Дастаи футзали “Соро компания”-и Душанбе, ки дар бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2025 тими “Истиқлол”-и Душанберо бо ҳисоби 3:0 мағлуб кард, бори чорум Ҷоми олиро соҳиб гардид.
Бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2025 шоми шанбеи 4-уми октябр дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии Душанбе бо ҳузури 2220 тамошогар доир шуд.
Барои Суперҷом ду дастаи пойтахт - «Соро Компания», қаҳрамони феълӣ ва барандаи Ҷоми миллӣ (сармураббиаш Пайрав Воҳидов) ва «Истиқлол», барандаи ҷоизаи нуқраи Суперлигаи Тоҷикистон (сармураббиаш Владимир Чурляев) – мубориза бурданд.
Футзалбозони “Соро компания” ба дарвозаи “Истиқлол” се голи беҷавоб заданд. Файзалӣ Сардоров дар дақиқаи 5-уми дидор ҳисобро боз кард. Ду голи дигари “Соро компания”-ро Дилшод Саломов дар нимаи дуюми бозӣ ба самар расонд.
Ёдовар мешавем, соли гузашта дастаи футзали “Истиқлол” дар бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон тими "Соро компания"-ро бо ҳисоби 4:3 шикаст дода, бори аввал барандаи Ҷоми олӣ гардида буд.
Ҳамакнун дастаҳо иштироки худро дар Лигаи касбии футзали Тоҷикистон, ки 2-юми август шуруъ шуда буд, идома медиҳанд. Дар мавсими нав ҳашт даста ширкат дорад.
Панҷ даста – «Соро компания», «Истиқлол», КМВА (Клуби марказии варзишии артиш), «Амонатбонк» ва «Сомон» - аз шаҳри Душанбе, инчунин «Сипар» аз шаҳри Хуҷанд, «Регар» аз шаҳри Турсунзода ва «Равшан» аз шаҳри Кӯлоб мебошанд.
Бояд зикр намуд, КМВА ва «Равшан» дастаҳои нави Суперлигаи футзали Тоҷикистон ба шумор мераванд.
Мусобиқоти имсолаи Суперлигаи футзали Тоҷикистон дар ду марҳила баргузор мешавад. Дар марҳилаи аввал дастаҳо бо системи "хона – сафар" бо ҳамдигар рақобат мекунанд. Аз рӯи натиҷагирии ин марҳила дастаҳои беҳтарин ба қисми ниҳоии мусобиқот роҳ ёфта, барои унвони қаҳрамонӣ ва медалҳои мусобиқот мубориза хоҳанд бурд.
Ҳоло марҳилаи аввали мусобиқот ба поён расидааст. Баъди натиҷагирии бозиҳои ҳафт давр дастаи “Сипар”-и Хуҷанд, ки дар ҳамаи бозиҳояш пирӯз шуд, дар ҷадвали мусобиқот бо 21 имтиёз дар ҷойи аввал аст.
Дастаҳои “Соро компания” ва “Истиқлол” бо 16-имтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои дуюму сеюм қарор доранд. Се даста – “Сомон”, “Амонатбонк” ва КМВА – 9-имтиёзӣ гирифтаанд. “Равшан” се имтиёз дорад, аммо “Регар” ҳанӯз имтиёз ба даст наовардааст.