Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Регар-ТадАЗ" бори аввал барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Акс аз сомонаи ФФТ
Акс аз сомонаи ФФТ

Дастаи "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода, ки тими "Истиқлол"-и Душанберо бо ҳисоби 2:1 шикаст дод, бори аввал дар таърихи худ соҳиби Суперҷоми Тоҷикистон гардид.

Бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2026 дар Рӯзи ҷавонон ва остонаи Рӯзи ҷаҳонии футбол шоми шанбеи 23-юми май дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор байни қаҳрамони кишвар – "Истиқлол"-и Душанбе ва барандаи Ҷоми миллӣ – “Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода бо ҳузури беш аз 8000 тамошогар бо суръати баланд ва ҷолибу пуршиддат сурат гирифт.

Голҳои "Регар-ТадАЗ"-ро дар нимаи аввали дидор Азизбек Ҳаитов ва Абдураҳмон Нозимов ба самар расониданд. Нимҳимоятгар Абдураҳмон Нозимов беҳтарин бозигари Суперҷоми Тоҷикистон-2026 дониста шуд.

Голи ягонаи "Истиқлол"-ро Муҳаммадҷон Раҳимов дар ибтидои нимаи дувуми бозӣ зад.

Ба ин тартиб, "Регар-ТадАЗ", ки зери раҳбарии сармураббӣ Алишер Тӯхтаев футболи хуб нишон дод, аввалин маротиба дар таърихи худ ба гирифтани Суперҷоми Тоҷикистон мушарраф шуд.

Аммо "Истиқлол" бо роҳбарии сармураббӣ Виталий Левченко натавонист мухлисонашро шод карда, аввалин ҷомро дар мавсим ба даст биёрад.

Бояд зикр намуд, бори чаҳорум дастаҳои "Истиқлол" ва "Регар-ТадАЗ" барои Суперҷоми Тоҷикистон бо ҳам рақобат карданд. Дар се бозии пешин душанбегиҳо пирӯз шуда буданд. Соли 2011 “Истиқлол” бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад. Соли 2012 бошад, бозӣ бо ҳисоби 2:1 ба суди “Истиқлол” хотима ёфт.

Соли гузашта дастаи "Истиқлол" дар бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон тими "Регар-ТадАЗ"-ро аз рӯи силсилаи пеналти бо ҳисоби 5:4 (замони асосӣ ва изофа – 1:1) шикаст дод.

Суперҷоми Тоҷикистон сар аз соли 2010 бори ҳабдаҳум барпо гардид. Дар ин муддат ҳамагӣ ҳафт даста барои Ҷоми олӣ талош карда, чаҳор даста муваффақ шудааст.

"Истиқлол", ки дар ин бозиҳо 15 маротиба ширкат варзидааст, 13 бор (2010, 2011, 2012, 2014, 2015, 2016, 2018, 2019, 2020, 2021, 2022, 2024, 2025) барандаи Ҷоми олӣ гардидааст.

"Равшан"-и Кӯлоб ду бор (2013, 2023), "Ҳосилот"-и Фархор (2017) ва "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода (2026) якборӣ Суперҷоми Тоҷикистонро ба даст овардаанд.

Суперҷоми Тоҷикистон-2026

«Истиқлол» - «Регар-ТадАЗ» – 1:2

Голҳо: Азизбек Ҳаитов, 7 (0:1). Абдураҳмон Нозимов, 31 (0:2). Муҳаммадҷон Раҳимов, 50 (1:2).

Беҳтарин бозигари дидор: Абдураҳмон Нозимов («Регар-ТадАЗ»).

Сардовар: Бахтиёр Комилов (Кӯлоб).

23-юми май. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 8375 тамошогар.

НАТОИҶИ БОЗИҲОИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН (2010-2026):

2010. “Вахш" (Қӯрғонтеппа) – ”Истиқлол» (Душанбе) – 0:2

2011. "Истиқлол" (Душанбе) – “Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

– 1:0

2012. "Истиқлол" (Душанбе) – “Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1

2013. "Равшан" (Кӯлоб) – “Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1

2014. “Равшан" (Кӯлоб) – ”Истиқлол» (Душанбе) – 0:5

2015. "Истиқлол" (Душанбе) – “Хайр» (Ваҳдат) – 2:2. Аз рӯи силсилаи пеналти – 4:3

2016. "Истиқлол" (Душанбе) – “Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:2

2017. "Истиқлол" (Душанбе) – ”Ҳосилот» (Фархор) – 1:2

2018. "Истиқлол" (Душанбе) – “Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:2

2019. "Истиқлол" (Душанбе) – “Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:0

2020. "Истиқлол" (Душанбе) – “Хуҷанд» (Хуҷанд) – 2:1

2021. «Истиқлол» (Душанбе) - «Равшан» (Кӯлоб) - 2:0

2022. «Истиқлол» (Душанбе) - «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 1:0

2023. «Истиқлол» (Душанбе) - «Равшан» (Кӯлоб) - 0:1

2024. «Истиқлол» (Душанбе) - «Равшан» (Кӯлоб) – 2:1

2025. «Истиқлол» (Душанбе) - «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:1. Аз рӯи силсилаи пеналти – 5:4

2026. «Истиқлол» (Душанбе) - «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:2

XS
SM
MD
LG