланд додааст. Вақте сафири ИҶШС дар Афғонистон Фикрат Табеев соли 1982 меҳмони КМ ҲК Тоҷикистон мешавад, дар як зиёфате, ки ба хотири сафир ороста буданд, ба сарвари ҷумҳурӣ Раҳмон Набиев мегӯяд, агар Раҷабовро додситони ҷумҳурӣ таъин кунанд, ин кор дар оянда ба муносибатҳои СССР ва Афғонистон мусоидати хуб мекунад.
Ҳамчунин, маоши роҳбарони тамоми Гурӯҳҳои мушовирони шӯравӣ дар дигар бахшҳо 25 ҳазор афғонӣ буд, аммо аз Султон Раҷабов 34 ҳазор. Мошини хидматии ҳамтоёни ӯ дар Кобул “Волга”-и сохти шӯравӣ буд, ки чандон мошини хуб набуд, аммо аз сармушовири тоҷик “Шевролет” ё “Мерседес” ва табиист, ки ин рашки дигаронро меовард.
С. Бахтурин, ки намояндаи КГБ дар сафорати Шӯравӣ буд, менависад, “Раҷабов мегуфт, Афғонистонро се кас идора мекунанд: Кормал, сафири Шӯравӣ Табеев ва худи ӯ” (китоби “Афган, снова Афган”. Москва, соли 2002, саҳ. 365). Як мушовири руси дигар боре ба Асозода мегӯяд, Раҷабов гуё дар Тоҷикистон бошад, ки худашро дар инҷо низ вазир ҳисоб мекунад. Яке аз мутахассисони тоҷик, ки дар он айём дар Кобул кор мекард, гуфтааст, дар байни мардум ва кормандони давлатии Афғонистон мушовирон ва тарҷумонҳои тоҷик сазовори обрӯ ва эътибори ниҳоят баланд буданд, аз ин рӯ, онҳоро нисбат ба русҳо содиқ ва сарсупурда мешинохтанд.
Азбаски С. Раҷабову С. Саидов бо роҳбарони Афғонистон робитаи мустақим доштанд ва ҳар вақте ки лозим мешуд, бе иҷозати сафири шӯравӣ ва ё намояндагони КГБ дар Кобул бо онҳо мулоқоти рӯ ба рӯ ва ё тет-тет доир карда, масъалаҳои мавриди назарро бо онҳо дар миён мегузоштанд.
Табиист, ки чунин гуфтугӯҳои бе иштироки тарҷумон ва гумоштаҳои КГБ ба намояндагони Кремлин дар Кобул хуш намеомад, зеро обрӯ ва эътибори баланди Раҷабову Саидов дар байни роҳбарони он давраи Афғонистон ба мақсуди Маскав мувофиқат намекард. Баъзе аз коршиносон мегӯянд, С. Саидов ҳанӯз аз солҳои 60-уми асри гузашта бо аксар роҳбарони Афғонистон шиносоӣ дошт ва эҳтимол дар таъсиси ҲДХА дар миёнаҳои солҳои 60-ум саҳм дошта бошад.
Худойназар Асозода, ки дар охири солҳои 70 ва ибтидои солҳои 80-ум ба ҳайси тарҷумон дар Кобул кор кардааст, мегӯяд, баъд аз роҳбари Гурӯҳи мушовирини назди Шӯрои инқилобӣ таъин шудан С. Раҷабов мағрур шуда, аз ҳамшаҳриҳо фосила гирифт ва дигар ба гапи онҳо гӯш низ намедод. Аммо ин андешаро аксари онҳое, ки дар он айём дар Афғонистон фаъолият доштанд, қабул надоранд. Онҳо мегӯянд, албатта, Раҷабов мисли ҳама одамони дигар аз камбудӣ орӣ набуд, вале ӯ ҳеч гоҳ бо ҳамшаҳриҳо бархӯрди дағал ва ё манфӣ надошт, баръакс, ҳар қадар, ки метавонист ба онҳо ёрӣ медод.
Дар ҳақиқат, иртиботи мустақими Султон Раҷабов бо роҳбарияти Афғонистон, сарфи назар кардани намояндагони КГБ ва сафорати Шӯравӣ, мустақим шикоят кардан ба КМ ҲКИШ аз болои намояндаи Прокуратураи генералии ИҶШС, комилан мухтор гардондани Гурӯҳи худ, тамдид накардани муҳлати яке аз зердастонаш ва ғ. сафи бадхоҳонашро меафзуд. Дар ин иртибот Асозода менависад: “Яке аз мушовирони рус, қабл аз парвозаш ба камина гуфт: “Мо ҳоло нишонаш медиҳем. Ӯ аз худ рафтааст. Коре мекунем, ки дастонашро баста мебаранд" (Х. Асозода, кит. "Афғонистони инқилобӣ". Душанбе, соли 2003, саҳ. 378).
Овоза мешавад, ки Раҷабов ҳангоми интиқоли тобути занаш, ки дар беморхонаи Чорсадбистараи Кобул фаъолият дошт, тилои зиёде ба Тоҷикистон фиристодааст. Гуё Раҷабов аз афғонҳо тило пора гирифта, барои мансаб гирифтани онҳо мусоидат мекардааст. Тибқи овозаҳои дигар гуё ӯ дар ҳавопаймои генерали тоҷик А. Ғаффоров, ки ҷасади аскарони кушташудаи шӯравиро ба ин тарафи дарёи Ому интиқол медод, ба таври қочоқ аз Афғонистон тилову коло мефиристодааст. Вазири маорифи Афғонистон Қаюмӣ ҳангоми сафари хидматӣ ба Душанбе дар соли 1980 ба дӯстони наздики С. Раҷабов мегӯяд, ӯро огоҳ кунанд, ки мушовирони шӯравӣ, ки аз Марказ ба Афғонистон фиристода шудаанд, нотавонбинанд, бинобар ин, аз ин ҳамтои тоҷики худ метарсанд ва нисбаташ ҳар кор карданашон мумкин аст. (Саҳ. 76 -77).
Иттиҳом - роҳбари қочоқбарон
Султон Раҷабов ё аз худ боварии зиёд дошт ё ба шиносҳои худ дар доираҳои Маскаву Кобул эътимоди сахт дошт, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст дода, дар натиҷа, барои қочоқи тило боздошт шуд. Дар мавриди қазияи мазкур солҳои гуногун бо афроди зиёде сӯҳбат доштам, аз ҷумла бо ду нафаре, ки бо парвандаи мазкур шинос буданд ва дар Пленуми Суди олии Тоҷикистон соли 1998 ширкат карда, барои бегуноҳ баровардани С. Раҷабов ва С. Саидов суханронӣ карда буданд.
Мо инҷо Сайёра Юсуфова, узви Додгоҳи олии ҷумҳурӣ ва собиқ муовини Додситони ҶШС Тоҷикистон Карим Ҳасановро дар назар дорем. Қабл аз он ки ба баррасии мавзӯи мазкур бипардозем, танҳо як нуктаро зикр мекунам. Карим Ҳасанов ба муаллифи ин сатрҳо қисса карда буд, ки вақте масъалаи бознигарии парвандаи С. Раҷабов ва С. Саидов ба миён омад, ӯ изҳор доштааст, ки агар дар рафти тафтишот ва суд дар соли 1983 гуноҳи ин ду нафар исбот шуда бошад, аз иштирок дар Пленум даст мекашад.
Азбаски С. Юсупова ва К. Ҳасанов дар бораи парвандаи мазкур хулосаи худро ба таври муфассал зикр кардаанд, мо дар инҷо бештар ба матнҳои нашркардаи онҳо дар китобу матбуоти даврӣ такя мекунем. Аз парванда бармеояд, ки гуё С. Раҷабов ва С. Саидов байни худ маслиҳат намуда, ба тоҷирони ҳиндуи Кобул, Нилин Картор ва Тарлук Сингҳ фармоиш медоданд, ки аз давлатҳои капиталистӣ барои онҳо молҳои гуногун бихаранд. Аз ҷониби худ, гуё онҳо ӯҳдадор мешаванд, ки барои гузарондани бори ҳиндуҳо аз хориҷа ҳамчун амволи дипломатӣ мусоидат кунанд.
Вақте ки ин борҳо ба фурудгоҳи Кобул мерасиданд, Саидов аз вазифаи хидматии худ суистифода намуда, ҳуҷҷатҳои қалбакӣ тартиб медод ва ба ВКХ ҶДА фиристода, хоҳиш мекард, ки аз муросилоти расида, ки гуё бори дипломатӣ бошад, боҷ ситонида нашавад. ВКХ-и Афғонистон ба ӯ чунин нота медод. Ин нуктаро ҳам бояд зикр кунем, ки С. Саидов дар рафти тафтишот гуфтааст, ки чанд дафъа С. Раҷабов баъди фармоиш додани молҳо ба тоҷирони ҳиндӣ ӯро дар ҷараён гузоштааст, бинобар ин, ӯ ягон маслиҳат на бо сармушовир карда буд, на бо ҳиндуҳо.
4-уми декабри соли 1982 ҳангоми санҷиши бағоҷҳои транзитӣ тавассути фурудгоҳи “Шереметево” кормандони гумрук дар ду ҷомадон, ки ба Кобул, ба сафорати ИҶШС интиқол мешуданд, 23 кило тило (иборат аз 200 сабика) меёбанд, ки дар дохили мангнитофонҳо ба таври қочоқ бояд гузаронида мешуданд. (Китоби “Ҳомии адлу инсоф”, Душанбе, соли 1999, саҳ 56 -58).
28-уми декабр сардори шуъбаи тафтишоти КГБ-и ИҶШС парвандаи ҷиноӣ боз кард. Сипас, ӯ дар ҳузури мутахассис сабикаҳои тилоро гирифта, ба ҷои онҳо 200 пластинкаи сурбӣ ба мангитофонҳо гузошта, сипас онҳоро бо плёнкаи ширешдор маҳкам карда, ба Кобул мефиристад.
29-уми декабри соли 1982 бор ба фурудгоҳи Кобул мерасад. Аз тарси он ки С. Саидов бидуни назорати Картор ҳарду ҷомадонро гирифта, дар онҳо тилоро мебинад, вай 30-юми декабри соли 1982 ва 1-уми январи соли 1983 тамоми рӯз дар назди анбори фурудгоҳ меистад. 2-юми январи соли 1983 ҳамроҳи Саидов С. борро гирифта ба хонаи ӯ мераванд ва дар назди даромадгоҳи хона аз ҷониби кормандони КГБ дастгир мешаванд. С.Раҷабов дар дохили хонааш, вақте ба кор рафтанӣ буд, ҳабс гардида, тавассути ҳавопаймо ба Маскав фиристода мешавад.
Идома дорад
Аз Идора: Матолибе, ки дар гӯшаи "Блогистон" ба нашр мерасанд назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд