Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), барои иштирок дар “Тоскулоҳи бузург”-и Улан-Батор то ҳоло 236 варзишгар (142 мард ва 94 зан) аз 28 кишвари 4 қораи олам номнавис шудаанд.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 12 варзишгар (10 мард ва 2 зан) дохиланд, ки дар шаш вазн байни мардон ва дар 2 вазн миёни занон рақобат хоҳанд кард.
Дар сабқати мардон Меҳрзод Суфиев (дар вазни 60 кило), Муллораҷаб Халифаев ва Ёсин Бобокалонов (ҳарду дар вазни 66 кило), Муҳиддин Асадуллоев ва Масъуди Аҳмадзод (ҳарду дар вазни 73 кило), Умедҷон Раҷабов ва Мизробшо Лоиқов (ҳарду дар вазни 90 кило), Муҳсин Малаев ва Кароматулло Ҳакимов (ҳарду дар вазни 100 кило), Мансур Раҳмон дар вазни беш аз 100 кило ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.
Дар сабқати занон Тоҷикистонро Александра Кан дар вазни 57 кило ва Виктория Киселёва дар вазни беш аз 78 кило намояндагӣ мекунанд.
Барномаи “Ulaаnbaatar Grand Slam 2025”:
25-уми июл (ҷумъа). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон; -60 кг, -66 кг байни мардон.
26-уми июл (шанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -63 кг, -70 кг миёни занон; -73 кг, -81 кг байни мардон.
27-уми июл (якшанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -78 кг, +78 кг миёни занон; -90 кг, -100 кг, +100 кг байни мардон.
24-уми июл дар шаҳри Улан-Батор қуръакашии мусобиқоти “Ulaanbaatar Grand Slam 2025” баргузор гардида, аввалин рақибони паҳлавонони тоҷик муайян гардиданд.
Меҳрзод Суфиев дар вазни то 60 кило дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо намояндаи Қазоқистон Нуродил Аржан нерӯсанҷӣ мекунад.
Муллораҷаб Халифаев дар вазни то 66 кило дар даври аввал бо Хуе Зиянг аз Чин вориди рақобат мешавад. Дар ин вазн Ёсин Бобокалонов бо Йержан Йеренкаюпови қазоқ рӯбарӯ хоҳад шуд.
Масъуди Аҳмадзод дар вазни то 73 кило дар даври аввал бо варзишгари мизбон Энхтур Ҷугдергарав аз Муғулистон қувва меозмояд. Инчунин дар ин вазн Муҳиддин Асадуллоев дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо ғолиби ҷуфти Юдай Танака аз Ҷопон ва Саидмуҳаммад Халидов аз Украина рақобат мекунад.
Умедҷон Раҷабов, ки дар вазни то 90 кило дар даври аввал озод аст, дар даври дуюм бо ғолиби ҷуфти Ган-Эрдене Тсеренбат аз Муғулистон ва Минки Сонг аз Кореяи Ҷанубӣ нерӯ месанҷад. Дар ин вазн Мизробшо Лоиқов, ки даври аввал озод мебошад, дар даври дуюм бо Влад Висан аз Руминия ба рақобат мепардозад.
Муҳсин Малаев дар вазни то 100 кило дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо Антон Савютский аз Украина рӯбарӯ мешавад. Дар ин вазн Кароматулло Ҳакимов дар даври дуюм бо ҷудокори дастаи бетараф Идар Бифов қувва меозмояд.
Мансур Раҳмон дар вазни +100 кило дар даври аввал бо ҷудокори мизбон Хангарид Гантулга аз Муғулистон рақобат мекунад.
Александра Кан дар вазни то 57 кило дар даври аввал бо Яқи Гонг аз Чин ва Виктория Киселёва дар вазни +78 кило дар даври аввал бо ҷудокори бетараф Вероника Кафанова қувва меозмоянд.
Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқот 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳар як вазн (7 вазн байни мардон ва 7 вазн миёни занон) бо 5000 евро (4000 евро - варзишгар, 1000 евро - мураббӣ), барандагони медали нуқра бо 3000 евро (2400 евро - варзишгар, 600 евро - мураббӣ) ва соҳибони нишони биринҷӣ бо 1500 евро (1200 евро - варзишгар, 300 евро - мураббӣ) сарфароз мегарданд.
Варзишгарон дар ин мусобиқоти байналмилалӣ ба ҷуз аз медалу ҷоизаҳои молӣ, инчунин соҳиби имтиёзҳо дар феҳристи ҷаҳонии ҷудо мегарданд. Барои ҷойи аввал 1000 имтиёз, ҷойи дуюм - 700, ҷойи сеюм - 500, ҷойи панҷум – 360 ва ҷойи ҳафтум – 260 имтиёз дода мешавад.
Гуфтугӯ