Ин бозии AFC Challenge League дар гурӯҳи “С” рӯзи сешанбеи 28-уми октябр дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқови пойтахти Қирғизистон - шаҳри Бишкек - барпо гардид.
Нимаи аввали бозӣ бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт. Ҳамлагари “Регар-ТадАЗ” Шервонӣ Мабатшоев дар дақиқаи 33-юм ҳисобро боз кард. Баъди шаш дақиқа голи ҷавобиро бозигари кувайтиҳо Абдулазиз Носарӣ ба самар расонд. Голи дуюми “Ал-Арабӣ”-ро Юсуф Маҷид Ал-Шамарӣ дар дақиқаи 70-ум зад.
Бозии дигари даври дуюм дар гурӯҳи “С” миёни тимҳои «Мурас Юнайтед»-и Қирғизистон ва «Сафо»-и Лубнон бо ҳисоби 2:0 ба суди мизбонон ба поён расид. Голҳоро Ислом Юнусов дар дақиқаи 17-ум ва Нурсултон Токтоналиев (90+6) ба дарвозаи лубнониҳо ворид карданд.
Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии бозиҳои даври дуюми мусобиқот дастаҳои «Мурас Юнайтед» ва “Ал-Арабӣ” чоримтиёзӣ гирифтаанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо қирғизҳо дар ҷойи аввал ва кувайтиҳо дар ҷойи дуюм қарор доранд.
Дастаҳои “Регар”-ТадАЗ” ва “Сафо”, ки бо якимтиёзӣ мутаносибан ҷойҳои сеюму чорумро касб кардаанд, новобаста аз натиҷаи бозиҳои даври сеюм аз ҳаққи ширкат дар даври плей-офф маҳрум шуданд.
Дастаи “Регар”-ТадАЗ” нахустин бозиашро дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати AFC дар гурӯҳи “С” 25-уми октябр бо тими «Мурас Юнайтед»-и Қирғизистон бо ҳисоби 0:0 анҷом дода буд. Бозии дигари даври аввал миёни тимҳои «Ал-Арабӣ» ва «Сафо» бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфт.
Ҳамаи бозиҳои гурӯҳи “С” ба таври мутамарказ дар як ҷо, дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқови Бишкек, доир шудаанд. Ғолиби гурӯҳ – ё «Мурас Юнайтед» ва ё “Ал-Арабӣ” - ба плей-оффи мусобиқот роҳ меёбад.
Бозиҳои даври сеюм дар гурӯҳи “С” 31-уми октябр доир мегарданд. «Регар-ТадАЗ» бо «Сафо» соати 15 бо вақти Душанбе ва «Мурас Юнайтед» бо «Ал-Арабӣ» соати 19 бо вақти Душанбе ба рақобат мепардозанд.
Гурӯҳи «С»
Даври 1-ум
«Регар-ТадАЗ» (Тоҷикистон) - «Мурас Юнайтед» (Қирғизистон) – 0:0
25-уми октябр. Бишкек, варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқов.
«Сафо» (Лубнон) - «Ал-Арабӣ» (Кувайт) - 2:2
Голҳо: Тидиане Камара, 42, Ҳасан Меҳанна, 45, Қосим Ҳайек, 68 (ба дарвозаи худ) - Анайо Ивуала, 53 (аз пеналти).
Аз майдон хориҷ шуданд: Аббос Ассӣ («Сафо»), 51 - Набил Мармук, 80 («Ал-Арабӣ»).
25-уми октябр. Бишкек, варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқов.
Даври 2-юм
«Ал-Арабӣ» (Кувайт) - «Регар-ТадАЗ» (Тоҷикистон) – 2:1
Голҳо: Шервонӣ Мабатшоев, 33 (0:1), Абдулазиз Носарӣ, 39 (1:1), Юсуф Маҷид Ал-Шамарӣ, 70 (2:1)
«Регар-ТадАЗ» (Тоҷикистон): Мануэл Панни, Ҷозеф Феумба, Асилбек Темиров, Дэвид Атсам, Шерзод Муҳаммадиев, Далер Имомназаров, Абдулло Шарипов, Фаридун Давлатов (Шарафҷон Солеҳов, 89), Нозим Бобоҷонов (Шуҳрат Элмуродов, 74), Самандар Қодиров (Квадво Фримпонг, 77), Шервонӣ Мабатшоев.
28-уми октябр. Бишкек, варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқов.
«Мурас Юнайтед» (Қирғизистон) - «Сафо» (Лубнон) – 2:0
Голҳо: Ислом Юнусов, 17 (1:0), Нурсултон Токтоналиев, 90+6 (2:0).
28-уми октябр. Бишкек, варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқов.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “С”
| Ҷ | Дастаҳо | Б | Ғ | М | Б | Т | И |
| 1 | “Мурас-Юнайтед” | 2 | 1 | 1 | 0 | 2-0 | 4 |
| 2 | “Ал-Арабӣ ” | 2 | 1 | 1 | 0 | 4-3 | 4 |
| 3 | “Регар-ТадАЗ” | 2 | 0 | 1 | 1 | 1-2 | 1 |
| 4 | “Сафо” | 2 | 0 | 1 | 1 | 2-4 | 1 |
Даври 3-юм
31-уми октябр (ҷумъа)
15:00 - «Регар-ТадАЗ» (Тоҷикистон) - «Сафо» (Лубнон)
19:00 - «Мурас Юнайтед» (Қирғизистон) - «Ал-Арабӣ» (Кувайт)
Эзоҳ: Замони оғози ҳамаи бозиҳо бо вақти Душанбе нишон дода шудааст.
Лигаи даъвати АFC (AFC Challenge League) сеюмин мусобиқоти бошгоҳии футболи Осиё маҳсуб мешавад. Дар мавсими ҷорӣ дар мусобиқот 20 даста иштирок мекунад, ки ба ду минтақа – Ғарб ва Шарқ – тақсим шудаанд. Ҳар як даста барои иштирокаш дар мусобиқоти гурӯҳӣ 100 ҳазор доллар мегирад.
Аз рӯи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳӣ, ки то 1-уми ноябр идома хоҳад кард, ҳашт даста ба чорякфинал роҳ меёбад. Бозиҳои чорякниҳоӣ моҳи март, ниманиҳоӣ апрели соли оянда баргузор мешаванд. Финали мусобиқот 9-уми майи 2026-ум доир мегардад.
Гуфтугӯ