Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“ПСЖ” ғолиби Лигаи қаҳрамонҳо шуд. Мухлисонаш бетартибӣ карданд


Бошгоҳи “ПСЖ” (Пари Сен-Жермен)-и Фаронса, ки дар бозии ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА (Созмони футболи Аврупо) дар мавсими 2024/2025 тими “Интер”-и Милани Италияро бо ҳисоби бузурги 5:0 шикаст дод, бори аввал ба унвони қаҳрамони ин мусобиқот мушарраф гардид.

Бозӣ миёни тимҳои “ПСЖ” ва “Интер” шаби 31-уми май дар варзишгоҳи “Алянс Арена”-и шаҳри Мюнхени Олмон баргузор шуд.

Ашраф Ҳакимӣ дар дақиқаи 12-ум ҳисобро боз кард. Дар дакикаи 20-ум Дезире Дуэ ҳисобро дучанд намуд. Дар дақиқаи 63-юм Дезире бори дигар муваффақ шуд. Дар дакикаи 73-юм Хвича Кваратсхелия голи чаҳорумро ба дарвозаи “Интер” зад. Голи ниҳоиро Сенни Меулу дар дақиқаи 86-ум ба самар расонд – 5:0.

Бояд гуфт, ки бузургтарин шикасти қаблӣ дар финали Лигаи қаҳрамонҳо соли 1994 иттифоқ афтод, ки “Милан” бар “Барселона” бо ҳисоби 4:0 пирӯз шуда буд.

Ин пирӯзии боэътимоди “ПСЖ” зери раҳбарии сармураббӣ Луис Энрике дар финали Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо буд. Ин аввалин унвони қаҳрамонӣ дар ин мусобиқот дар таърихи бошгоҳи Порис аст. Қаблан порисиҳо дар финал танҳо як бор – соли 2020 - иштирок карда, аз “Бавария” бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуда буданд.

Ҳамакнун “ПСЖ” дар Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳо, ки аз 15-уми июн то 13-уми июл баргузор мешавад, иштирок хоҳад кард.


Финали Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА-2024/2025

“ПСЖ” – “Интер” – 5:0 (2:0)

Голҳо: Ашраф Ҳакимӣ, 12, Дезире Дуэ, 20, 63, Хвича Кваратсхелия, 73, Сенни Меюлю, 86

Ҳайатҳои дастаҳо:

"ПСЖ": Доннарумма; Ҳакимӣ, Маркинос, Пачо, Мендеш (Эрнандес 70); Невеш (Заир-Эмерӣ 84), Витиня, Руис (Маюлю 84); Кваратсхелия (Рамуш 84), Дембеле, Дуэ (Барколя 66).

"Интер": Соммер; Павар (Биссек 53, Дармиан 62), Ачерби, Бастони; Думфрис, Барелла, Чалханоғлу (Асланӣ 70), Мхитарян (Аугусто 62), Димарко (Залевски 53); Лаутаро, Тюрам.

Корти зард: 65 Дуэ, 90 Ҳакимӣ – 56, Залевский, 69 Тюрам, 71 Ачерби.


БЕТАРТИБИҲО ҲАНГОМИ ТАҶЛИЛИ ПИРӮЗИИ “ПСЖ”

Пас аз пирӯзии таърихии дастаи футболи "Пари Сен-Жермен" (“ПСЖ”) бар тими "Интер" дар финали Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА, мухлисон дар шаҳрҳои гуногуни Фаронса, аз ҷумла Порис, ба бетартибиҳо даст заданд.

Мақомоти Фаронса мегӯянд, ки дар натиҷаи ин ҳодиса ду нафар ба ҳалокат расиданд. Яке аз қурбониён ҷавони 17-сола дар шаҳри Дакс мебошад, ки бо зарбаи корд маҷруҳ шуда, дар беморхона ҷон бохтааст.

Қурбонии дуюм марди 23-сола дар Порис аст, ки ҳангоми саворшавӣ бо скутер ба садама дучор гардида, фавтидааст.

Ба ғайр аз ин, 192 нафар маҷруҳ шудаанд, ки дар миёни онҳо кормандони полис ва оташнишонҳо низ ҳастанд. Мақомот дар маҷмуъ беш аз 550 нафарро боздошт кардаанд, ки 491 нафари онҳо танҳо дар шаҳри Порис дастгир шудаанд.

Вазорати корҳои дохилии Фаронса таъкид кардааст, ки тафтишоти ҷиддӣ ҷараён дорад ва шахсони масъул ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд.


Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG