Пайвандҳои дастрасӣ

Низом Қосим Ҳадисаро ба ҷавобгарӣ мекашад


Акси Ҳадиса Қурбонова аз сайти pressa.tj гирифта шудааст
Акси Ҳадиса Қурбонова аз сайти pressa.tj гирифта шудааст

Шоири халқии Тоҷикистон аз Додситонии кул ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ хостааст, алайҳи Ҳадиса Қурбонова чораҷӯӣ кунанд.

Низом Қосим, Шоири халқии Тоҷикистон ва вакили парлумон аз Додситонии кул ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дархост кардааст, ки алайҳи Ҳадиса Қурбонова, Шоири халқии Тоҷикистон чораҷӯӣ кунанд. Низом Қосим мегӯяд, ки Ҳадиса ӯ ва аъзои дигари Кумитаи ҷоизаи Рӯдакиро ба порахӯрӣ ва фурӯхтани Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ муттаҳам кардааст.

Низом Қосим ба Радиои “Озодӣ” гуфт, аз Додситонии кулл ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамчун вакили мардумӣ дархост кардааст, ки иддаои Ҳадиса Қурбоноваро ҳамчун далели тӯҳмати ошкоро ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бипазиранд ва тибқи қонун чораи дахлдор биандешанд. Баҳси ҷоизаҳо ҳудуди чаҳор моҳ боз дар матбуоти маҳаллӣ ҷараён дорад ва натиҷа ҳам ин шуд, ки

Низом Қосим
Низом Қосим

ҳукумат тасмим гирифт, оинномаи Кумитаи Ҷоизаҳоро тағйир диҳад.

Гулназар Келдӣ, муовини раиси Кумитаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ин оиннома дар замони Шӯравӣ рӯи кор омада, дар даврони истиқлолият тағйири андак хӯрдааст ва далели дигар ин аст, ки бояд ҷанбаи раъйдиҳии пинҳонӣ тариқи қабули оинномаи нав ба воқеиятҳои имрӯз мутобиқ карда шавад: “Ин ҷоизаи олитарини Тоҷикистон аст. Аммо кор ба ҷое расидааст, ки пас аз эълони барандагонаш ҳар довталаб гиребони аъзои кумитаро гирифта, даъво пеш меорад, ки “чаро ба ман овоз надодӣ”. Шумо гӯед, ки мукофоти Нобел чӣ тавр барандаҳояшро муайян мекунад? Пинҳонӣ! Ягон кас аз гиребони ягон узваш мегирад? Не. Ин ҳама манъ хоҳад шуд. Ман шахсан пешниҳод кардам, ки овардани даъво ҷиноят эълон шавад”.

Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ 2 январи соли 1963 аз сӯи Ҳизби коммунисти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон барои адибон таъсис шуда, замони оғози истиқлолият соҳаҳои мусиқиву театрро низ дарбар гирифт. Аввалин барандааш Мирзо Турсунзода буд. Тамоми адибони маъруфи тоҷик – Мирсаид Миршакар, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Муъмин Қаноат, Фазлиддин Муҳаммадиев, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир ва дигарон соҳиби ин ҷоиза шудаанд. Аммо солҳои охир пас аз эълони барандагон баҳсҳо сар мезананд ва имсол ин баҳсҳо хеле гарму доманадор шуданд. Дар ин баҳсҳо асосан шоирони халқии Тоҷикистон ширкат доранд.

Барандагони Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро барои

соли 2014 - ро 7 август эълон карданд. Адабиётшинос Атахон Сайфуллоев, шоир - Мирзо Файзалӣ ва мутарҷими руси адабиёти тоҷик - Михаил Синелников дар соҳаи адабиёт ва ҳунаршинос Рустам Муқимов дар соҳаи санъат баранда эълон шуданд. Ин интихобро адибон, аз ҷумла довталабони ҷоиза - Ҳадиса Қурбонова, Шаҳрияи Адҳамзод ва Равшани Ёрмуҳаммад, таҳти интиқоди шадид гирифта, дар расонаҳо матолиби интиқодӣ нашр карданд ва аз низоми “падаршоҳӣ” дар Иттифоқи нависандагон, порахӯриву ҷоизафурӯшӣ низ гуфтанд.

28 октябр Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо нашри як изҳорот аз расонаҳои кишвар тақозо кард, ки ба иғвогарӣ ва тӯҳматпароканӣ алайҳаш хотима диҳанд. Иттифоқ муаллифонро ба тӯҳмат ва паст задани ҳайсияти Раёсати Иттифоқи нависандагон ва аъзояш муттаҳам карда, ҳушдор дода буд, ки дар ҳоли зарурат омода аст тӯҳматпароканонро ба ҷавобгарӣ кашад. Ниҳоят, Низом Қосим, Шоири халқии Тоҷикистон ва вакили парлумон аз Додситонии кулл ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дархости вакилӣ кард, ки барои иттиҳомоте, назири порахӯрӣ ва ҷоизафурӯшӣ алайҳи Ҳадиса Қурбонова чораҷӯӣ кунад.

Ҷоизаи ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар замони Шӯравӣ соле як маротиба тақдим мешуд. Ҳоло дар ду сол як бор ва дар арафаи Рӯзи истиқлоли Тоҷикистон иора мешавад. Маблағаш 3000 доллар аст. Соҳибназарон бар инанд, ки дар замони Шӯравӣ афроди арзанда соҳиби Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ мешуданд, аммо тайи солҳои ахир дар Тоҷикистон асаре дар сатҳи умумимиллӣ ба вуҷуд наомадааст, чӣ расад ба сатҳи адабиёту санъати форсӣ ё ҷаҳонӣ. Гулназар Келдӣ дар посух ба ин даъвоҳо, ки ҷоизадор зиёд аст, аммо асари шоиста нест, мегӯяд, ҳамаи онҳое, ки ин ҷоизаро солҳои ахир гирифтаанд, арзандаанд, фақат ин, ки ҷомиа ба адабиёту санъат камтаваҷҷӯҳ шудааст.

Аммо нависанда Қодири Рустам мегӯяд, низоми муайян кардани осори арзанда бояд тағйир хӯрад. Ба қавли ӯ, то замони пайдо шудани асари мувофиқ ҷоиза аслан бояд дода нашавад, агар дастандаркорон хоҳанд, ки эътибори онро ҳамчун ҷоизаи давлатӣ баланд бардоранд:

“Шакли пешниҳоди осор барои ҷоизаро бояд тағйир диҳанд. На танҳо иттифоқҳо, балки иттиҳодияҳои дигар, ҳатто гуруҳи хонандагону шунавандагон, ин ҳақро дошта бошанд, ки ягон нафарро пешниҳод кунанд. Вагарна Кумитаи ҷоизаи Рӯдакӣ ва ниҳодҳое, ки унвон медиҳанд, ба як корхона ё фабрикаи истеҳсоли ҷоизадорону шоирону нависандагони халқӣ табдил ёфтаанд”. Дар умум, коршиносон бар инанд, ки тағйири оинномаи Кумитаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ дар амри боло бурдани эътибори он хидмат хоҳад кард, на тақвияти низоми имрӯзаи он. Онҳо ин нуктаро ҳам зикр мекунанд, ки раҳбарии онро бояд на нафари ифтихорӣ, балки воқеӣ ба зимма гирад. Ҳоло раиси ин Кумита муовини сарвазири Тоҷикистон аст, ки қариб сол дар миён иваз мешавад.

XS
SM
MD
LG