Пайвандҳои дастрасӣ

Видеои Гулмурод Ҳалимов - дар "рӯйхати сиёҳ"-и Русия


Акси Гулмурод Ҳалимов дар сомонаи афроди таҳти таъқиби Интерпол
Акси Гулмурод Ҳалимов дар сомонаи афроди таҳти таъқиби Интерпол

Додгоҳи Русия чанд матлаби нашршуда дар Интернет, аз ҷумла видеои суханронии полковники тоҷики фирорӣ Гулмурод Ҳалимовро ифротӣ эътироф карда, табъу нашрашро манъ кардааст.

Додгоҳи ноҳияи Октябри шаҳри Владимири Русия, воқеъ дар 190-километрии шарқи шаҳри Маскав, рӯзи 18 апрел 9 матлаби нашршуда дар Интернетро ифротгароёна шинохта, табъу нашри онҳоро дар қаламрави Русия манъ кардааст.

Дар додгоҳи ноҳияи Октябр рӯзи 18 апрел ба Озодӣ гуфтанд, ки ин матлабҳо бо дархости додситонии шаҳр ба рӯйхати сиёҳи адабиёти мамнӯъ шомил карда шуданд.

Ин 9 матлаби табъу нашрашон мамнӯъ аз ҷумла маводи марбут ба гурӯҳҳои қавмгарои Русия, аз ҷумла сомонаи интернетии ҷамъиятҳои Popeye Mosh Crew», «xWhite Brothersx» ва таронаи «Россия» бо оҳанги “Коловрат – Слава России!..”-ро дар бар мегирад. Аммо бештари маводи бо қарори додгоҳи ноҳияи Октябр ба рӯйхати сиёҳ шомилшуда марбут ба тундравони исломианд, ки бо номҳои “О Умма! Проснись», «Истинный мусульманин генерал», «Сирия Халифат. Победа Близка», «Мощное дуа Мухаммада Люхайдана за муджахидов» дар Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардаанд.

Яке аз онҳо навори видеоии суханронии полковник Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи собиқи ОМОН – воҳиди вижаи вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, ки моҳи майи соли 2015 баъд аз фирораш ба Ховари Миёна ва пайвастанаш ба сафи ҷангҷӯёни гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” дар Интернет нашр кард. Ин навор бо номҳои мухталиф, аз ҷумла бо исми “Камандир ОМОН Таджикистан” дар Интернет бознашр шудааст ва додгоҳи Русия маҳз ҳамин навори ахирро ба рӯйхати сиёҳ шомил кардааст.

Матлаби дигаре, ки низ зоҳиран ба тундравони тоҷик рабт мегирад ва додгоҳи ноҳияи Октябр табъу нашрашро манъ кардааст, ба гуфтаи мақомоти ин додгоҳ, “Тоҷики муҷоҳидин” ном дорад.

Гулмурод Ҳалимов дар поёни моҳи апрели соли 2015 ғайб зад ва алакай дар поёни моҳи май аз худ дар Сурия хабар дод ва дар як паёми видеоӣ гуфт, ба нишони эътирози ба сиёсати, ба гуфтаи ӯ, зиддиисломии ҳукумати Тоҷикистон ба “Давлати исломӣ” пайвастааст. Мақомоти Тоҷикистон билофосила ин полковники фирориро ба хиёнат айбдор карда, аз тариқи Интерпол таҳти таъқиб қарораш доданд.

Ҳумайро Мирова
Ҳумайро Мирова

Аммо ахиран маълум шуд, ки ҳамсари ӯ Ҳумайро Мирова, сухангӯи пешини Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамроҳ бо фарзандонаш низ пеши шавҳараш ба Ховари Миёна рафтааст.

“Давлати исломӣ” як гурӯҳи тундрави мазҳабист, ки қисматҳое аз қаламравҳои Сурияву Ироқро ишғол ва дар ин заминҳои зери назораташ эълони ба ном “хилофат” кардааст. Ин гурӯҳ бо бархӯрди бераҳмонааш нисбат ба асирону дигарандешон, аз ҷумла бо зинда ба зинда сӯзондану гӯрондани мухолифонаш ном баровардааст.

“Давлати исломӣ” бо истифода аз шеваҳои нави даъвату таблиғ ва ҷалби афрод, бахусус аз тариқи Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ тавонист дар байни ду ило се соли охир қариб 20 0000 нафарро аз кишварҳои мухталиф ба Сурияву Ироқ бикашонад ва бо кумаки ин “сипоҳии муртазиқа” (зархарид) ҳатто шабакаи террористии Ал-Қоидаро ақиб гузошта, ба қавитарин созмони террористии ҷаҳони муосир табдил биёбад.

Кишварҳои Ғарб ва давлатҳои арабӣ ба раҳбарии Амрико эътилофи байналмилалие таъсис додаанд, ки мавқеъҳои “Давлати исломӣ”-ро дар Сурия бомбборон ва нирӯҳои Ироқ ва пешмаргаҳои курдро алайҳи ин гурӯҳи тундрав таъмини силоҳ мекунад.

Мақомоти Тоҷикистон аз пайвастани, ба ҳисоби онҳо, 1094 шаҳрванди тоҷик ба “Давлати исломӣ” ва ҳалокати ҳудуди 150 нафари онҳо дар ҷангҳои Сурияву Ироқ изҳори нигаронӣ мекунанд. Дар Душанбе бар ин боваранд, ки аксари ин тоҷикон ҳангоми муҳоҷирати корӣ дар Русия ва асосан тавассути Интернет ва шабакаҳои иҷтимоие, чун “ВКонтакте” ва “Одноклассники” ба доми фиреби мубаллиғони “Давлати исломӣ” ва гурӯҳҳои дигари тундрав афтода, барои ба ном “ҷиҳод” ба Ховари Миёна рафтаанд.

Мақомоти Русия аз соли 2006 ба таҳияи рӯйхати сиёҳи адабиёти мамнӯъ шурӯъ кардаанд. То имрӯз ин рӯйхати сиёҳ, ки дар сомонаи расмии вазорати адлияи Русия пайваста нав карда мешавад, 3 386 мақолаву китобу таронаву видеои бо ҳукми додгоҳҳои ин кишвар ифротгароёна эътирофшударо дар бар мегирад.

Бахши аъзами ин рӯйхати сиёҳ адабиёту наворҳои марбут ба тундравони исломӣ ва гурӯҳҳои қавмгарои Русия буда, дастикам дар 12 маврид матлабҳои зидди мардуми тоҷик, ба мисли видеои “Қатли як тоҷику як доғистонӣ” (“Казнь таджика и дага”) ва “Қатли тоҷики фурӯшандаи маводи мухаддир” (“Казнь таджикского наркоторговца”) низ ба ин феҳрасти мамнӯъ шомил карда шудаанд.

XS
SM
MD
LG