Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сомон Маҳмадбеков дар Тайланд медали нуқра, Абубакр Шеров биринҷӣ гирифтанд


Паҳлавонони тоҷик дар рӯзи дуюми мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё, ки дар шаҳри Бангкоки Тайланд ҷараён дорад, ду медал (як нуқра ва як биринҷӣ) ба даст оварданд.

Рӯзи шанбеи 26-уми апрел се намояндаи Тоҷикистон – Абубакр Шеров, Сомон Маҳмадбеков ва Александра Кан – ба рақобат пардохтанд.

Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кило, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм Футчара Канчуро аз Тайланд мағлуб кард. Сипас бо шикаст додани гуштигири қазоқ Азат Кумбисбай ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Сомон дар нифинал ба Нугзари Таталишвили аз Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дастболо шуда, ба финал баромад.

Вале паҳлавони тоҷик дар даври ниҳоӣ аз Ҷунҳван Ли аз Кореяи Ҷанубӣ мағлуб шуда, соҳиби медали нуқра гардид. Дарвоқеъ, Сомон соли 2021 низ дар қаҳрамонии ҷудои Осиё нишони нуқра гирифта буд.

Паҳлавони ҷавони тоҷик Абубакр Шеров дар вазни то 73 кило ба рақобат аз даври дуюм пардохт. Ӯ бо шикаст додани Юдай Танаку аз Ҷопон ба даври ниманиҳоӣ роҳ пайдо кард. Аммо Шеров дар нимфинал аз Шаҳром Аҳадови узбекистонӣ мағлуб шуд. Абубакр барои нишони биринҷӣ паҳлавони муғул Уранбаяр Одгерелро шикаст дод.

Александра Кан дар вазни то 57 кило миёни занон дар даври аввал Жи Хуэ Вун аз Малайзияро мағлуб карда, дар даври дуюм аз намояндаи Тайпейи Чин Янг Ю-Чиеҳ шикаст хӯрд ва аз идомаи рақобатҳо бенасиб монд.

Бояд зикр намуд, боз як паҳлавони тоҷик - Маҳмадбек Маҳмадбеков, писарамаки Сомон, ки дар ин мусобиқот Имороти Муттаҳидаи Арабиро намояндагӣ кард, дар вазни то 73 кило барандаи медали нуқра гардид. Вай дар финал аз гуштигири узбекистонӣ Шаҳром Аҳадов мағлуб гашт.

Ба иттилои Федератсияи байнулмилалии ҷудо, дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё, ки дар Бангкоки Тайланд рӯзи 28-уми апрел бо рақобатҳои дастаӣ ба поён мерасад, 295 варзишгар аз 30 кишвари қора иштирок доранд. Варзишгарон барои 14 маҷмуи медалҳо (7 вазн байни мардон ва 7 вазн миёни занон) талош мекунанд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 11 варзишгар (9 мард ва 2 зан) дохиланд. Имсол мунтахаби Тоҷикистон бори аввал дар таърих дар қаҳрамонии Осиё байни дастаҳо иштирок хоҳад кард.

Дар рӯзи аввали мусобиқот дар Тайланд – 25-уми апрел – се паҳлавони тоҷик – Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60 кг), Эмомалӣ Нуралӣ (-66 кг) ва Обид Ҷебов (-66 кг) - бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Ҳамин тавр, паҳлавонони тоҷик дар ду рӯзи мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Бангкок 5 медал (1 нуқра ва 4 биринҷӣ) гирифтанд.

Рӯзи якшанбеи 27-уми апрел Тоҷикистонро дар рақобатҳои инфиродӣ миёни мардон Умедҷон Раҷабов (-90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг), Кароматулло Ҳакимов (-100 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг), дар сабқати занон Виктория Киселёва (+78 кг) муаррифӣ хоҳанд кард.

Бар асоси натиҷаҳои қаҳрамонии Осиё ва мусобиқаи “Dushanbe Grand Slam” ё “Тоскулоҳи бузурги Душанбе”, ки рӯзҳои 2-4-уми май дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ доир мегардад, ҳайати асосии мунтахаби ҷудои кишвар барои иштирок дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон (13-20-уми июн дар Будапешти Маҷористон) муайян карда мешавад.

Ёдовар мешавем, паҳлавонони тоҷик соли гузашта дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё дар Ҳонконг се медал ба даст оварда буданд. Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг) медалҳои биринҷӣ гирифтанд.

Бояд гуфт, ки пас аз ду бор пирӯз шудани паҳлавони номдори тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар қаҳрамонии ҷудои Осиё (солҳои 2016 ва 2017) дар Тошканд дар вазни то 90 кило дигар касе аз Тоҷикистон дар мусобиқоти қораӣ дар ин риштаи олимпии варзиш медали тилло ба даст наовардааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG