Ба назар мерасад, ки манъи аксбардорӣ ва наворбардорӣ аз одамон бе иҷозаи онҳо, пас аз мувофиқати порлумони Узбекистон дар 7 октябр, дар ҳоли имзо шудан аст ва ба қонун табдил мешавад.
Ин қонун, иҷозаи шифоҳӣ ё хаттии афродеро талаб мекунад, ки аз онҳо аксбардорӣ ё наворбардорӣ мешавад ва дар сурати нодида гирифтани он, то 1364 доллар ҷарима ва мусодираи таҳҷизот ва дурбинро дар пай хоҳад дошт. Ин қонун ҳоло дар интизори мувофиқати Сенат аст, аммо ин иқдом дар ин кишвари Осиёи Миёна асосан ташрифотӣ гуфта мешавад.
Анзор Бухарский, аксбардори шинохтаи узбек, ки раҳбаладии сафар ё экспедитсияҳои аксбардорӣ барои сайёҳонро ба ӯҳда дорад, ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳанӯз маълумоти зиёде дар бораи чӣ гуна татбиқ шудани ин қонун ва чӣ гуна амалӣ шудани он дар мавриди издиҳом ва афроди тасодуфӣ дар як акс, маълум нест. "Оё як шаҳрванд метавонад иддао кунад, фарде, ки дар акс аст, воқеан худаш аст, дар ҳоле, ки ниқоб пӯшида бошад ё ороиши Бобои Барфиро дошта бошанд?"
Вакилони Узбекистон ин мамнуиятро як роҳи ҳифзи ҳарими хусусӣ ё дахлнопазирии афрод, ба вижа кӯдакон муаррифӣ карда, банде аз он мегӯяд, ки волидон ё сарпарастон бояд барои аксбардории кӯдакони то 16-сола иҷозат диҳанд.
Мунтақидон ба як силсила расвоӣ ва ҷанҷолҳои марбут ба пулис ва мансабдорони фасодзада, ки бо дурбинҳо сабт шудаанд, ҳамчун ангезаи эҳтимолии қонуни нав ишора мекунанд. Пешнависи ин қонун ибтидо дар соли 2020 пешниҳод шуд, ки нашри аксҳо ва сабтҳоро манъ мекард. Дар нусхаи феълии қонун, ин мамнуият густариш ёфта, шомили "сабт ва нигаҳдорӣ"-и ин гуна сабтҳо низ мешавад.
Узбекистон ҳамасола мизбони миллионҳо гардишгар аст, ки мафтуни ҷозибаҳои меъмории он мешаванд. Аммо Анзор Бухарский мегӯяд, ки сайёҳон ба таври афзоянда ҷавонтар ва аз пиронсолон кунҷковтар ҳастанд.
Бухорский гуфт, "ин сайёҳони ҷавон камтар ба ёдгориҳои хиштӣ ва мақбараҳои авлиё ҳамчун ҷозибаҳои Шарқ алоқа доранд. Таваҷҷуҳи бештари онҳо ба зиндагии рӯзмарра, суннатҳои миллӣ, либосҳо, кӯчаҳои борики бахши қадимии шаҳрҳо, бозорҳо ва танӯрҳо аст".
"Гардишгарон мехоҳанд ҳамаи инҳоро бо дурбин сабт кунад ва то кунун онҳо ин корро бе ҳеч мушкил анҷом додаанд. Вақт нишон хоҳад дод, ки оё қонуни нав монеи гардишгарӣ хоҳад шуд ё на",-мегӯяд Бухарский.
Узбекҳо умуман аз акс гирифтан истиқбол мекунанд ва барои аксбардорӣ омодаанд, аммо ин мамнуият метавонад фарҳангро дар ҷойҳое монанди бозорҳо, ки мавриди алоқаи сайёҳони дурбинбадаст ҳаст, тағйир диҳад.
Бархе нигаронанд, ки ин қонун ба мақомот имкон медиҳад, ки пеш аз ҳама кори хабарнигорон ва фаъолони мустақилро маҳдуд кунанд.
Бухарский мегӯяд, "аз ҳама муҳимаш ин аст, ки ин қонуни нав ба манбаи тақаллуб ё абзори таъқибу саркӯби блогнависон ва расонаҳои "номатлуб", табдил нашавад".
Бо таваҷҷуҳ ба афзоиши алоқаи сайёҳон ба Узбекистон ва нақшаҳои калон барои рушди ин соҳа, яке аз нозирон хотирнишон кард, ки аз эҳтимол дур аст, ки қонуни манъи аксбардорӣ ба таври васеъ татбиқ шавад.
Ин соҳибназар навишт, "сахтии қонунҳои мо бо иҷрои ихтиёрии он ҷуброн мешавад".