Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷашнвораи "Сталкер" бо қиссаи муҳоҷирони тоҷик оғоз ёфт (ВИДЕО)


Лаҳзае аз филми "Она"
Лаҳзае аз филми "Она"

Филми “Она”-и коргардони рус Лариса Садилова, ки аз зиндагии муҳоҷирон қисса мекунад, ба ҷашнвораи ҳафтуми байналмилалии “Сталкер” дар шаҳри Курски Русия ҳусни оғоз бахшид.

Ҷашнвораи ҳафтуми байналмилалии филмҳо дар мавзӯи ҳуқуқи инсон “Сталкер” дар шаҳри Курски Русия бо филми “Она”, ки аз рӯзгори муҳоҷирони тоиҷик ҳикоят мекунад, ифтитоҳ ёфтааст. Дар ин ҷашнвораи филмҳои ғайритиҷорӣ, ки аз 3 то 7 июн давом хоҳад кард, асосан филмҳое ба маърази тамошо гузошта мешаванд, ки ба истилоҳ пур аз ҷарнгу хун ва ба ин далел аз нигоҳи тиҷорӣ бозоргир нестанд. Вале ин филмҳоеянд, ки мушкилоти доғи ҳалталаби ҷомиа, аз уҷмла масоили ҳуқуқи инсонро инъикос мекунанд.

Филми “Она”-и коргардони Лариса Садилова низ аз чунин филмҳост ва ба гуфтаи масъулони ҷашнвораи “Сталкер” беҳуда ҳамчун филми аввал дар ин маърака интихоб нашудааст. Худи Лариса Садилова ба шабакаи маҳаллии 46ТВ гуфтааст: “Ин филм дар бораи муҳоҷирон аст. Аммо на танҳо дар бораи онҳо, балки дар бораи мо низ ҳаст. Дар бораи онки мо чӣ гуна зиндагие дорему чӣ зиндагие сохтан мехоҳем? Муҳоҷират дар тамоми дунё суръат мегирад. Ҳоло ҳар наафари чорум дар дунё муҳоҷир аст. Ин дунёст, ки иваз шудааст ва чунин рангу ҳол гирифтааст.”

Лариса Садилова
Лариса Садилова
Дар августи соли гузашта филми “Она”, ки аз рӯзгори ғамангези муҳоҷирон дар Русия қисса мекунад, дар ҷашнвораи низ байналмилалии “Окно в Европу” беҳтарин филми ҳунарӣ дониста шуд. Дар моҳи майи соли равон дар як ҷашнвораи байналмилалии филмҳо дар шаҳри Чебоксарии Русия ҳунарманди театри “Падида”-и Душанбе Нилуфар Файзиева, ки дар филми “Она” нақши асосиро бозӣ кардааст, ҷоизаи “Беҳтарин ҳунарпешаи зан”-ро ба даст овард.

Филми “Она” дар бораи духтаре бо номи Майя аз Тоҷикистон аст, ки ба ҷустуҷӯи номзадаш Ҳамид ба Маскав меояд. Аммо дӯстдоштаи Майя аз баҳри ӯ мегузарад ва ин духтари бечораро, ки калимае ҳам ба русӣ намедонист, дар як шаҳри азими бегона танҳо мегузорад. Сужаи фимл иборат аз саргузаштҳоест, ки Майя дар Маскав гирифтор мешавад.

3 сол пеш, вақте Нилуфар барои иҷрои нақши асосӣ дар ин филм даъват шуд, ҳанӯз дар мактаб мехонд ва ягон омодагие барои кори ҳунарпешагӣ ва ҳатто орзуи ин касбро надошт. Лариса Садилова ба телевизиони 46ТВ-и Курс гуфтааст, ки ӯ махсус барои иҷрои нақшҳои асосӣ нафарони ғайриҳирфаиро даъват кард, ки филм ҳарчӣ табиитар барояд: “Медонед, агар аз Маскав ҳунарманди тоҷик ё узбакеро меовардему ӯ чеҳраи серу пур медошт, ба дард намехӯрд. Бар илова, қаҳрамонҳо дар филм ба 2 забон сӯҳбат мекунанд – ҳам ба тоҷикӣ ва ҳам ба русӣ. Яъне иҷрокунандаи нақш бояд бар ҳарду забон балад мебуд.”

Дастандаркорони филми “Она” 3 сол пеш махсус ба Душанбе омаданд, то қаҳрамонони филми худро интихоб кунанд. Ин қаҳрамонон бояд нақши муҳоҷири кории тоҷик ва духтари дӯстдоштаи вайро бозӣ мекарданд. Коргардон Лариса Садилова барои иҷрои нақши Ҳамид - писари муҳоҷир Махсум Абдуллоеви донишҷӯ ва барои нақши Майя - духтари дӯстдоштаи вай – Нилуфар Файзиеваро интихоб карданд., ки он замон дар мактаби рақами яки Душанбе таҳсил ва дар театр-студияи “Падида” рақси касбиро машқ мекард.

Нилуфар Файзиева
Нилуфар Файзиева
Нилуфар Файзиева ҳафтаи гузашта дар як мусоҳиба бо Озодӣ гуфт, ки бояд баъд аз хатми мактаби миёна ба донишгоҳ дохил мешуд, вале ба далели масруфияташ дар филм ин барномааш як сол ба ақиб афтод. Ӯ ҳоло донишҷӯи соли дуввуми Донишгоҳи соҳибкорӣ ва хидматрасонии Тоҷикистон аст ва ҳамзамон ба маросими арӯсиаш омодагӣ мегирад.
Худи ӯ дар бораи нақшаш дар филми “Она” мегӯяд: “Албатта, лаҳзаҳое ки нақш бозӣ мекардам, барои ман гуворо буд. Ҳоло ба ман занг мезананд, табрик мегӯянд. Аз Русия занг мезананд. Ман аввал аз забони Лариса Садилова - коргардони филм шунидам, ки барои нақши асосии филм дар ҷашнвораи Чебоксарӣ ҷоизаи “Беҳтарин нақши зан”-ро соҳиб шудаам Барои ман ин хабари хушҳолкунанда буд. Ифтихор аст, агар инро дар назар гирем, ки як духтари бетаҷриба ва “ҳунарманд”-и ғайрикасбӣ бори аввал нақш бозӣ кардааст. То ҳол Тоҷикистон ин гуна ҷоиза надошт. Барои худи ман ҳам, албатта, ин ғайриинтизор буд.”

Нилуфар мегӯяд, вай бояд хислатҳо ва рафтори Мая ё як духтари камтаҷрибаи тоҷикро, ки ба хотири дӯстдораш зодгоҳашро тарк кардааст, то бо вай якҷо бошад ва мушкилиҳои зиндагиро бо ҳам бубинанд, дар худ таҷассум мекард.

Филм бо он поён меёбад, ки дӯстдоштаи Майя худаш танҳо ба Тоҷикистон бармегардад, то дар он ҷо бо духтари дигар арӯсӣ кунад. Вай дар ин бора пеш аз сафар ба Тоҷикистон ба Майя чизе намегӯяд. Майя бо сарнавишти номаълуму торик дар шароити сахт бо ҳоли ногувор танҳо мемонад.
XS
SM
MD
LG