Паҳлавонони тоҷик дар рӯзи аввали мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё, ки 25-уми апрел дар пойтахти Тайланд – шаҳри Бангкок – шуруъ шуд, се медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Ба иттилои Федератсияи байнулмилалии ҷудо, дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё, ки дар Бангкоки Тайланд то рӯзи 28-уми апрел идома меёбад, 295 варзишгар аз 30 кишвари қора иштирок доранд. Варзишгарон барои 14 маҷмуи медалҳо (7 вазн байни мардон ва 7 вазн миёни занон) талош мекунанд.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 11 варзишгар (9 мард ва 2 зан) дохиланд. Имсол мунтахаби Тоҷикистон бори аввал дар таърих дар қаҳрамонии Осиё байни дастаҳо иштирок хоҳад кард.
Дар рӯзи аввали мусобиқот – 25-уми апрел – се паҳлавони тоҷик – Муҳаммадсолеҳ Қувватов, Эмомалӣ Нуралӣ ва Обид Ҷебов ба рақобат пардохта, ҳарсе бо медали биринҷӣ мукофотонида шуданд.
Муҳаммадсолеҳ Қувватов, ки дар вазни то 60 кило дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм Ҷетсакадорн Суксайро аз Тайланд шикаст дод. Аммо дар даври чаҳорякниҳоӣ паҳлавони тоҷик аз Шерзод Давлатов аз Қазоқистон мағлуб шуд. Қувватов дар рақобати тасаллобахш ба намояндаи Баҳрайн Руслан Портулатский ғолиб омад ва барои нишони биринҷӣ Нуродил Алжанро аз Қазоқистон шикаст дод.
Обид Ҷебов, ки дар вазни то 66 кило дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм ба Гарвит Гарвит аз Ҳиндустон пирӯз шуд. Дар даври баъдӣ Ҷебов аз Замоншаҳрӣ Бекмуродов аз Узбекистон мағлуб гашт. Вай дар рақобати тасаллобахш бар Абулфазл Маҳмудӣ аз Эрон дастболо шуд. Обид дар мубориза барои нишони биринҷӣ бар Ҳаянг Жанг аз Чин ғолиб омад.
Эмомалӣ Нуралӣ ҳам дар вазни 66 кило дар даври аввал озод буд. Вай дар даври дуюм бар Тойлу Муродов аз Туркманистон пирӯз гашт. Дар даври баъдӣ Эмомалӣ ҳарифаш Абулфазл Маҳмудиро аз Эрон мағлуб карда, ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Вале дар нимфинал паҳлавони тоҷик қувваозмоиро ба Замоншаҳрӣ Бекмуродов аз Узбекистон бохт. Эмомалӣ барои нишони биринҷӣ Йержан Йеренкаюповро аз Қазоқистон шикаст дод.
Дар ду рӯзи дигари мусобиқа – 26-ум ва 27-уми апрел - Тоҷикистонро дар рақобатҳо миёни мардон Абубакр Шеров (-73 кг), Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Умедҷон Раҷабов (-90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг), Кароматулло Ҳакимов (-100 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг), дар сабқати занон Александра Кан (-57 кг) ва Виктория Киселёва (+78 кг) муаррифӣ хоҳанд кард.
Барномаи мусобиқот:
26-уми апрел (шанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -63 кг, -70 кг миёни занон; -73 кг, -81 кг байни мардон.
27-уми апрел (якшанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -78 кг, +78 кг миёни занон; -90 кг, -100 кг, +100 кг байни мардон.
28-уми апрел (душанбе). Қувваозмоиҳои омехтаи дастаӣ.
Бар асоси натиҷаҳои қаҳрамонии Осиё ва мусобиқаи “Dushanbe Grand Slam” ё “Тоскулоҳи бузурги Душанбе”, ки аз 2-юм то 4-уми май дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ доир мегардад, ҳайати асосии мунтахаби ҷудои кишвар барои иштирок дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон, ки аз 13-ум то 20-уми июн дар шаҳри Будапешти Маҷористон сурат мегирад, муайян карда мешавад.
Ёдовар мешавем, паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё, ки моҳи апрели соли гузашта дар Ҳонконг баргузор шуд, се медал ба даст оварда буданд.
Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кило, Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кило ва Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кило бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.