Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои Амният дар як нишасти вижа таҳдидҳои ДОИШ дар Афғонистонро баррасӣ мекунад


Шӯрои Амнияти СММ нишасти вижаеро дар бораи таҳдидҳои гурӯҳи "Давлати исломӣ" ё ДОИШ дар Афғонистон, баргузор мекунад. Қарор аст ин нишаст, имрӯз, 10 феврал, баргузор шавад.

Интизор меравад, гузориши дабири кулли СММ дар мавриди вазъияти амниятии Афғонистон низ ҳамзамон ироа шавад.

Ҳарчанд ҳукумати Толибон борҳо иддао кардааст, ки ҳамаи гурӯҳҳои мусаллаҳ, аз ҷумла, ДОИШ-ро аз байн бурдааст, аммо тибқи баровардаҳои амниятӣ ва низомӣ, чолишҳои ин гурӯҳ побарҷост ва на танҳо Афғонистон, балки минтақа ва кишварҳои ҷаҳонро низ таҳдид мекунад.

Дар эъломияе, ки Шӯрои амнияти СММ рӯзи 8-уми феврал нашр кард, омадааст, ки ин нишасти хос ба баррасии таҳдидҳои "Шохаи Хуросон"-и ДОИШ дар Афғонистон ва минтақа хоҳад пардохт.

Дар ин нишаст, гузориши нави дабири кулли СММ дар мавриди вазъияти амниятии Афғонистон пешниҳод ва баррасӣ хоҳад шуд.

Дар ин гузориш, ки 31-уми январ нашр шуд, таъкид шудааст, ки гурӯҳи ДОИШ ё "Давлати исломӣ", ҳамчунин таҳдиди бузурги террористӣ дар дохили Афғонистон ва фаротар аз он ба шумор меравад.

Шӯрои Амният гуфтааст, ки дар ин нишаст, Владимир Воронков, муовини дабири кулли СММ дар умури мубориза бо терроризм ва низ раиси иҷроии Кумитаи мубориза бо терроризми СММ, маълумоте дар бораи таҳдидҳои ДОИШ дар Афғонистон ва минтақа ироа хоҳанд кард.

Ин нишаст дар ҳоле баргузор мешавад, ки ҳукумати Толибон борҳо иддао карда, ки ДОИШ-ро дар Афғонистон саркӯб кардааст.

Ба иддаои Толибон, марказҳои омӯзишии ДОИШ дар берун аз Афғонистон ва дар бархе минтақаҳои Покистон ҷойгир ҳастанд. Аммо Покистон ин иддаоҳоро рад кардааст.

Ҷой зикр аст, ки пас аз дубора ба қудрат баргаштани Толибон дар Афғонистон, ҳамлаҳои зиёде аз сӯи "Шохаи Хуросон"-и ДОИШ дар ин кишвар анҷом шуд, ки дар бархе аз онҳо, мақомоти баландпояи Толибон низ кушта шуданд.

"Шохаи Хуросон"-и ДОИШ масъулияти ҳамлаи интиҳории маргбор дар рӯзи 11-уми декабри соли гузашта дар Кобулро ба ӯҳда гирифт. Дар ин ҳамла, Халилураҳмон Ҳаққонӣ, вазири муҳоҷирати Толибон кушта шуд.

Ин ҳамла ва ҳамлаҳои монанд, ки дар беш аз се соли гузашта талафоте бар ғайринизомиён ҳам гузошта ва масъулияти онро ДОИШ пазируфтааст, иддаои Толибон дар бораи саркӯби ДОИШ ва таъмини амнияти сартосарӣ дар Афғонистонро зери суол бурдааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG