Дар чанд ҷумла
Пизишкиён тасдиқ кард, ки бо ИМА дар Покистон гуфтугӯ хоҳанд кард
Масъуд Пизишкиён, президенти Эрон, ба Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон, гуфтааст, ки мақомоти ин кишвар рӯзи 10-уми апрел барои музокирот бо Иёлоти Муттаҳида ба Исломобод сафар хоҳанд кард.
Дафтари матбуоти нахуствазири Покистон, рӯзи 8-уми апрел хабар дод, ки раҳбарони ду кишвар 45 дақиқа “гуфтугӯи гарму самимӣ” доштаанд.
Шаҳбоз Шариф пас аз тамоси телефонӣ дар шабакаи иҷтимоии “X” навишт, ки “президент Пизишкиён иштироки Эронро дар музокироти оянда таъйид кард ва аз талошҳои Покистон изҳори сипос намуд”.
Пештар, ӯ эълон карда буд, ки ҳайатҳои ИМА ва Эронро барои рӯзи 10-уми апрел ба Исломобод даъват кардааст, то “ҷиҳати дастёбӣ ба созиши ниҳоӣ барои ҳалли ҳамаи баҳсҳо суҳбати бештар анҷом диҳанд”.
ИСНО, хабаргузории нимрасмии Эрон гузориш дод, ки Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси порлумони ин кишвар ҳайати кишварро раҳбарӣ хоҳад кард.
Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро дар ин гуфтушунид эҳтимол Ҷей Ди Вэнс, муовини президенти ИМА намояндагӣ кунад.
Бо вуҷуди ин, ҷузъиёти мазкур ҳанӯз аз ҷониби ҳукуматҳои ИМА ё Эрон расман тасдиқ нашудааст.
ИМА ва Исроил рӯзи 28-уми феврал ба Эрон ҳамла карданд. Ин ду кишвар эълон карданд, ки Эрон дар пайи сохтани силоҳи ҳастаӣ ҳаст ва бояд аз он пешгирӣ шавад. Эрон борҳо сохтани силоҳи ҳастаиро рад кардааст. Ҷанг беш аз як моҳ давом кард. Рӯзи 8-уми апрел ду кишвар ба оташбас барои ду ҳафта розӣ шуданд, то шартҳои ҳамдигарро барои хатми пурраи ҷанг баррасӣ кунанд.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Номи барандагони ҷоизаи Нобел дар бахши тиб маълум шуд
Номи барандагони имсолаи ҷоизаи Нобел дар бахши физиология ва тиб рӯзи 5-уми октябр эълон шуд. Онро муҳаққиқон Карл Дейссерот, Петер Ҳегеман ва Георг Нагел барои "кашфиёт дар бахши каналҳои ионии ҳассос ба нур ва оптогенетика" гирифтанд.
Кумитаи Нобел гуфт, Ҳегеман ва Нагел сафедаи "каналородопсин"-ро кашф карданд, ки ҳангоми ворид шудан ба ҳар ҳуҷайрае дар баробари нур ҳассос мешавад.
Донишманди сеюм Дейссерот "ин сафедаро ба калиде бо қобилияти назорати нурӣ барои ҳуҷайраҳои асаб табдил додааст".
"Акнун ин шеваи назорат аз аломатҳои асабро бо ёрии нур оптогенетика меноманд ва он аҳамияти ҷаҳонӣ касб кардааст," -- навиштааст Кумитаи Нобел.
Оптогенетика имкон медиҳад, ки роҳи ташаккулёбии хотира, эҳсосот ва рафтор дар мағзи сари инсони зинда мушоҳида шавад. Кумитаи Нобел навишт: “Ҳар рӯз як ихтирои нав мешавад, ки ба кашфи асрори инсоният – тарзи кори мағзи сари одам имкон медиҳад."
Бо шурӯи ҳафтаи эълони барандаҳои ҷоизаи Нобел, қарор аст, номи ғолибони ин ҷоизаи бонуфузтарини ҷаҳонӣ дар бахши физика, кимиё, адабиёт, иқтисод ва сулҳ базудӣ маълум шавад.
Тоҷикистон чораҳои беҳдоштиро дар марз тақвият додааст
Тоҷикистон баъди гузоришҳо дар мавриди вабо дар Русия бо ҳадафи пешгирӣ аз бемории сироятии хатарзо чораҳои беҳдоштиро дар гузаргоҳҳои марзӣ тақвият додааст.
Дафтари матбуоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи 5-уми октябр хабарро тасдиқ кард, аммо ҷузъиёт надод.
Дар ҳамин ҳол, хабаргузории "Азия-Плюс" аз қавли Саид Давлатзода, сардори раёсати амнияти санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ, навишт, ки ҳарорат ё таби мусофиронро дар сарҳад месанҷанд.
Инчунин, ба гуфтаи ӯ, аз мусофирон пурсида мешавад, ки оё нишонаҳое аз дилбеҳузурӣ, дарди сар, заъфи бадан ва дарди мушак доранд ё на.
Ӯ аз мусофироне, ки аз Русия меоянд, даъват кардааст, ҳангоми доштани яке аз ин нишонаҳо ҳатман ба мутахассисон муроҷиат кунанд.
Сабаби роҳандозӣ шудани чунин тадбирҳо марги як зани 28-сола дар бемористоне дар вилояти Иркутски Русия мебошад.
Матбуот ва саҳифаҳои мухталиф дар Телеграм навиштанд, ки ин зан рӯзи 25-уми сентябр дар як озмоишгоҳ шишаи дорои манбаи ваборо шикаст ва худаш ба беморхона интиқол ёфт. Мақомоти беҳдоштӣ гуфтанд, ин зан аз “илтиҳоби шуши табиаташ номаълум” даргузашт.
Дар Қазоқистон ва Қирғизистону Узбекистон ҳам эълон карданд, ки чораҳои беҳдоштиро дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ сахттар кардаанд.
Ҳамлаи шабонаи Русия бо 205 паҳпод ба Украина
Мақомоти низомии Украина гуфтанд, ки Русия шаби 4 ба 5-уми октябр бо 205 паҳпод ё ҳавопаймои бесарнишин ба ин кишвар ҳамла кард.
Аз ин теъдод танҳо 172 паҳподро маҳв намудаанд.
Шаҳрдори Харков, Игор Терехов, гуфт, бар асари бархӯрди паҳподҳои Русия ба манзилҳои истиқоматӣ як нафар кушта ва дастикам ҳашт тан захмӣ шуд.
Хадамоти давлатии ҳолатҳои фавқулодаи Украина хабар дод, ки низомиёни Русия ба ноҳияи Индустриали Харков низ ҳамла кардаанд.
Дар натиҷа бинои дуошёнаи маъмурӣ ва чанд мошин оташ гирифта, ба хонаҳои мардум зарар расид.
Дар ҳамин шаб вилояти Одесса низ мавриди ҳамла қарор гирифтааст. Ҳарчанд касе осеб надид, ба қавли раиси маъмурияти вилояти Одесса Олег Кипер, “сӯхтори густурдае сар зад.”
“TAS” наворҳои Галустянро дар Душанбе аз саҳифаҳояш пок кардааст
Ширкати сохтмонии “TAS International Group” наворҳои ҳузури Михаил Галустян, ҳаҷвнигори русро дар як ҳамоиш дар Душанбе аз саҳифаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ пок кардааст.
Михаил Галустян, ки бештар ӯро барои нақшҳои таҳқиромезаш нисбат ба муҳоҷирони тоҷик мешиносанд, рӯзи 30-юми сентябр бо даъвати ин ширкат ба Тоҷикистон омада буд.
Масъулони “TAS” сабаби ҳазфи наворҳоро шарҳ надодаанд, вале пештар аксу видеои пешвози ҳаҷвнигори рус ро бо нону намак ва иштирокаш дар муаррифии як тарҳи сохтмониро дар Душанбе нашр карда буд.
Сафари Михаил Галустян ба Тоҷикистон хашми фаъолони тоҷикро дар шабакаҳои иҷтимоӣ барангехт. Аксарият даъвати ӯро “таҳқир ба миллат” номида, дархост карда буданд, ки ӯро ба кишвар роҳ надиҳанд.
Галустян ба ин даъватҳо ҳеч вокунише накардааст.
Нақши Михаил Галустян дар силсиланамоиши ҳаҷвии “Наша Russia” дар соли 2010 эътирози тоҷиконро ба бор оварда буд.
Дар ин мазҳакаи телевизионӣ ду муҳоҷири корӣ бо номҳои "Равшан" ва "Ҷамшуд" нодону бесавод тасвир ёфтаанд, ки қоидаҳои одитарини зиндагиро намедонанд ва гуё ба забони тоҷикӣ гап мезананд.
Ин мазҳакаи телевизиониро фаъолони муҳоҷирон таҳқири тоҷикон номида буданд.
Михаил Галустян 46 сол дорад ва дар тарҳи телевизионии “Наша Russia” нақши “Равшан”-ро бозӣ кардааст.
Саида Мирзиёева гуфт, бо Трамп мулоқот кард, аммо ҷузъиёт надод
Саида Мирзиёева, духтари калонии раисҷумҳури Узбекистон ва ҳамзамон раҳбари дастгоҳи иҷроияи президенти ин кишвар, бо нашри аксе аз мулоқот бо раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп хабар дод.
Ӯ рӯзи 2-юми октябр дар саҳифааш дар шабакаи “Х” навишт, ки дидору гуфтугӯ бо раҳбари Иёлоти Муттаҳида барояш мояи ифтихор аст.
Мирзиёева ҳамин хабарро дар саҳифааш дар Телеграм ҳам нашр кард, аммо ҷузъиёт надод. Маълум нест, дар ин дидор дар бораи чӣ суҳбат шудааст. Кохи Сафед ҳам дар ин бора хабаре нашр накардааст.
Саида Мирзиёева бо як сафари корӣ дар Иёлоти Муттаҳида қарор дорад. Ӯ ҳафтаи гузашта аз минбари Маҷмаи умумии Созмони Милал ба унвони намояндаи кишвараш суханронӣ кард.
Вай дар мақоми раиси дастгоҳи иҷроияи президенти Узбекистон салоҳиятҳои худро бештар ва ҷойгоҳашро қавитар кардааст. Саида Мирзиеёваро як муддаии эҳтимолии курсии президентӣ дар оянда дар Узбекистон меноманд.
Вазъи саломатии муҳоҷирони кориро дар Тоҷикистон кӣ месанҷад?
Маркази миллии таҳқиқоти пизишкӣ дар Русия масъули санҷиши тиббии муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон таъйин шудааст.
Қарорро дар ин бора Михаил Мурашко, вазири тандурустии Русия, рӯзи 28-уми сентябр тасдиқ кард.
Намояндагони ин марказ пеш аз сафар вазъи саломатии муҳоҷиронро дар Тоҷикистон хоҳанд санҷид. Аз хадамоти ин идора ҳамчунин барои ирсоли гурӯҳии муҳоҷирон ба кор дар Русия истифода хоҳад шуд.
Ҳанӯз Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар бораи иҷрои ин қарор хабар надодааст, аз ҷумла маълум нест, ки идораи санҷиши саломатии муҳоҷирон дар куҷо ва дар чӣ шароит амал хоҳад кард.
Созишномаи ташхиси муҳоҷирон моҳи октябри соли 2025 аз сӯи мақомоти Тоҷикистону Русия имзо шуда, баъди тасвиб аз сӯи порлумонҳои ду кишвар иҷроӣ гардид.
Ин санад "қоидаҳои муоинаи тиббии шаҳрвандони Тоҷикистон, инчунин расондани хадамоти дигари тиббиро тибқи қонунгузории Русия ба танзим меорад".
Ҳар сол садҳо ҳазор нафар барои кор аз Тоҷикистон ба Русия мераванд.
Муҳоҷирон борҳо аз мушкил будани гирифтани санади тиббӣ дар Русия шикоят кардаанд. Ҳоло рӯшан нест, ки бо гузаштан аз муоинаи тиббӣ қабл аз сафар, ин мушкили муҳоҷирон то куҷо кам хоҳад шуд.
Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон бо гумони ифротгароӣ дар Абхозистон
Мақомоти интизомии Абхозистон аз боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон хабар доданд, ки ба гуфтаи онҳо ба таблиғи ифротгароӣ ва ҳимояти ошкоро аз фаъолиятҳои террористӣ муттаҳам мешавад.
Дар як видеое, ки мақомоти амниятии Абхозистон рӯзи 2-юми октябр дар Фейсбук нашр кардаанд, гуфта мешавад, Хуршед Ойматови 36-сола аз Тоҷикистон, дар ин ҷумҳурии худхонда иқомат мекард ва пайваста ақидаҳои исломи ифротиро аз тариқи интернет паҳн мекард.
Дар ин видео, ки саҳнаи боздошти шаҳрванди Тоҷикистон дар як вайронаро ҳам нишон медиҳанд, гуфта мешавад, ӯро дар ҳамкорӣ бо ФСБ ё Хадамоти Амнияти Федеролии Русия дастгир карда, барои муҳокима ба дасти маъмурони амниятии ин кишвар супурдаанд.
Назари муттаҳам ба ҷиноят маълум нест, вале дар гузашта афроди дигаре бо айни иттиҳом дар Абхозистон дастгир шудаанд.
Даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиш. Мақомот чӣ мегӯянд, мардум чӣ?
Маъракаи тирамоҳии даъвати ҷавонон ба артиши Тоҷикистон рӯзи якуми октябр шуруъ шуд.
Расонаҳои давлатӣ аз маросими ботантанаи гусели ҷавонон ва мақомоти баъзе аз шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон “аз сад дарсад” иҷро шудани нақша хабар доданд.
Пушти ин маросими ботантана воқеиятҳои дигарест, ки аксар аз тарси мақомот аз гуфтанашон метарсанд.
Ҳарчанд, мақомот аз ихтиёрӣ ҷалб шудани ҷавонон хабар медиҳанд, чанд падару модар аз шаҳру ноҳияҳои гуногун рӯзи 2-юми октябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аз қабл зери фишор фарзандони муҳоҷирашонро аз хориҷ баргардонда, ба артиш фиристоданд.
Мақомот мегӯянд, шароит дар артиш хуб шудааст, вале марги сарбозон дар артиш ва ҷалби ҷавонони маъюб ҳанӯз дида мешавад.
Радиои Озодӣ танҳо дар як соли охир дар бораи марги наздик ба 10 сарбоз ва ҷалби ду ҷавони бемор ба артиш хабар дод.
Як маҳбуси амрикоӣ баъди ду сӯзандоруи заҳри қотил зинда мондааст
Як зани амрикоӣ, ки соли 1996 барои куштори бераҳмонаи як духтар ба ҳукми қатл маҳкум шуда буд, баъди ду сӯзандоруи заҳри қотил зинда мондааст.
Криста Пайки 50-соларо баъд аз иҷрои бенатиҷаи ҳукми қатлаш ба бемористон бурдаанд.
Ӯ аввалин зане аз аёлати Теннеси аст, ки дар давоми 200 соли охир ба ҳукми қатл маҳкум шудааст.
Як соат пеш аз иҷрои ҳукми Пайка, Додгоҳи таҷдиди назари Амрико амр дод, ки парвандаи ӯро бозбинӣ кунанд. Аз ҷумла, додгоҳ гуфтааст, далелҳои вакилони Криста Пайк дар бораи ин ки ӯ дар хурдӣ мавриди хушунати ҷинсӣ қарор гирифтааст, бояд аз нав дида шавад.
Чанд соат баъди ин, Додгоҳи олии Амрико ин қарорро бекор кард. Раёсати зиндонҳои Теннеси гуфт, онҳо бар асоси “ҳар банди қоидаҳои иҷрои ҳукми қатл амал кардаанд”. Сарнавишти зан ҳоло маълум нест.
Криста Пайк замоне ки 18-сола буд, ҳамроҳи дӯстдоштааш Тадарил Шипп духтари дигареро бо номи Коллин Слеммер куштаанд. Шипп, ки он замон 17-сола буд, ба зиндони умрбод маҳкум шуд.
Пас аз содир шудани ҳукми қатли Пайк, маълум гашт, ки ӯ дар хурдӣ мавриди хушунати ҷинсии падарандарҳояш қарор гирифтааст.
Вазирони корҳои дохилии 8 кишвар дар Душанбе чӣ гуфтанд?
Вазирони корҳои дохилии 8 кишвар, аз ҷумла аз Русия, рӯзи якуми октябр дар шаҳри Душанбе ҷамъ омада, ҳамкориҳои муштаракро дар роҳи мубориза бо терроризм ва дигар ҷиноятҳои созмонёфта баррасӣ карданд.
Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои дохилии кишварҳои муштаракулманофеъ таваҷҷуҳи бештар ба “муқовимат ба шаклҳои муосири ҷинояткорӣ, аз ҷумла истифодаи фанновариҳои нав барои пешгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир, терроризму ифротгароӣ ва мағзшӯии ҷавонону наврасон дар интернет” равона карда шуд.
Қабл аз ин ҷаласа, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, бо вазирони корҳои дохилии Русияву Беларус, Узбекистону Қазоқистон, Қирғизистону Туркманистон, Арманистон ва Молдова гуфтугӯ дошт.
Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ, ҷонибҳо дар бораи рушди босуръати ҷиноятҳои киберӣ, истифодаи технологияҳои нав ва ҳуши маснуӣ аз ҷониби гуруҳҳои ҷинояткор изҳори андеша кардаанд.
Шӯрои вазирони корҳои дохилии кишварҳои муштаракулманофеъ соли 1996 таъсис ёфта, ҳадафаш ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии ин кишварҳои собиқи шӯравӣ барои мубориза бо қонуншиканиву ҷинояткорист.
Мақомоти интизомии ин кишварҳоро дар гузашта барои он танқид кардаанд, ки дигарандешон ё сиёсатмадорони мухолифро бо ҳар баҳона боздошт карда, барои муҳокима ба якдигар месупоранд.
“Фавран ва бечунучаро озод кунед.” Даъват ба раҳоии Бузургмеҳр Ёров
Як созмони ҳомии ҳуқуқ аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои шинохтаро аз зиндон озод кунад.
Созмони “Вакилон Ҳомии Вакилон”, қароргоҳаш дар Ҳолланд, бо нашри як баёния гуфтааст, вакили тоҷик ҳеч гуноҳ надорад ва аз ин рӯ мақомоти Тоҷикистон бояд уҳдадориҳои байнулмилалии худро иҷро ва “Бузургмеҳр Ёровро фавран ва бечунучаро озод кунанд”.
Рӯзи 28-уми сентябр аз замони боздошти вакили дифои тоҷик 11 соли расо сипарӣ шуд.
Ӯро, ки соли 2015 аз ҳуқуқи аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳимоят мекард, баъди созмони террористӣ эълон шудани он дастгир карда, сипас бо иттиҳоми “қаллобӣ”, “сохтакорӣ” ва “таҳқири намояндаи ҳокимият” ба 28 сол зиндон маҳкум карданд.
Созмони “Вакилон Ҳомиёни Вакилон” гуфтааст, тамоми иттиҳомот сохтаву бофта аст ва худи Бузургмеҳр Ёров ҳам ҳангоми муҳокимаҳои додгоҳӣ гуфтааст, ки гуноҳе надорад ва фақат аз ҳаққи муттаҳамон ба ҷиноят ҳимоят кардааст.
Яке аз кумитаҳои Созмони Милали Муттаҳид ҳам боздошти Бузургмеҳр Ёровро худсарона ва ғайриқонунӣ хонда, аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ки ӯро аз зиндон раҳо кунад.
Ҳарчанд ҳукми зиндони Бузургмеҳр Ёров бар асоси ду Қонуни афв дар солҳои 2019 ва 2021 кӯтоҳ карда шуд, вале соли 2023 мақомот парвандаи ҷиноии дигареро ба зидди ӯ боз карданд ва ӯ бояд камаш то соли 2043 дар зиндон бимонад.
Ҳукми ӯ бар асоси Қонуни афви имсол ҳеч тағйире накард.
Дар гузашта Созмони Милал ва ҳам созмонҳои зиёди ҳомии ҳуқуқ ҳукумати Тоҷикистонро барои зиндонӣ кардани Бузургмеҳр Ёров ва ҳуқудонҳои дигар танқид карда, хостаанд, ки онҳоро озод кунад, вале ин даъватҳо то кунун бепосух мондаанд.
Бузургмеҳр Ёров 55-сола ва хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон аст. Дар оғоз муфаттиши Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Душанбе буд. Аз соли 1998 вакили мудофеъ буд ва раёсати анҷумани “Сипар”-ро ба уҳда дошт.
На беш аз 1 миллион рубли нақд. Маҳдудияти нав дар Русия
Шаҳрвандони 7 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, аз баровардани пули зиёди нақд аз Русия маҳрум шудаанд.
Қарорро дар ин бора Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, рӯзи 29-уми сентябр имзо кард.
Акнун шаҳрвандони Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон (кишварҳои узви Иттиҳгоди иқтисодии АвруОсиё) ва инчунин Тоҷикистону Узбекистон ва Озарбойҷон ҳақ доранд, танҳо то 1 миллион рубли нақд (баробар ба дувоздаҳ ҳазор доллар)-ро аз Русия берун баранд.
Пештар як мусофир ҳақ дошт, аз Русия то 8,5 миллион рубли нақд, муодили 100 ҳазор долларро бо худ гирад.
Рӯзноманигор ва иқтисоддони тоҷик Пайрав Чоршанбиев дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, тасмими Путин бештар на ба миқдори пул, балки ба шеваи интиқоли пули муҳоҷирон метавонад таъсир гузорад.
Ӯ афзуд: “Муҳоҷироне ҳастанд, ки моҳҳои дароз дар Русия кор карда, барои харидани мошину бунёди хона ё баргузории тӯю маърака ва хароҷоти дигари калон пулҳои ҷамъкардаи худро нақд ба Тоҷикистон меоранд. Ин гурӯҳи муҳоҷирон акнун маҷбур мешаванд, аз хадамоти бонкӣ ва интиқоли расмии пул истифода кунанд,” -- гуфт Чоршанбиев.
Аз моҳи марти соли 2022 дар Русия берун бурдани пул (асъор)-и хориҷӣ ба миқдори беш аз 10 ҳазор доллар манъ аст.
Ду кушта ва чор захмӣ дар ҳамлаҳои Русия ба Киев
Мақомоти Украина рӯзи 30-юми сентябр гуфтанд, дар ҳамлаи мушакӣ ва паҳподии Русия ба Киев ва минтақаҳои атрофи он, ду кас, аз ҷумла як кӯдак кушта ва чаҳор тани дигар захмӣ шудаанд.
Тимур Ткаченко, раиси вилояти Киев, дар саҳифааш дар Телеграм навишт, пайкар ё ҷасади як кӯдаки кушташударо аз зери вайронаҳо берун овардаанд.
Ӯ афзуд, дар ин ҳамла хонаҳои мардум, анбору мошинҳо ва биноҳои дигари иҷтимоӣ низ осеб дида, дар чанд гӯша сӯхтор сабт шудааст.
Нерӯҳои ҳавоии Украина эълон карданд, ки Русия дар тӯли шаб бо чанд мушаки баллистикӣ ва 188 паҳпод ба Украина ҳамла кард ва вилояти Киев ҳадафи асосияш буд.
Русия дар ҳафтаҳои охир ҳамлаҳои худро ба пойтахти Украина шиддат бахшидааст.
Вазорати дифои Русия 30-юми сентябр тасдиқ кард, ки ба он чи як маркази иртиботот ва зербунёди энергетикии пуштибони тавлидоти низомӣ дар Киев ва минтақаҳои атрофи он меномад, бо истифода аз “силоҳҳои дақиқи дурбурд ва паҳподҳои ҳамлавар” “ҳамлаи густарда” анҷом додааст.
22 хориҷиро дар Душанбе бо гумони танфурӯшӣ дастгир кардаанд
Мақомоти интизомии Душанбе аз боздошти 22 духтари хориҷӣ хабар додаанд, ки ба гуфтаи онҳо ба танфурӯшӣ машғул буданд ва акнун аз Тоҷикистон ихроҷ карда мешаванд.
Раёсати корҳои дохилии пойтахт рӯзи 30-юми сентябр бо нашри баёнияи расмӣ гуфт, ин духтарон дар як марказе, ки хориҷиён иҷора гирифта, ба ҷойи танфӯрушӣ табдил додаанд, кор мекарданд.
"Дар натиҷаи санҷишҳои фаврӣ муайян гардид, ки шаҳрвандони яке аз кишварҳои хориҷӣ дар меҳмонхонаи “Hulbuk Palace” маркази дилхушӣ ташкил намуда, онро ба фоҳишахона табдил додаанд," -- гуфта шудааст дар баёнияи расмӣ.
Шарҳи боздоштшудаҳо дастрас нест.
Мақомот нагуфтаанд, ки онҳо шаҳрвандони кадом кишвар ҳастанд, аммо дар аксҳои нашркардаи мақомот дида мешавад, ки ё аз Чин ё аз ягон кишвари дигари Осиёи шарқӣ ҳастанд.
Дар ду соли охир боздошти духтарони хориҷӣ, бахусус аз Чин бо иттиҳоми танфурӯшӣ дар Тоҷикистон зиёд шудааст.
Аввали моҳи августи имсол мақомоти интизомии Душанбе аз боздошти гурӯҳе аз шаҳрвандони ин кишвари ҳамсоя хабар доданд, ки ба танфурӯшӣ машғул будаанд.
Моҳи октябри соли гузашта ҳам мақомоти интизомии Душанбе аз боздошти як нафар бо иттиҳоми “ташкили фоҳишахона” ва 15 духтаре хабар дода буданд, ки ба танфурӯшӣ машғул будаанд.
Дар Тоҷикистон барои танфурӯшӣ фақат ҷарима таъйин шудааст, вале барои мусоидат ба ин кор ҷазо сахттар ва ҳукми зиндон аст.
Боздошти шаш кас барои ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар Русия
Мақомоти интизомии Русия як гурӯҳеро боздошт кардаанд, ки ба қавли онҳо ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ машғул будаанд.
Вазорати корҳои дохилии Русия рӯзи 27-уми сентябр бо нашри як видео, ки тасдиқи дурустии он аз манобеи мустақил имконпазир нест, гуфт, ин гурӯҳи 6-нафарӣ даҳҳо шаҳрванди хориҷиро дар вилояти Маскав сабти ном кардаанд.
Дар ин видео гуфта мешавад, ки дар байни боздоштшудагон ду корманди идораи муҳоҷирати Русия низ ҳастанд.
Ба қавли намояндаи Вазорати корҳои дохилӣ, ин афрод як шеваи ғайриқонунии сабти расмӣ дар идораҳои муҳоҷират, кори ғайриқонунӣ ва ба даст овардани шаҳрвандии Русияро ба роҳ монда ва барои ин корашон пули зиёд мегирифтанд.
Дар видео дида мешавад, ки чӣ гуна мақомоти интизомӣ аз маҳалли боздошт санадҳои расмӣ, мӯҳр ва дигар ҳуҷҷатҳо мусодира мекунанд.
Дар умум, ба гуфтаи мақомоти Русия, 20 мавриди сабти ғайриқонунии хориҷиён ва муҳоҷирони кориро маълум кардаанд ва айни замон даст доштани афроди дигар ба ингуна фаъолияти ғайриқонунӣ таҳқиқ мешавад.
Мақомоти Русия умдатан худи муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷикро ба кору иқомати ғайриқонунӣ муттаҳам мекунанд.
Бисёр кам иттифоқ меафтад, ки онҳо кормандони идораи муҳоҷират ва ҳам маъмурони милисаро дар мусоидат ба кору муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба Русия муттаҳам карда, ба ҷавобгарии ҷиноӣ бикашанд.