Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии самбо дар Душанбе 9 медал гирифтанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Варзишгарони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии самбо, ки рӯзҳои 20-21-уми сентябр дар маҷмааи варзишии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барпо гардид, 9 медал (2 тило, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ) ба даст оварданд.

Мусобиқотро Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS) якҷоя бо Федератсияи самбои Тоҷикистон баргузор карданд.

Дар мусобиқот беш аз 170 варзишгари аз 18-сола боло аз 12 кишвар - ҳамаи ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ (Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон), Арманистон, Беларус, Булғористон, Гурҷистон, Маҷористон ва Молдова, инчунин варзишгарони Русия дар ҳайати ду дастаи Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS-1 ва FIAS-2) иштирок намуданд.

Ба барномаи Ҷоми ҷаҳонии самбо рақобатҳо аз рӯи 28 вазн дар самбои варзишӣ ва самбои варзишӣ байни мардону занон дохил буд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон зери раҳбарии сармураббӣ Акмалиддин Каримов, собиқ қаҳрамони ҷаҳон, беш аз 20 нафар дохил буданд.

Ду медали тило ва ду нуқраю ду биринҷиро гуштигирони тоҷик дар самбои варзишӣ байни мардон соҳиб шуданд.

Халид Толибзода, ки дар финали вазни 88 кило ҳамватанаш Мустафо Алибековро мағлуб кард, медали тило гирифт. Инчунин Фаридун Одилов, ки дар рақобати ниҳоӣ дар вазни 98 кило бар ҳамдиёраш Ҷумъахони Ҳусайн дастболо шуд, бо медали тило сарфароз гашт. Мустафо Алибеков ва Ҷумъахони Ҳусайн бо нишонҳои нуқра мукофотонида шуданд.

Ду медали биринҷиро дар самбои варзишӣ байни мардон гуштигирони тоҷик Исфандиёр Холов дар вазни 79 кило ва Саймуҳаммад Исматзода дар вазни +98 кило ба даст оварданд

Дар самбои варзишӣ миёни мардон намояндагони Тоҷикистон як медали нуқра ва ду нишони биринҷӣ гирифтанд. Медали нуқра ба Анушервон Назарзода мутааллиқ аст. Вай дар финали вазни 58 кило аз паҳлавони қазоқ Жассулан Наримонов мағлуб шуд.

Медалҳои биринҷиро паҳлавонони маъруфи тоҷик Комроншоҳ Устопириён дар вазни то 98 кило ва Хуршед Маҷидзода дар вазни +98 кило азони худ карданд.

Дар Ҷоми ҷаҳонии самбо дар Душанбе Тоҷикистонро дар мусобиқаи занон танҳо як нафар – Гуландом Насриддинова – дар самбои варзишӣ муаррифӣ намуд. Аммо вай дар вазни 65 кило дар даври аввал аз варзишгари қазоқ Аружан Сатова шикаст хӯрд.

Варзишгарони Русия дар ҳайати ду дастаи Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS-1 ва FIAS-2) ҳамагӣ 30 медал: 16 тило, 10 нуқра ва 4 биринҷӣ гирифтанд.

Ёдовар мешавем, варзишгарони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии самбо барои ҷоизаҳои президенти Кумитаи миллии олимпии Арманистон Гагик Сарукян, ки моҳи июни имсол дар шаҳри Ереван доир гардид, ду медал (як тило ва як нуқра) ба даст оварда буданд.

Беҳрӯз Ҳалимов дар самбои варзишӣ байни мардон дар вазни 64 кило бо медали тило ва ҷоизаи молӣ ба маблағи 3000 доллари ИМА сарфароз гашт. Комроншоҳ Устопириён дар самбои варзишӣ байни мардон дар вазни 98 кило бо медали нуқра ва 2000 доллари ИМА мукофотонида шуд.

Маблағи умумии Ҷоми ҷаҳонии самбо дар Ереван 196 000 доллари ИМА-ро ташкил медод. Барои медали тило дар ҳар як вазн 3000 USD, барои нишони нуқра 2000 USD ва барои нишони биринҷӣ 1000 USD супурда шуд. Аммо барои ғолибону ҷоизадорони Ҷоми ҷаҳонии самбо дар Душанбе ҷоизаҳои молӣ муқаррар нашуда буд.

Ғолибону ҷоизадорониҶоми ҷаҳонии самбо дар Душанбе

Самбои варзишӣ

Мардон

58 кг

1. Наримонов Жассулан (Қазоқистон)

2. Назарзода Анушервон (Тоҷикистон)

3. Кабдолов Армат (Қазоқистон)

3. Комилов Мақсадбек (Узбекистон)

64 кг

1. Бейсенбоев Жандос (Қазоқистон)

2. Давронов Шаҳзод (Узбекистон)

3. Пастернак Денис (FIAS-1)

3. Олимҷонов Сардор (Узбекистон)

71 кг

1. Куатай Арнур (Қазоқистон)

2. Гаҷиев Элдар (FIAS-1)

3. Сулаймонов Ғолибғон (Узбекистон)

3. Муъминов Убайдулло (Узбекистон)

79 кг

1. Абдулмаҷидов Руслан (FIAS -1)

2. Багдасарян Арман (FIAS-1)

3. Нурсет Санҷар (Қазоқистон)

3. Ламиворотов Иля (FIAS-2)

88 кг

1. Панов Владислав (FIAS-1)

2. Назиров Ёқубҷон (FIAS-1)

3. Круглик Александр (FIAS-2)

3. Аннасахедов Аннагелдӣ (Туркманистон)

98 кг
1. Баканов Денис (FIAS-1)

2. Аюбов Андрей (FIAS-1)

3. Устопириён Комроншоҳ (Тоҷикистон)

3. Нормуъминов Мирҷалол (Узбекистон)

+98 кг

1. Ҷиоев Аслан (FIAS-1)

2. Хапсев Артур (FIAS-1)

3. Чалегишвили Георгий (Гурҷистон)

3. Маҷидзода Хуршед (Тоҷикистон)


Самбои варзишӣ

Мардон

58 кг

1. Танрибердиев Ахмет (Туркманистон)

2. Ғафуров Шоҳрухбек (Узбекистон)

3. Ҳабибуллоев Ибрат (Узбекистон)

3. Турумбетов Арман (Қазоқистон)

64 кг

1. Донсов Александр (FIAS-1)

2. Авазбердиев Санҷарбек (Туркманистон)

3. Захаров Азамат (Қазоқистон)

3. Ахмамедов Сайдулло (Туркманистон)

71 кг

1. Арслонов Исо (Туркманистон)

2. Анорбоев Ассет (Қазоқистон)

3. Горбунов Кирилл (FIAS-1)

3. Худойбердиев Шерзод (Қирғизистон)

79 кг

1. Гаҷиев Ҳадис (FIAS-1)

2. Орозалиев Елхан (Қирғизистон)

3. Холов Исфандиёр (Тоҷикистон)

3. Эргашов Суҳроб (Узбекистон)

88 кг

1. Толибзода Халид (Тоҷикистон)

2. Алибеков Мустафо (Тоҷикистон)

3. Эгамназаров Мирзотилло (Узбекистоан)

3. Назаргелдиев Абдулло (Туркманистон)

98 кг

1. Одилов Фаридун (Тоҷикистон)

2. Ҷумъахони Ҳусайн (Тоҷикистон)

3. Гадоев Сардор (Узбекистон)

3. Умаров Ҳаётҷон (Узбекистон)

+98 кг

1. Турақулов Бекназар (Узбекистон)

2. Носиров Ислом (Узбкистон)

3. Маъдӣ Райҳон (Қазоқистон)

3. Исматзода Шаймуҳаммад (Тоҷикистон)

XS
SM
MD
LG