Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се даста ба чорякфинали Ҷоми Тоҷикистон-2025 роҳ ёфт


Марҳилаи ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2025, ки рӯзи 29-уми июл шуруъ шуд, се дастаи иштироккунандаи даври чаҳорякфиналиро муайян кард.

Барандаи феълии Ҷоми Тоҷикистон – “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода - дар марҳилаи 1/8-ниҳоӣ дар майдони худ тими «Барқчӣ»-и Ҳисорро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод. Дар ин дидор Самандар Қодиров ду гол зад. Вай дар дақиқаи 46-ум ҳисобро кушод ва дар дақиқаи 71-ум ба дарвозаи меҳмонон боз як гол зад. Голи дуюми мизбононро Шерзод Маҳамадиев дар дақиқаи 64-ум аз пеналти ба нишон расонд.

Дар бозии дигари ин марҳила «Ҳулбук»-и Восеъ дар варзишгоҳи «Фурудгоҳ»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тими «Парвоз»-и Фурудгоҳи Хуҷандро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард. Голи ягонаро бозигари “Ҳулбук” Азимов дар дақиқаи 54-ум зад.

Бозии ҳаштякниҳоӣ миёни ду дастаи лигаи якум - «Саройкамар»-и Панҷ ва «Ваҳдат»-и шаҳри Ваҳдат, ки дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Панҷ доир гардид, бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 1:0 ба поён расид. Голи Насим Маҳмадқулов дар дақиқаи 25-ум ба «Саройкамар» пирӯзӣ овард.

Ба ин тартиб, алъон се даста - “Регар-ТадАЗ”, “Ҳулбук” ва “Саройкамар - ба марҳилаи чаҳорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2025 роҳ ёфтанд. Дар чаҳорякфинал “Регар-ТадАЗ” бо «Ҳулбук» ва “Саройкамар” бо ғолиби ҷуфти “Равшан”/”Сардор” бозӣ мекунанд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ҳар як марҳилаи имсолаи мусобиқот аз як бозӣ иборат аст. Агар замони асосии дидор мусовӣ анҷом ёбад, онгоҳ ду қисми иловагӣ иборат аз 15-дақиқаӣ таъйин мешавад. Агар он ҳам ғолибро муайян насозад, бар асоси муқаррароти FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) силсилаи зарбаҳои пеналти таъйин мегардад.

Дар панҷ бозии дигари даври ҳаштякниҳоӣ дастаҳои зерин бо ҳам рақобат мекунанд:

«Равшан» (Кӯлоб) - «Сардор» (Турсунзода) - 30-юми июл;

«Эсхата» (Хуҷанд) – КМВА (Душанбе) - 30-юми июл;

«Истаравшан» (Истаравшан) - «Ҳосилот» (Фархор) – 31-уми июл;

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) - «Вахш» (Бохтар) – 1-уми август;

«Хуҷанд» (Хуҷанд) - «Истиқлол» (Душанбе) – 1-уми август.

Мусобиқот барои Ҷоми Тоҷикистон бори 34-ум сурат гирифтааст. Ҷоми миллиро аз ҳама бештар - 10 бор - дастаи “Истиқлол”-и Душанбе ба даст овардааст.

Ҷоми Тоҷикистон-2025

1/8 финал

«Парвоз» - «Ҳулбук» - 0:1

Гол: Азимов, 54 (0:1)

Сардовар: Қурбонмурод Шарипов (Турсунзода).

29-уми июл. Бобоҷон Ғафуров, варзишгоҳи «Фурудгоҳ»

«Саройкамар» - «Ваҳдат» - 1:0

Гол: Насим Маҳмадқулов, 25 (1:0)

Сардовар: Амирҷон Хоркашев (Душанбе).

29-уми июл. Панҷ, Варзишгоҳи марказӣ

«Регар-ТадАЗ» - «Барқчӣ» - 3:0

Голҳо: Самандар Қодиров, 46 (1:0), Шерзод Маҳамадиев, 64 – аз пеналти (2:0), Самандар Қодиров, 71 (3:0).

Сардовар: Бахтиёр Комилов (Кӯлоб).

29-уми июл. Турсунзода, варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена». 3000 тамошобин.

30-юми июл (чоршанбе)

Оғози бозӣ – соати 19:00

«Равшан» - «Сардор»

Сардовар: Наврӯз Воҳидов (Вахш).

Кӯлоб, варзишгоҳи «Кӯлоб-Арена»

30-юми июл (чоршанбе)

Оғози бозӣ – соати 20:00

«Эсхата» - КМВА

Сардовар: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).

Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»

31-уми июл (панҷшанбе)

Оғози бозӣ – соати 20:00

«Истаравшан» - «Ҳосилот»

Сардовар: Рустам Нурматов (Душанбе).

Истаравшан, Варзишгоҳи марказӣ

1-уми август (ҷумъа)

Оғози бозӣ – соати 16:45

«Панҷшер» - «Вахш»

Сардовар: Шаҳбоз Зардов (Душанбе).

Бохтар, варзишгоҳи «Вахш»

1-уми август (ҷумъа)

Оғози бозӣ – соати 20:00

«Хуҷанд» - «Истиқлол»

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG