Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқаи “Тоскулоҳи бузург”-и Тифлис то рӯзи 5-уми март 413 варзишгар (242 мард ва 171 зан) аз 55 кишвари панҷ қораи ҷаҳон номнавис шудаанд.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳафт варзишгар дохиланд, ки дар сабқати мардон рақобат мекунанд:
-60 кг – Рамзиддин Азизов
-66 кг – Ёсин Бобокалонов
-66 кг – Искандар Маҳмадхоҷазода
-81 кг – Сайфиддин Сайфиддинзода
-81 кг – Абубакр Шеров
-90 кг – Ардашери Ҳамза
-90 кг — Озаррахш Ҳомидов
Барномаи мусобиқа:
20-уми март (ҷумъа). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон; -60 кг, -66 кг байни мардон.
21-уми март (шанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -63 кг, -70 кг миёни занон; -73 кг, -81 кг байни мардон.
22-юми март (якшанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -78 кг, +78 кг миёни занон; -90 кг, -100 кг, +100 кг байни мардон.
Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳар як вазн (7 вазн байни мардон ва 7 вазн миёни занон) бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони нишонҳои биринҷӣ бо 1500-евроӣ мукофотонида хоҳанд шуд. Инчунин варзишгарон дар ин мусобиқаи байнулмилалӣ ба ҷуз аз медал, соҳиби имтиёзҳо дар феҳристи ҷаҳонӣ мешаванд.
Зимнан, дастаи мунтахаби Тоҷикистон соли гузашта дар мусобиқаи Tbilisi Grand Slam 2025 дар ҳайати ҳашт варзишгар дар сабқати мардон иштирок карда, бе медал монда буд.
Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Фаронса бо касби 10 медал (3 тило, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ) ҷойи аввалро гирифт. Мунтахаби Гурҷистон бо касби 9 медал (2 тило, 2 нуқра ва 5 биринҷӣ) дуюм ва дастаи IJF (Федератсияи байнулмилалии ҷудо) бо касби 6 медал (2 тило, 2 нуқра ва 2 биринҷӣ) сеюм шуданд.
Умуман, дар таърихи мусобиқаи “Тоскулоҳи бузург”-и Тифлис паҳлавонони тоҷик танҳо як медал гирифтаанд, ки ба Шаҳбоз Саидаброров марбут аст. Вай соли 2021 дар вазни то 60 кило барандаи медали биринҷӣ гардида буд.
Гуфтугӯ