Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паҳлавонони тоҷик дар Тошканд бе медал монданд


Ҷаҳонгир Маҷидов
Ҷаҳонгир Маҷидов

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи сайри ҷаҳонии ҷудо “Tashkent Grand Slam 2025, ки аз 28-уми феврал то 2-юми март дар пойтахти Узбекистон доир гардид, натавонистанд медал бигиранд.

Ба иттилои сомонаи Федератсияи байнулмилалии ҷудо, дар мусобиқаи “Тоскулоҳи бузург”-и Тошканд 242 варзишгар (116 мард ва 126 зан) аз 23 кишвари чаҳор қораи олам ширкат доштанд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар “Тоскулоҳи бузург”-и Тошканд 17 варзишгар (13 мард ва 4 зан) дохил буданд. Аз байни онҳо чаҳор нафар - Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни то 66 кило, Муҳиддин Асадуллоев дар вазни то 73 кило, Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кило ва Аҳлия Муъминова дар вазни то 48 кило – ҷойҳои панҷумро касб карданд.

Инчунин, ду нафар - Меҳрзод Сӯфиев ва Ҳақдод Гулов, ҳарду дар вазни то 60 кило, Мансур Раҳмон дар вазни +100 кило - ҷойҳои ҳафтумро соҳиб шуданд.

Даҳ нафари дигар - Умар Шеров (-66 кг), Ворис Назаров (-73 кг), Суннатулло Мӯсоев, Муҳаммад Юсуфзода (ҳарду -81 кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода, Мизробшо Лоиқов (ҳарду -90 кг), Кароматулло Ҳакимов (-100 кг), Александра Кан (-57 кг), Мадина Қурбонзода (-52 кг) ва Виктория Киселёва (+78 кг) - дар даврҳои муқаддамотӣ шикаст хӯрда, аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гаштанд.

Ба ин тартиб, пас аз натиҷагирии се рӯзи мусобиқа дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ҷопон бо касби 11 медал (5 тило, 4 нуқра ва 2 биринҷӣ) мақоми аввалро соҳиб шуд. Мунтахаби Чин бо касби 2 медал (2 тило ва 2 биринҷӣ) ҷойи дуюм ва мунтахаби Узбекистон бо касби 12 медал (1 тило, 3 нуқра ва 8 биринҷӣ) ҷойи сеюмро ишғол кард. Тоҷикистон бо чаҳор ҷойи панҷум ва се ҷойи ҳафтум дар зинаи чордаҳум ҷойгир шуд.

Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 154 000 евроро ташкил медод. Ғолибон дар ҳар як вазн (7 вазн байни мардон ва 7 вазн миёни занон) бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони нишони биринҷӣ бо 1500 евро мукофотонида шуданд.

Ба ҷуз аз медалу ҷоизаҳои молӣ, инчунин ғолибону ширкаткунандагони ин мусобиқаи байнулмилалӣ соҳиби имтиёзҳо дар феҳристи ҷаҳонии ҷудо гардиданд.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар “Tashkent Grand Slam 2024” соҳиби як медали тило шуда буд. Ин медалро Эмомалӣ Нуралӣ дар рақобатҳо дар вазни то 66 кило миёни мардон ба даст овард. Зимнан, ин дувумин медали тилои Эмомалӣ Нуралӣ дар мусобиқоти силсилаи ҷаҳонии ҷудо «Grand Slam” ба шумор мерафт. Медали аввалини тилоро низ ӯ соли 2023 дар Тошканд гирифта буд.

Ғолибону ҷоизадорони Tashkent Grand Slam 2025:

Мардон

-60 кг
1. Аюб БЛИЕВ (IJF)
2. Туран БАЙРАМОВ (Озарбойҷон)
3. Камолиддин БАХТИЁРОВ (Узбекистон)
3. Анварҷон ИБРОҲИМОВ (Узбекистон)

-66 кг
1. Рамазон АБДУЛЛОЕВ (IJF)
2. Замоҳшарӣ БЕКМУРОДОВ (Узбекистон)
3. Муҳриддин ТИЛОЛОВ (Узбекистон)
3. Артём ШТУРБАБИН (Узбекистон)

-73 кг
1. Карен ГАЛСТЯН (IJF)
2. Данил ЛАВРЕНТЕВ (IJF)
3. Максим ГОБЕРТ (Фаронса)
3. Шаҳром АҲАДОВ (Узбекистон)

-81 кг
1. Темур АРБУЗОВ (IJF)
2. Арслонбек ТОҶИЕВ (Узбекистон)
3. Ҳоҷимурад УМАРОВ (Иморот)
3. Абилайхан ЖУБАНАЗАР (Қазоқистон)

-90 кг
1. Шаҳрзодхуҷа ШАРИПОВ (Узбекистон)
2. Комеи КАВАБАТА (Ҷопон)
3. Элдар АЛЛАХВЕРДИЕВ (IJF)
3. Нурбек МУРТАЗОЕВ (Узбекистон)

-100 кг
1. Матвей КАНИКОВСКИЙ ((IJF)
2. Адам САНГАРИЕВ (IJF)
3. Эрназар САРСЕНБОЕВ (Узбекистон)
3. Иван СИЛВА МОРАЛЕС (Куба)


+100 кг
1. Денис БАТЧАЕВ ((IJF)
2. Валерий Эндовидский (IJF)
3. Алишер ЮСУПОВ (Узбекистон)
3. Энди ГРАНДА (Куба)

Занон

-48 кг
1. Кано МИЯКИ (Ҷопон)
2. Хикару ЁШИОКА (Ҷопон)
3. Сабина ГИЛЯЗОВА (IJF)
3. Ксинран ХЮ (Чин)

-52 кг
1. Нанако ТСУБОНЕ (Ҷопон)
2. Аюми ЛЕИВА САНЧЕЗ (Испания)
3. Мариа ЛАПУЕРТА КОМАС (Испания)
3. Рин ТАКЕУЧИ (Ҷопон)

-57 кг
1. Акари ОМОРИ (Ҷопон)
2. Моб ОНО (Ҷопон)
3. Тимна НЕЛСОН ЛЕВИ (Исроил)
3. Ирина ЗУЕВА (IJF)

-63 кг
1. Кирари ЮМАГАЧИ (Ҷопон)
2. Инбар ШЕМЕШ (Исроил)
3. Момо ТАТСУКАВА (Ҷопон)
3. Ива ОБЕРАН (Хорватия)

-70 кг
1. РИН МАЕДА (Ҷопон)
2. Хуршеда РАЗЗОҚБЕРДИЕВА (Узбекистон)
3. Ҷованна СКОЧИМАРРО (Олмон)
3. Ю-Ҷунг ЛИАО (Тайпей)

-78 кг
1. Женжао МА (Чин)
2. Алина БОЕҲМ (Олмон)
3. Анна Монта ОЛЕК (Олмон)
3. Инбар ЛАНИР (Исроил)

+78 кг
1. Ҳинран ҲЮ (Чин)
2. Чиҳиро ЯМАГУЧИ (Олмон)
3. Ҷинесинуер АЙМАН (Чин)

3. Ҷулия ТОЛОФУА (Фаронса)

XS
SM
MD
LG