Яке аз мусоҳибони солманди Озодӣ аз ҷумла гуфт: "Ӯ бояд дар ин давраи нави раҳбариаш тамоми мардуми Тоҷикистонро аз рӯи виҷдон ва тибқи қасами ёдкардааш баробар нигоҳ кунад." Ҳамсӯҳбати дигару ҷавони мо изҳори боварӣ кард, ки президент ба қасами хӯрдааш содиқ хоҳад монд. Нафари севум Тоҷикистонро ба як киштӣ ва президенташро ба нохудо(капитан)-и он монанд кард ва гуфт, рафтори нохудо аз рафтори боқӣ мардум ҳам сахт вобаста аст, ки то куҷо ӯро кумаку дар сурати ба иштибоҳ роҳ додан ислоҳаш мекунанд?
Аммо дар маҳофили Тоҷикистон эҳтимоли ба як ислоҳоти фарогир ва тағйири куллии вазъ ирода кардани Эмомалӣ Раҳмон дар охирин давраи раҳбариашро ночиз мешуморанд ва мегӯянд, ҳолати феълии кишвар ӯву давлати ӯро қонеъ мекунад.
Таҳлилгари масоили сиёсии Тоҷикистон Исмоил Раҳматов ҳалли масъалаи бебарқӣ, таъмини мардум бо ҷои кори муносиб ва аз байн бурдани маҳаллгароӣ, бахусус дар сиёсати кадриро аз муҳимтарин вазифаҳое меномад, ки Эмомалӣ Раҳмон дар давраи инак чоруми раҳбариаш дар рӯбарӯи он қарор хоҳад гирифт. Исмоил Давлатов мегӯяд,”ҳар дафъа дар маросими адои савганд аз забони оқои Раҳмон ваъдаҳои баланд садо медиҳанд. Ҳатто агар нисфи ин ваъдаҳо иҷро шаванд, беҳтарин кор мешуд. Вале мо дида истодаем, ки давраҳои раҳбарӣ мегузаранд, аммо ин ваъдаҳо ҳама дар рӯи қоғаз иҷроношуда боқӣ мемонанд. “
Ба ақидаи Исмоил Раҳматов, алакай дар чанд моҳи аввали давраи нави раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла аз шеваи ташкили ҳукумати нави ӯ маълум хоҳад шуд, ки оё оқои Раҳмон дар ин охирин давраи раёсаташ то куҷо дар амри иҷрои ваъдаҳои додаи худ самимона талош хоҳад кард.
Ӯ меафзояд: “Барои дидани мушкилот ва камбудиҳои рӯзгор дар Тоҷикистон пурбин ҳам лозим нест. Кофист, ки кас аз тирезаи хонааш як бор ба берун нигоҳ кунад. Ҳоло дигар дар ягон кишвари пасошӯравӣ лимити барқ нест. Дар Узбакистон мегӯянд, ки камбуди барқ ҳаст, вале фикр накунам, ба дараҷае бошад, ки мо дар Тоҷикистон мебинем. Ин масъала бояд билохира ҳалл шавад. Масъалаи дигаре ки Эмомалӣ Раҳмон бояд билохира ба он расидагӣ кунад, маҳаллгароист. Бояд нафарони дар воқеъ шоиста ба мақомҳои давлатӣ таъйин шаванд. Кори давлатро ҳамин кадрҳо мекунанд.”
Ойниҳол Бобоназарова, фаъоли ҳуқуқи башар ва номзади сабтиномнашудаи Иттиҳоди нирӯҳои ислоҳотхоҳ дар интихоботи президентӣ рӯзи 16 ноябр ба Радиои Озодӣ дар вокуниш ба адои савганд ва суханронии барномавии Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “хубтар мешуд, агар президент дар ин суханрониаш дар мақоми аввал истодани ҳуқуқи инсон барои давлати ӯро зикр мекард ва таъкид мекард, ки роҳи Тоҷикистон роҳи демократия аст ва арзишҳои инсонӣ барои Душанбе ҷойгоҳи муҳим доранд. Ваъдаҳои баланд ҳар дафъа дода мешаванд, вале муҳим иҷро шудани ин ваъдаҳост. ”
Азбаски солҳои 2013-2020, тибқи Қонуни асосии Тоҷикистон, охирин давраи ҳафтсолаи раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон бар Тоҷикистон шумурда мешавад, Ойниҳол Бобоназарова мегӯяд, ки ӯ бояд ин фурсати охиринро билохира барои бунёди меъёрҳои ҳадди ақали як ҷомиаи демократӣ ва таҳияи шароити интихоботҳои озоде, ки ақалан ба меъёрҳои ҳадди ақали як интихоботи демократӣ ҷавобгӯ бошад, сарф кунад.
Хонум Бобоназарова афзуд, самту сӯи сиёсати давлати ояндаи Раҳмонро ин нукта маълум хоҳад кард, ки оё дар кобинаи ояндааш тими ислоҳотхоҳон сози аввалро хоҳад навохт ваё боз ҳамон кадрҳои кӯҳна. Ӯ бо назардошти ин ки дар Тоҷикистон қариб тамоми масоилро як нафар – раисиҷумҳур – ҳал мекунад, зиёд мунтазири ислоҳоти куллие дар 7 соли оянда нест.
Таҳлилгари масоили сиёсии Тоҷикистон Парвиз Муллоҷонов низ эҳтимоли ба як ислоҳоти ҷиддӣ, ҳадди ақал дар масоили кадрӣ даст задани Эмомалӣ Раҳмонро баъид медонад ва мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон дар ин давраи ниҳоии раҳбариаш низ ҳамон сиёсатеро, ки 21 сол боз дорад, идома хоҳад дод. Ба бовари ӯ, дар ин ҳафтсола талошҳои ҳукумати оқои Раҳмон бештар барои сохтани нирӯгоҳи Роғун ва таҳкими боз ҳам бештари ҳукумати марказӣ равона хоҳад шуд. Дар айни ҳол, ба ақидаи ин таҳлилгар, ҷараёни муҳоҷирати аҳолӣ ҳамчунон афзоиш ёфта, мардикорӣ дар хориҷ манбаъи асосии таъмини хонаводаҳои тоҷик боқӣ хоҳад монд.
Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи рӯзи 6 ноябр аз байни 6 номзад бо касби 84 дарсади оро баранда эълон шуд. Аҳзоби мухолифин натавонистанд номзади ягонаи худро дар ин интхиобот сабти ном кунанд ва ба бовари нозирони умур, 5 рақиби Эмомалӣ Раҳмон асосан тарафдорони давлати ӯ буданд, ки танҳо ба хотири алтернативӣ ҷилва додани ин маърака сабти ном шуданд. Нозирони САҲА интихоботи рӯзи 6 ноябри президентии Тоҷикистонро ҷавобгӯи меъёрҳои қабулшудаи интихоботҳои демократӣ эътироф накард.
Тибқи охирин тағйири Қонуни асосӣ дар соли 2003, ин охирин давраи ҳафтсолаи раҳбарии ӯ бар Тоҷикистон аст. Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1992 инак 21 сол боз бар ин фақиртарин кишвари пасошӯравӣ раҳбарӣ мекунад. Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 16 ноябр бо адои савганд расман ба иҷрои давраи охирини раёсаташ шурӯъ кард.
Савганди чоруми Эмомалӣ Раҳмон (2013)
Ин пайванд (линк) дар минтақаҳое, ки вебсайти мо бастааст, кор мекунад