Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақибони мунтахаби Тоҷикистон (U-17) дар Ҷоми Осиё-2025 маълум шуданд


Мунтахаби футболи наврасони то 17-солаи Тоҷикистон
Мунтахаби футболи наврасони то 17-солаи Тоҷикистон

Рақибони дастаи мунтахаби футболи наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025, ки аз 3-юм то 20-уми апрел дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, муайян гаштанд.

Аз рӯи натиҷаи қуръакашии Ҷоми Осиё-2025, ки 23-юми январ дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё (AFC), дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия, баргузор шуд, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар гурӯҳи “D” қарор гирифт. Рақибони футболбозони навраси тоҷик тимҳои мунтахаби Эрон, Умон ва Кореяи Шимолӣ мебошанд.

Бар асоси қуръакашӣ шонздаҳ даста ба чаҳор гурӯҳ тақсим шуданд, ки ҳар кадом аз чаҳордастаӣ иборатанд:

гурӯҳи «А» - Арабистони Саудӣ, Узбекистон, Тайланд, Чин; гурӯҳи «В» - Ҷопон, Австралия, Ветнам, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ;

гурӯҳи «С» - Кореяи Ҷанубӣ, Яман, Афғонистон, Индонезия;

гурӯҳи «D» - Эрон, Тоҷикистон, Умон, Кореяи Шимолӣ.

Баъд аз анҷоми марҳилаи гурӯҳӣ аз ҳар гурӯҳ ду тими беҳтарин ба даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2025 роҳ меёбанд. Ҳамаи иштироккунандагони даври чорякниҳоӣ соҳиби роҳхат ба қаҳрамонии ҷаҳон-2025 миёни наврасон мешаванд, ки аз 5-ум то 27-уми ноябр дар Қатар доир мегардад.

Дар ҳамин ҳол дастаи мунтахаби футболи наврасони то 17-солаи Тоҷикистон зери раҳбарии сармураббӣ Марко Раҷини, мутахассиси итолиёӣ, дар ҷамъомади таълимию тамринӣ дар шаҳри Анталияи Туркия ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 омодагӣ мебинад.

Марко Раҷини дар бораи рақибонаш чунин гуфтааст: «Мо дар марҳилаи интихобӣ дар Сингапур бо дастаи Уммон бозӣ карда будем. Дастаи хуб аст. Тими Эрон низ барои мо ба хубӣ ошност, чунки дар мусобиқаҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ чандин маротиба бо ҳам вохӯрдаем. Ва бозиҳои мо ҳамеша душвор мегузаштанд. Дар мавриди мунтахаби Кореяи Шимолӣ – ин даста дар марҳилаи интихобӣ дар як гурӯҳ бо Эрон бозӣ карда, бо ҳисоби 4:1 пирӯз шудааст. Ҳамин тавр, дар Арабистони Саудӣ мо бо дастаҳои қавӣ рақобатҳои хеле душвор хоҳем дошт. Бовар дорам, ки мо дар Ҷоми Осиё-2025 ба мақсади худ мерасем.»

Ёдовар мешавем, футболбозони навраси тоҷик дар доираи ҷамъомади таълимию тамринӣ се бозии санҷишӣ анҷом доданд. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бар тими мунтахаби ҷавонони то 19-солаи «Манавгат Беледиеспор»-и Туркия бо ҳисоби 1:0 ва бар ҳамсолони худ аз тими «Лехия Зелена Гура»-и Полша ё Лаҳистон бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуда, аз тими «Спартак»-и Суботитса, ки намояндаи Суперлигаи Сербия мебошад, бо ҳисоби 1:5 шикаст хӯрданд.

Бозии чаҳоруми санҷишии мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Анталия бо дастаи Академияи «Краснодар»-и Русия (U-17) дар назар аст.

XS
SM
MD
LG