Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарвазири пешин Абдумалик Абдуллоҷонов чӣ мехост?


Абдумалик Абдуллоҷонов. Акс аз соли 2013
Абдумалик Абдуллоҷонов. Акс аз соли 2013

Абдумалик Абдуллоҷонов, сарвазир ва сафири собиқ, ҳамеша гуфтааст, ки дар интихоботи президентии соли 1994 дар Тоҷикистон ғалаба насиби ӯ гашта, вале натиҷаҳо дасткорӣ шудаанд.

Ба гуфтаи вай, гуё 79 дарсади интихобкунандагон ӯро дар мақоми президенти Тоҷикистон диданӣ шудаанд ва субҳи 6-уми ноябр баъзе аз сафирони хориҷии муқими Душанбе пирӯзиро табрик кардаву ҳатто шабакаи "Маяк"-и радиои Русия ӯро ғолиб эълом доштааст. Аммо Кумисюни марказии интихобот гуфтааст, ки Абдуллоҷонов 34,69 дарсад ва рақибаш Эмомалӣ Раҳмонов (ҳоло Эмомалӣ Раҳмон) 59,54 дарсад рой овардаанд.

Дар зимн аввал ҷамъи овозҳо ба тарафдории Абдуллоҷонов 48 дарсад эълон шуда, ба сурати умум як ҳарҷу марҷе дар ҳисоби ройҳо вуҷуд дошт.

Интихоботи президентӣ дар ҳоле мегузашт, ки кишвар оғуштаи ҷанг буд ва ҳамроҳ бо интихобот назархоҳии умумии қабули Конститутсия низ ҷараён гирифт.

Раиси пешини Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, марҳум Раҳматилло Зоиров, тибқи Конститутсияи ҳанӯз қабулнашуда баргузор гаштани интихоботро ғайриқонунӣ меномид ва мегуфт, нахуст мебоист тарҳи Конститутсия дар назархоҳии умумӣ қабул мешуд ва сипас бар пояи он интихоботи президентӣ баргузор мегашт.

Дар бахши нави барномаи "Фақат ба хотири сулҳ", ки бо дархости мухлисони подкасти "Ганҷи шойгон" бозпахш мешавад, аз нав сару каллаи Абдуллоҷонов пайдо мегардад. Вай ҳамроҳи ду сарвазири дигари собиқ Ҷунбиши Эҳёи Миллиро таъсис дода, хостори ширкат дар гуфтушуниди сулҳ ва тақсими қудрат шуд.

Тарафҳои музокирот, ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсюни тоҷик ба ин даъват чӣ посух доданд ва аслан, тасмимҳо дар гуфтушунид оё аз тарафи кӣ гирифта мешуданд, дар ин бахши барнома шунавед.

Сарвазири пешин Абдумалик Абдуллоҷонов чӣ мехост?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:32:48 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG