Ин бозии AFC Challenge League дар гурӯҳи “С” рӯзи ҷумъаи 31-уми октябр дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқови пойтахти Қирғизистон - шаҳри Бишкек - барпо гардид.
Нимаи аввали бозӣ бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт. Бозигари “Регар-ТадАЗ” Озодбек Панҷиев дар дақиқаи 9-ум ҳисобро боз кард. Голи ҷавобиро бозигари лубнониҳо Ҳабиб Швейх дар дақиқаи 40-ум зад. Голи дуюми “Сафо”-ро Тидиане Камара дар дақиқаи 50-ум ба самар расонд.
Бозии дигари даври дуюм дар гурӯҳи “С” миёни тимҳои «Ал-Арабӣ»-и Кувайт ва «Мурас Юнайтед»-и Қирғизистон бо ҳисоби 1:1 ба поён расид. Ба голи бозигари кувайтиҳо Анайо Ивуала дар дақиқаи 21-ум, мизбонон дар нимаи дуюми дидор посух доданд. Тӯбро Шарбел Гомес дар дақиқаи 55-ум ба дарвозаи кувайтиҳо ворид кард.
Ҳамаи бозиҳои гурӯҳи “С” бо ширкати чаҳор даста ба таври мутамарказ дар як ҷо, дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқови Бишкек, доир шуданд.
Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии бозиҳои даври охирини мусобиқот дар гурӯҳи “С” дастаҳои «Мурас Юнайтед» ва “Ал-Арабӣ” панҷимтиёзӣ гирифтанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо қирғизҳо ҷойи аввал ва кувайтиҳо ҷойи дуюмро касб карданд. “Ал-Арабӣ” соҳиби роҳхат ба даври чорякниҳоии мусобиқот гардид.
“Сафо” бо 4 имтиёз ҷойи сеюм ва “Регар”-ТадАЗ” бо як имтиёз ҷойи чорумро ишғол намуда, аз ҳаққи ширкат дар даври плей-оффи мусобиқот маҳрум шуданд.
Дастаи “Регар”-ТадАЗ” нахустин бозиашро дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати AFC дар гурӯҳи “С” бо тими «Мурас Юнайтед»-и Қирғизистон бо ҳисоби 0:0 анҷом дода, дар бозии даври дуюм аз тими «Ал-Арабӣ» бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрда буд.
Коршиносону мутахассисон натиҷаҳои футболбозони шаҳри Турсунзодаро дар Бишкек ғайриқаноатбахш меҳисобанд. Нокомии “Регар-ТадАЗ” дар Лигаи даъвати AFC зери раҳбарии сармураббӣ Алишер Тухтаев боиси нигаронии мухлисони даста гардидааст.
Гурӯҳи «С»
Даври 1-ум
«Регар-ТадАЗ» (Тоҷикистон) - «Мурас Юнайтед» (Қирғизистон) – 0:0
25-уми октябр. Бишкек, варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқов.
«Сафо» (Лубнон) - «Ал-Арабӣ» (Кувайт) - 2:2
Голҳо: Тидиане Камара, 42, Ҳасан Меҳанна, 45, Қосим Ҳайек, 68 (ба дарвозаи худ) - Анайо Ивуала, 53 (аз пеналти).
Аз майдон хориҷ шуданд: Аббос Ассӣ («Сафо»), 51 - Набил Мармук, 80 («Ал-Арабӣ»).
25-уми октябр. Бишкек, варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқов.
Даври 2-юм
«Ал-Арабӣ» (Кувайт) - «Регар-ТадАЗ» (Тоҷикистон) – 2:1
Голҳо: Шервонӣ Мабатшоев, 33 (0:1), Абдулазиз Носарӣ, 39 (1:1), Юсуф Маҷид Ал-Шамарӣ, 70 (2:1)
28-уми октябр. Бишкек, варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқов.
«Мурас Юнайтед» (Қирғизистон) - «Сафо» (Лубнон) – 2:0
Голҳо: Ислом Юнусов, 17 (1:0), Нурсултон Токтоналиев, 90+6 (2:0).
28-уми октябр. Бишкек, варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқов.
Даври 3-юм
«Регар-ТадАЗ» (Тоҷикистон) - «Сафо» (Лубнон) – 1:2
Голҳо: Озодбек Панҷиев, 9 (1:0), Ҳабиб Швейх, 40 (1:1), Тидиане Камара, 50 (1:2).
31-уми октябр. Бишкек, варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқов.
«Ал-Арабӣ» (Кувайт) - «Мурас Юнайтед» (Қирғизистон) - 1:1
Голҳо: Анайо Ивуала, 21 (1:0), Шарбел Гомес, 55 (1:1).
31-уми октябр. Бишкек, варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқов.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “С”
| Ҷ | Дастаҳо | Б | Ғ | М | Б | Т | И |
| 1 | “Мурас-Юнайтед” | 3 | 1 | 2 | 0 | 3-1 | 5 |
| 2 | “Ал-Арабӣ ” | 3 | 1 | 2 | 0 | 5-4 | 5 |
| 3 | “Сафо” | 3 | 1 | 1 | 1 | 4-5 | 4 |
| 4 | “Регар-ТадАЗ” | 3 | 0 | 1 | 2 | 2-4 | 1 |
Лигаи даъвати АFC (AFC Challenge League) сеюмин мусобиқоти бошгоҳии футболи Осиё маҳсуб мешавад. Дар мавсими ҷорӣ дар мусобиқот 20 даста иштирок мекунад, ки ба ду минтақа – Ғарб ва Шарқ – тақсим шудаанд. Ҳар як даста барои иштирокаш дар мусобиқоти гурӯҳӣ 100 ҳазор доллар мегирад.
Аз рӯи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳӣ, ки 1-уми ноябр ба поён мерасад, ҳашт даста ба чорякфинал роҳ меёбад. Бозиҳои чорякниҳоӣ моҳи март, ниманиҳоӣ апрели соли оянда баргузор мешаванд. Финали мусобиқот 9-уми майи соли 2026-ум доир мегардад.
Гуфтугӯ