Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти байналмилалии ҷудо Qingdao Grand Prix 2025, ки рӯзҳои 26-28-уми сентябр дар шаҳри Тсиндаои Чин баргузор шуд, ду медал (як нуқра ва як биринҷӣ) ба даст оварданд.
Ба иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар Гран-прии Тсиндао 200 варзишгар (117 мард ва 83 зан) аз 26 кишвари 5 қора иштирок доштанд.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқот ҳафт гуштигир дар рақобатҳо байни мардон ва ду нафар миёни занон намояндагӣ карданд.
Медали нуқраро дар ин мусобиқоти байналмилалии сайри ҷаҳонии ҷудо дар ҳайати дастаи Тоҷикистон Обид Ҷебов ба даст овард. Вай дар вазни то 66 кило дар даври аввал озод буд. Обид дар даври дуюм бар Нурмуҳаммад Ботабой аз Қазоқистон пирӯз шуда, ба нимфинал роҳ ёфт. Ҷебов дар даври ниманиҳоӣ Чаннйонг Кимро аз Кореяи Ҷанубӣ шикаст дода, ба финал баромад. Аммо паҳлавони тоҷик дар даври ниҳоӣ аз гуштигири муғул Басхуу Йондонперенлей мағлуб шуд. Дарвоқеъ, бори сеюм аст, ки Ҷебов аз ин рақиби пуртаҷрибаи худ шикаст мехӯрад.
Ҷаҳонгир Маҷидов барандаи медали биринҷӣ шуд. Вай дар вазни то 100 кило дар даври аввал бар намояндаи Кореяи Ҷанубӣ Ҳансу Ким, дар даври дуюм бар Макс Грегори аз Британияи Кабир пирӯз шуда, ба нимфинал баромад. Ҷаҳонгир дар даври ниманиҳоӣ аз Зомбор Вег аз Маҷористон мағлуб гардид. Маҷидов барои медали биринҷӣ бар Мчал Ҷедрзеҷевскии лаҳистонӣ дастболо шуд.
Паҳлавони дигари тоҷик – Масъуди Аҳмадзод - дар вазни то 73 кило ҷойи панҷумро азони худ кард. Ӯ сабқатро аз даври дуюм шуруъ намуда, бар Стевен Болдбаатар аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пирӯз шуда, дар чорякфинал Казбек Нагучевро аз Имороти Муттаҳидаи Арабӣ шикаст дод. Аммо Масъуд дар даври ниманиҳоӣ аз Шаҳром Аҳадови узбекистонӣ мағлуб шуд. Паҳлавони тоҷик барои медали биринҷӣ аз Шамил Зулфиқоров аз дастаи IJF (Федератсияи байналмилалии ҷудо) ноком шуда, мақоми панҷумро соҳиб гашт.
Боз ду гуштигири тоҷик - Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар вазни то 60 кило ва Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кило – ҷойи ҳафтумро гирифтанд.
Қувватов, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар Ҳйесунг Ҳванг аз Кореяи Ҷанубӣ пирӯз шуд. Аммо вай дар ҳаштякфинал аз Ҳайато Кондои ҷопонӣ шикаст хӯрд. Паҳлавони тоҷик дар даври тасаллобахш аз Таики Накамураи ҷопонӣ мағлуб шуда, дар натиҷа мақоми ҳафтумро соҳиб гашт.
Сомон Маҳмадбеков, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар намояндаи Чин Саилике Сонгҳайер дастболо шуд. Аммо Сомон дар чорякфинал аз Адилет Алмат аз Қазоқистон шикаст хӯрд. Сомон дар даври тасаллобахш қувваозмоиро ба Ҳоҷимурод Умаров аз Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бохт ва дар натиҷа мақоми ҳафтумро касб кард.
Намояндагони дигари Тоҷикистон дар Тсиндаои Чин ноком шуда, аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гаштанд. Меҳрзод Суфиев дар вазни то 60 кило аз даври дуюм вориди сабқат шуда, қувваозмоиро ба Туменҷаргал Тувшинтури муғул бохт. Абубакр Шеров дар вазни то 73 кило, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм аз Эҷдер Токтай аз Туркия шикаст хӯрд.
Александра Кан дар сабқати занон дар вазни то 57 кило дар даври аввал аз Яқи Гонг аз Чин ноком шуд. Виктория Киселёва дар вазни +78 кило дар даври аввал аз Сун Шаоҳан аз Чин шикаст хӯрд.
Ба ҷуз аз медал, ғолибон дар ҳамаи 14 вазн (7 вазн байни мардон ва 7 вазн миёни занон) бо 3000 евро, барандагони медали нуқра бо 2000 евро ва соҳибони медали биринҷӣ бо 1000 евро мукофотонида шуданд, ки 20 фисади маблағи ҷоизаҳои варзишгарон барои мураббиёнашон муқаррар шуда буд.
Инчунин ғолибону ҷоизадорони ин мусобиқоти пурнуфузи байналмилалӣ соҳиби имтиёзҳо дар радабандии IJF (Федератсияи байналмилалии ҷудо) гардиданд.
Дар ҳисоби умумии медалҳо мунтахаби Ҷопон бо касби 8 медал (5 тило ва 3 биринҷӣ) ҷойи аввалро гирифт. Мунтахаби Муғулистон бо касби 6 медал (2 тило, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ) ҷойи дуюм ва мунтахаби Фаронса бо касби 5 медал (2 тило, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ) ҷойи сеюмро соҳиб шуданд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо касби як медали нуқра, як нишони биринҷӣ, як ҷойи панҷум ва ду ҷойи ҳафтум дар байни 26 кишвар даҳум шуд.
Ғолибону ҷоизадорони Qingdao Grand Prix 2025
Мардон
-60 кг
1. Ҳаято КОНДО (Ҷопон)
2. Ҳарим ЛИ (Кореяи Ҷанубӣ)
3. Сухбат БЯМБАСУРЕН (Муғулистон)
3. Таики НАКАМУРА (Ҷопон)
-66 кг
1. Басхуу ЙОНДОНРЕРЕНЛЕЙ (Муғулистон)
2. Обид ҶЕБОВ (Тоҷикистон)
3. Рёма ТАНАКА (Ҷопон)
3. Эрхембаяр БАТТОГТОХ (Муғулистон)
-73 кг
1. Юдаи ТАНАКА (Ҷопон)
2. Шаҳром АҲАДОВ (Узбекистон)
3. Эҷдер ТОКТАЙ (Туркия)
3. Шамил ЗУЛФИҚОРОВ (IJF)
-81 кг
1. Ёшито ҲОҶО (Ҷопон)
2. Хинглонг ЧА (Чин)
3. Ведат АЛБАЙРАК (Туркия)
3. Аскарбӣ ГЕРБЕКОВ (Баҳрайн)
-90 кг
1. Астемир АВАЗОВ (IJF)
2. Влад ВИСАН (Руминия)
3. Гергели НЕРПЕЛ (Маҷористон)
3. Петер САФРАНИ (Маҷористон)
-100 кг
1. Ниёз БИЛОЛОВ (IJF)
2. Зомбор ВЕГ (Маҷористон)
3. Ҷаҳонгир МАҶИДОВ (Тоҷикистон)
3. Ҷаъфар КОСТОЕВ (Имороти Муттаҳидаи Арабӣ)
+100 кг
1. Гончигсурен БАТХУЯГ (Муғулистон)
2. Мариус ФИЗЕЛ (Словакия)
3. Сеунгёб ЛИИ (Кореяи Ҷанубӣ)
3. Ҳайянг ЛИ (Чин)