Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи байнулмилалии сайри ҷаҳонии ҷудо “Qazaqstan Barysy Grand Slam 2025”, ки рӯзҳои 9-11-уми май дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остона - доир гардид, бе медал монданд.
Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF), дар ин мусобиқа 358 варзишгар (202 мард ва 156 зан) аз 44 кишвар иштирок карданд.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳашт варзишгар дохил буд, ки дар рақобатҳо байни мардон дар панҷ вазн ширкат карданд.
Инҳо: Абдулло Қуқаншоеви 20-сола (-60 кг), Икром Шамсови 18-сола (-60 кг), Беҳрӯзи Хоҷазодаи 30-сола (-73 кг), Масъуди Аҳмадзоди 22-сола (-73 кг), Суннатулло Мусоеви 21-сола (-81 кг), Муҳаммад Юсуфзодаи 21-сола (-81 кг), Мизробшо Лоиқови 22-сола (-90 кг) ва Муҳсин Малаеви 21-сола (-100 кг).
Дар байни гуштигирони тоҷик танҳо паҳлавони шинохта Беҳрӯзи Хоҷазода таҷрибаи бузурги иштирок дар чунин мусобиқоти сатҳи байнулмилалиро дошт. Вай дар вазни 73 кило дар даври аввал озод буд. Дар даври дуюм бо имтиёзи "юко" бар Армен Агаян аз дастаи IJF (Федератсияи байнулмилалии ҷудо) пирӯзӣ ба даст оварда, ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ ёфт. Вале дар ин марҳила Хоҷазода аз Асадбек Норбутаеви узбекистонӣ шикаст хӯрда, аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум шуд.
Масъуди Аҳмадзод дар вазни 73 кило, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар Муҳаммад Алоев аз Баҳрайн бо имтиёзи “иппон” пирӯз гашт. Аммо Масъуд дар марҳилаи ҳаштякниҳоӣ аз Йессет Куанови қазоқистонӣ мағлуб шуда, аз идомаи рақобатҳо бенасиб монд.
Дар вазни 81 кило Муҳаммад Юсуфзода дар даври аввал озод буд. Вай дар даври дуюм бар Оғоҷон Айҳанов аз Туркманистон дастболо шуда, ба даври сеюм роҳ ёфт. Юсуфзода дар ин марҳила бо имтиёзи “иппон” аз Абулайхан Жубаназари қазоқистонӣ ноком шуда, аз идомаи рақобатҳо маҳрум гашт.
Суннатулло Мусоев дар вазни 81 кило дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм аз ҷудокори ҷопонӣ Таканори Нагасе бо имтиёзи “иппон” мағлуб шуд ва аз идомаи рақобатҳо бенасиб монд.
Чаҳор паҳлавони дигари тоҷик - Абдулло Қуқаншоев (-60 кг), Икром Шамсов (-60 кг), Мизробшоҳ Лоиқов (-90 кг) ва Муҳсин Малаев (-100 кг) - дар даври аввал шикаст хӯрданд.
Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби IJF (Федератсияи байнулмилалии ҷудо) бо касби 5 медал (3 тилло ва 2 нуқра) мақоми аввалро соҳиб шуд. Мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо касби 3 медали тилло ҷойи дуюм, мунтахаби Ҷопон бо касби 7 медал (2 тилло, 4 нуқра ва 1 биринҷӣ) зинаи сеюмро ишғол карданд.
Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медод. Ғолибон дар ҳар як вазн (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни занон) бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони нишони биринҷӣ бо 1500 евро сарфароз гаштанд.
Варзишгарон дар ин мусобиқаи байнулмилалӣ ба ҷуз аз медалу ҷоизаҳои молӣ, инчунин соҳиби имтиёзҳо дар феҳристи ҷаҳонии ҷудо гардиданд. Барои ҷойи аввал 1000 имтиёз, ҷойи дуюм - 700, ҷойи сеюм - 500, ҷойи панҷум – 360 ва ҷойи ҳафтум – 260 имтиёз дода шуд.
Ёдовар мешавем, соли гузашта дар мусобиқаи байнулмилалии ҷудо “Qazaqstan Barysy Grand Slam 2024” ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон панҷ гуштигир дохил буд, ки дар сабқати мардон дар чаҳор вазн рақобат карданд.
Аз байни онҳо танҳо Темур Раҳимов дар вазни +100 кило тавонист медал бигирад. Вай дар даври ниҳоӣ аз Татсуру Саитои ҷопонӣ шикаст хӯрда, нишони нуқра ба даст овард.
Ғолибону ҷоизадорони “Qazaqstan Barysy Grand Slam 2025”:
Мардон
60 кг
1. Изнаур СААЕВ (IJF)
2. Талгар ОРИНБОЕВ (Қазоқистон)
3. Магжан ШАМШАДИН (Қазоқистон)
3. Амон БАКИТЖАН (Қазоқистон)
66 кг
1. Рамазан АБДУМАЕВ (IJF)
2. Гусман ҚИРҒИЗБОЕВ (Қазоқистон)
3. Муҳриддин ТУЛОЛОВ (Узбекистон)
3. Жантсандорж УРУНБАН (Муғулистон)
73 кг
1. Нилс СТУАР (Щвейтсария)
2. Казбек НАГУЧЕВ (Имороти Муттаҳидаи Арабӣ)
3. Ессет КУАНОВ (Қазоқистон)
3. Анкжая ЛАВҶАРГАЛ (Муғулистон)
81 кг
1. Ҷунван ЛИИ (Кореяи Ҷанубӣ)
2. Таканори НАГАСЕ (Ҷопон)
3. Заур ДВАЛАШВИЛИ (Гурҷистон)
3. Абилайхан ЖУБАЗАР (Қазоқистон)
90 кг
1. Михаил ИГОЛНИКОВ (IJF)
2. Егор МАЛКИН (IJF)
3. Адам КОПЕТСКИ (Ҷумҳурии Чех)
3. Теодорос ТСЕЛИДИС (Юнон)
100 кг
1. Дота АРАИ (Ҷопон)
2. Даниел ЕИХ (Швейтсария)
3. Марат БАЙКАМУРОВ (Қазоқистон)
3. Бакжан БАИТАС (Қазоқистон)
+100 кг
1. Хюго ОТА (Ҷопон)
2. Ерасил КАЖИНБОЕВ (Қазоқистон)
3. Гржегос ТЕРЕСИНСКИЙ (Лаҳистон)
3. Саба ИНАНИШВИЛИ (Гурҷистон)
Занон
48 кг
1. Ксинран ХУЕИ (Чин)
2. Сабина ГИЛЯЗОВА (IJF)
3. Наташа ФЕРЕЙРА (Бразилия)
3. Асунта СКУТТО (Италия)
52 кг
1. Маша БАЛЛХАУС (Олмон)
2. Аюми ЛЕИВА САНЧЕЗ (Испания)
3. Астрид ГНЕТО (Фаронса)
3. Ҷессика ПЕРЕЙРА (Бразилия)
57 кг
1. Фаиза МОКДАР (Фаронса)
2. Момо ТАМАОКИ (Ҷопон)
3. Паулин СТРАКЕ (Олмон)
3. Ширлен НАСИМЕНТО (Бразилия)
63 кг
1. Мелкия АУЧЕКОРНЕ (Фаронса)
2. Науми ТАНИОКА (Ҷопон)
3. Энхрийлен ЛХАГВАТОГОО (Муғулистон)
3. Рафаэла СИЛВА (Бразилия)
70 кг
1. Георгиа СТАНГЕРЛИН (Италия)
2. Юингерг ФЕНГ (Чин)
3. Дена ПОХЛ (Олмон)
3. Луана КАРВАЛЙО (Бразилия)
78 кг
1. Минжу КИМ (Кореяи Ҷанубӣ)
2. Мао ИЗУМИ (Ҷопон)
3. Ҷули ХОЕЛТЕРХОФФ (Олмон)
3. Беатриз ФРЕИТАС (Бразилия)
+78 кг
1. Хенжи ЛИИ (Кореяи Ҷанубӣ)
2. Ҷулиа ТОЛОФУА (Фаронса)
3. Рури ТАКАХАСИ (Ҷопон)
3. Ксинран НЮ (Чин)