Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирон дар Санкт-Петербург гирифтори салмонеллёз шуданд. ВИДЕО


Табибон дар Санкт-Петербург дар ҷисми 33 нафаре, ки аз универсами "Народный" оварда шуданд, бемории салмонеллёзро ошкор карданд. Аз миёни онҳо 32 нафар дар бемористон ҷой дода шудаанд. Ҳодисаҳои марги беморон сабт нашудааст.

Дар ин бора дафтари матбуоти идораи Роспотребнадзор дар шаҳри Санкт-Петербург хабар дод. Оҷонсии ТАСС бо такя ба гузориши ин ниҳод менависад, ки 33 ҳодисаи гирифторӣ ба салмонеллёз дар таърихи 31 октябр то 1 ноябри соли ҷорӣ сабт шуда беморон кормандони маркази тиҷоратии "Народный", воқеъ дар хиёбони Косигин-21

Бархе муҳоҷирон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки масъулини фурӯшгоҳ ҳушдор доданд, ки агар онҳо аз ин ҳодиса ба бемористон ё ҷои дигар шикоят кунанд, аз кор барканор мешаванд.

мебошанд. Ҳамаи беморон шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбакистон ҳастанд, гуфтаанд табибон. Дар изҳорот иловатан навишта шудааст, ки аксари беморони макони «дурӯғини» зистро қайд кардаанд.

Дар ин идора гуфтанд, ки дар миёни беморон ҳолатҳои сабук, миёна ва сангини гирифторӣ ба салмонеллёз ошкор шудааст. Ҳоло дар фурӯшгоҳ санҷиши санитариву эпидемиологӣ ҷараён дорад ва дар ин кор намояндагони сохторҳои ҳифзи қонун ҳам ҷалб шудаанд. ТАСС менависад, ки ҷалби ходимони интизомӣ ба хотири ҷилавгирӣ аз монеагузориҳои эҳтимолии маъмурияти фурӯшгоҳ сурат гирифтааст. Дар ҷараёни санҷиши аввалия қонунвайронкуниҳо ҳам сабт шудааст ва тамоми мавод ба додгоҳи федеролии Красногвардейский ва раёсати тафтишотии Кумитаи тафтишоти ноҳияи мазкур ирсол шудааст.

Санҷиши додситонии Петербург бояд инчунин муайян кунад, ки чаро ходимони тиб, аз ҷумла дар бемористони сироятии Боткинскии шаҳри Санкт-Петербург дар бораи ошкор шудани ҳодисаи бемории оммавӣ онҳоро дар ҷараён нагузоштанд. Дар ин бемористон ҳам бахше аз беморон ҷой дода шудаанд.

салмонеллёз як навъи сироят ё инфексияи шадиди рӯда мебошад, ки дар организми инсон ё ҷонвар дар паи истеъмоли чӯбчаи бактерияи салмонелла паҳн мешавад. Ин бактерия ба меъдаву рӯда асар ва табобати ҷиддиро зери назари духтур тақозо мекунад. Чӯбчаи салмонелла аз тариқи истеъмоли ғизои олудашуда ба организми инсон ворид мешавад.

14 тоҷик дар бемористон

Масъулони мағозаи "Народный" дар шаҳри Санкт-Петребург вазъи кормандони заҳролудшудаи ин мағозаро "мӯътадил" арзёбӣ кардаанд. Ҷовид Абдуллоев, раҳбари ҷамъияти тоҷикон дар мағозаи “Народный” рӯзи 2-уми ноябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳоло 14 тан аз коргарони тоҷики ин мағоза дар бемористон бистарӣ буда, беш аз 15 нафари дигар, ки вазъашон беҳтар аст, дар хонаҳояшон табобат мегиранд.

Чӯбчаи Салмонелла
Чӯбчаи Салмонелла

Ба гуфтаи Ҷовид Абдуллоев, зоҳиран, коргарони ин мағоза аз марҷумак ё худ гречкаи мӯҳлати истеъмолаш гузашта, заҳролуд шудаанд. Ӯ ҳалокати муҳоҷирон дар пайи ин заҳролудшавиро комилан рад кард. Дар шабакаи мағозаҳои мавсум ба "Народный» ба гуфтаи Абдуллоев, беш аз 500 муҳоҷири тоҷик кор мекунанд.

Ҷовид Абдуллоев гуфт: "Вазъи беморон хуб аст. Мо ҳамин саҳар дар беморхона бо онҳо сӯҳбат доштем. Духтурон ҳам вазъи онҳоро хуб арзёбӣ карданд. Ба онҳое, ки дар хона табобат мегиранд, телефони занг задем, вазъияти онҳо низ хуб аст."

Ба гуфтаи Абдуллоев, дар миёни заҳролудшудагон шаҳрвандони дигар кишварҳои Осиёи Миёна низ ҳаст, вале пизишкон гуфтаанд, ки ба ҳаёти онҳо хатар таҳдид намекунад. Абдуллоев афзуд, масъулини мағоза аз ӯ хоҳиш кардаанд, ки ба вазъи беморон расидагӣ намуда ва бо матбуот асли қазияро шарҳ диҳад.

Қаблан, рӯзи 30-уми октябр муҳоҷирони тоҷик аз Санкт-Петербург аз заҳролудшавии беш аз 30 нафар ба Радиои Озодӣ хабар доданд. Ин муҳоҷирон гуфтанд, ки зоҳиран баъди истеъмоли ғизои ошхонаи воқеъ дар дохили фурӯшгоҳи «Народный» онҳо заҳролуд шудаанд. Ин муҳоҷирон коргарони ҳамин шабакаи мағозаҳои маҳсулоти хӯроквории "Народный" будаанд.

Мағозае, ки тоҷикон онҷо заҳролуд шудаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:22 0:00

Нисфирӯзии 30 октябр баъди истеъмоли ғизои нисфирӯзӣ дар муддати кӯтоҳ ҳамаи онҳо мариз шуданд. Бархе муҳоҷирон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки масъулини фурӯшгоҳ ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки дар ин муассиса кор мекардаанд, ҳушдор доданд, ки агар онҳо аз ин ҳодиса ба бемористон ё ҷои дигар шикоят кунанд, аз кор барканор мешаванд.

Фурӯшгоҳи "Народный" дар ҳудуди ноҳияи Красногвардейскии шаҳри Санкт-Петербург ҷойгир аст. Дар дафтари матбуоти фурӯшгоҳ ва ҳам шӯъбаи истихдоми коргарони шабакаи "Народный" ба Радиои Озодӣ хабари заҳролудшавии коргаронро рад накарданд, вале гуфтанд, ки ин қазияро аслан шарҳ намедиҳанд.

Маҳмуд, яке аз коргарони мағозаи “Народный», рӯзи 31-уми октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, 30 октябр рӯзи кории ӯ набуд вале аз ҳамватанони ҳамкораш огаҳӣ ёфт, ки аксари онҳо баъди истеъмоли ғизо якбора бемор шуданд. Вай гуфт: "Рӯзи 30-ум октябр ҳангоми хӯрдани хӯрок дар ошхонаи мағозаи "Народный" бисёриҳо нотоб шуданд. Ду-се нафар пас аз чанд дақиқа аз по афтоданд ва бо мошини ёрии таъҷилӣ ба бемористон бурда шуданд".

Ин ҳамсӯҳбати мо гуфт, имрӯз беш аз 30 нафар коргарони мағоза ба кор набаромаданд, чунки пас хӯроки дирӯза ҳамагӣ бемор шудаанд. Маҳмуд гуфт, ки дар ин фурӯшгоҳ тоҷикон бо корҳои мухталифи мисли борбарӣ, қассобӣ, ҷобаҷокунии маҳсулот дар рафҳо ва корҳои дигар машғуланд ва рӯзе ду дафъа дар ошхонаи ҳамин фурӯшгоҳ ғизо мехӯранд.

Ҷустуҷӯ дар шабакаи интернет нишон дод, ки дар гузашта ҳам чандин бор исми фурӯшгоҳи "Народный", ки бо пешниҳоди ғизои арзону дастрас барои қишри камбизоати аҳолӣ маъруф аст, ба матбуот роҳ ёфтааст. Аз ҷумла, дар як ҳодисаи декабри соли 2012 пиразане аз он шикоят кардааст, ки моҳие, ки ӯ аз ин фурӯшгоҳ дар дохили як пакети баста харида буд, пайи дандони мушро дошт. Фурӯшгоҳ маблағи ин муштариро бозпас додааст.

XS
SM
MD
LG