Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паҳлавонони тоҷик дар қаҳрамонии самбои ҷаҳон-2025 ду медал гирифтанд


Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон-2025, ки рӯзҳои 7-9-уми ноябр дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон доир гардид, ду медал (як нуқра ва як биринҷӣ) ба даст оварданд.

Дар мусобиқот гуштигирони зӯртарини ҷаҳон барои 31 маҷмуи медалҳо дар риштаҳои самбои варзишӣ ва самбои размӣ, инчунин самбо байни варзишгарони нобино рақобат карданд.

Варзишгари тоҷик Муъминҷон Арзиқулов дар самбои размӣ дар вазни то 71 кило пас аз пирӯзӣ бар рақибонаш ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Аммо вай дар финал аз Ноятхан Толеюхан аз Қазоқистон мағлуб шуда, мақоми дуюмро касб намуд ва бо медали нуқра сарфароз гашт.

Акмалиддин Каримов, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон-2025 дар риштаи самбои варзишӣ байни мардон дар вазни то 58 кило соҳиби медали биринҷӣ гардид.

Акмалиддин дар даври ҳаштякниҳоӣ Илҳом Фармоновро аз Узбекистон, дар чорякфинал намояндаи FIAS (Федератсияи байналмилалии самбо) Бурдз Владзичлауро шикаст дода, дар даври ниманиҳоӣ аз Нурсултон Жубатхон аз Қазоқистон мағлуб шуд. Каримов барои дарёфти медали биринҷӣ бар намояндаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Вернелл Робертс дастболо шуд.

Ин чаҳорумин медали биринҷии паҳлавони 35-солаи тоҷик Акмалиддин Каримов дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон ба шумор меравад. Ҳамчунин вай дар қаҳрамонии ҷаҳон чаҳор медали нуқра ба даст овардааст.

Соли 2021-ум бошад, Акмалиддин дар қаҳрамонии ҷаҳон дар шаҳри Тошканд дар самбои варзишӣ дар вазни то 58 кило медали тило гирифт, ки ин натиҷаи беҳтарин дар корномаи варзишиаш маҳсуб мешавад.

Бояд гуфт, ки cоли 1975 дар Мински Беларус паҳлавони машҳури тоҷик Саидмуъмин Раҳимов дар риштаи самбои варзишӣ қаҳрамони ҷаҳон шуда буд.

Баъди 42 сол, яъне соли 2017, Беҳрӯзи Хоҷазода дар шаҳри Сочии Русия ин унвонро ба даст овард. Баъдан соли 2018 дар Бухарести Руминия Хушқадам Хусравов ва соли 2021 дар Тошканди Узбекистон Акмалиддин Каримов қаҳрамони ҷаҳон гардиданд.

Дар риштаи самбои размӣ бошад, ду паҳлавони тоҷик – Сайриддин Икромов (-74 кг, соли 2007, Прагаи Ҷумҳурии Чех) ва Эраҷ Раҳимов (-52 кг, соли 2009, Солоникии Юнон) - медали тилои мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳонро ба даст овардаанд.

Маблағи умумии ҷоизавии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон-2025 дар Бишкек 341 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медод. Барандагони медали тило бо 4 000 доллар, нуқра - 3 000 доллар, биринҷӣ - 2 000 доллар мукофотонида шуданд.

Бояд гуфт, ки мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон бори 50-ум доир гардид. Дар қаҳрамонии ҷаҳон-2025 дар Бишкек гуштигирони Русия (FIAS-1) аз ҳама бештар - 21 нишони тило, 2 нуқра ва 5 биринҷӣ – гирифта, мақоми аввалро соҳиб шуданд.

Ҷойи дуюм насиби мунтахаби Қазоқистон шуд, ки 2 нишони тило, 2 нуқра ва 8 биринҷӣ ба даст овард. Мунтахаби Қирғизистон бо 2 нишони тило, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ сеюм шуд.

Ба даҳгонаи аввал, инчунин Муғулистон (2 тило, 6 биринҷӣ), Украина (2 тило, 6 биринҷӣ), Молдова (1 тило, 1 биринҷӣ), Эрон (1 тило),Узбекистон (8 нуқра, 2 биринҷӣ), Беларус (FIAS-2, 6 нуқра, 5 биринҷӣ) ва Туркманистон (5 нуқра, 3 биринҷӣ) дохил шуданд.

Тоҷикистон, Камерун, Испания ва Венесуэла бо яктоӣ медали нуқра ва яктоӣ медали биринҷӣ ҷойгоҳи 13-умро азони худ карданд.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон-2025 дар Бишкек:

Самбои варзишӣ

Мардон

-58 кг

1. Гладких Владимир (FIAS-1)

3. Чдрашвили Вахтанги (Гурҷистон)

3. Каримов Акмалиддин (Тоҷикистон)

-64 кг

1. Лкхагвасурен Сумия (Муғулистон)

2. Мукбаниани Авто (Гурҷистон)

3. Стоянов Димитар (Булғористон)

3. Бейсенбоев Жандос (Қазоқистон)

-71 кг

1. Наш Расул (FIAS-1)

2. Гарсия Ибаи (Испания)

3. Куятай Арнур (Қазоқистон)

3. Саяпин Владислав (FIAS-1)

-79 кг

1. Гукев Рамед (FIAS-1)

2. Негметов Еркебулан (Қазоқистон)

3. Харков Иван (Булғористон)

3. Свидрак Михайло (Украина)

-88 кг

1. Кирюхин Сергей (FIAS-1)

2. Круглик Александр (FIAS-2)

3. Аратюнян Гор (Арманистон)

3. Одилзода Одил (Озарбойҷон)

-98 кг

1. Кузнетсов Сергей (FIAS-1)

2. Бегалиев Гуванч (Туркманистон)

3. Давидчук Ярослав (Украина)

3. Маммадов Агханӣ (Озарбойҷон)

+98 кг

1. Токтогонов Бекболат (Қирғизистон)

2. Ҳамидов Асрор (Узбекистон)

3. Осипенко Артём (FIAS-1)

3. Дамдинсурен Пуревдорҷ (Муғулистон)


Самбои размӣ

Мардон

-58 кг

1. Асеков Даниэл (Қирғизистон)

2. Ҷумъаев Ҳақбердӣ (Туркманистон)

3. Ғамзаев Мухтор (FIAS-1)

3. Турумбетов Арман (Қазоқистон)

-64 кг

1. Ҳабибуллоев Шайх-Мансур (FIAS-1)

2. Солиев Ойбек (Узбекистон)

3. Мирно Евгений (FIAS-2)

3. Тугсболт Тсогбаатар (Муғулистон)

-71 кг

1. Толеюхан Ноятхан (Қазоқистон)

2. Арзиқулов Муъминҷон (Тоҷикистон)

3. Арзола Эмануэл (Мексика)

3. Кучеренко Андрей (Украина)

-79 кг

1. Руднев Владислав (Украина)

2. Орозалиев Елхан (Қирғизистон)

3. Тсиквадзе Лука (Гурҷистон)

3. Гайдаров Заид (FIAS-1)

-88 кг

1. Алиханов Абусупиян (FIAS-1)

2. Ҳасанбоев Соҳибҷон (Узбекистон)

3. Назаргелдиев Абдулло (Туркманистон)

3. Егнаташвили Георгий (Гурҷистон)

-98 кг

1. Тадин Артём (FIAS-1)

2. Сейду Нҷи Мулю (Камерун)

3. Аванесян Арман (Арманистон)

3. Бегенҷов Безирген (Туркманистон)

+98 кг

1. Кашурников Михаил (FIAS-1)

2. Носиров Ислом (Узбекистон)

3. Закӣ Халид (Миср)

3. Жиентаев Талгат (Қазоқистон)

XS
SM
MD
LG