Ба иттилои сомонаи расмии Бозиҳои III кишварҳои ИДМ, дар ҳисоби медалҳо Русия бо касби 88 медал (59 тило, 17 нуқра ва 12 биринҷӣ) мисли пешин дар ҷойи аввал аст.
Озарбойҷон бо касби 60 медал (7 тило, 21 нуқра ва 32 биринҷӣ) дар ҷойи дуюм ва Беларус бо касби 49 медал (7 тило, 18 нуқра ва 24 биринҷӣ) дар ҷойи сеюм қарор доранд.
Инчунин Узбекистон бо касби 27 медал (3 тило, 7 нуқра ва 17 биринҷӣ) дар ҷойи чаҳорум, Қазоқистон бо касби 36 медал (2 тило, 11 нуқра ва 23 биринҷӣ) дар ҷойи панҷум, Қирғизистон бо касби 7 медал (4 нуқра ва 3 биринҷӣ) дар ҷойи шашум, Тоҷикистон бо касби 4 медали биринҷӣ дар ҷойи ҳафтум мебошанд.
Варзишгарони Куба, Кувайт, Покистон, Туркия, Туркманистон ва Умон то ҳоло медал надоранд.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин Бозиҳо 142 варзишгар дохиланд, ки дар 18 намуд ширкат меварзанд.
Варзишгарони тоҷик дар риштаҳои таеквондо WT ва самбо чаҳор медал гирифтанд. Таеквондочиён Абдуҷаъфари Баҳодур дар вазни то 54 кило ва Нурулло Муродов дар вазни то 74 кило медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд. Инчунин самбочиён Назаралӣ Холов дар вазни то 64 кило ва Ёсин Ҳукуматов дар вазни то 71 кило соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд.
Панҷ нафар варзишгарони тоҷик дар риштаи бокс, ки ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтанд, барои худ медалҳои биринҷиро таъмин кардаанд. Ҳамакнун онҳо дар нимфинал муборизаро идома хоҳанд дод.
Дастаи мунтахаби то 16-солаи футболи Тоҷикистон дар Бозиҳои кишварҳои ИДМ-2025 барои ҷойи сеюм рӯзи 3-юми октябр бо ҳамсолони худ аз Беларус бозӣ мекунад. Дар бозии ниҳоӣ 4-уми октябр Озарбойҷон бо Русия рақобат хоҳад кард.
Дар марҳилаи гурӯҳӣ футболбозони навраси тоҷик аз тими Озарбойҷон бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуда, дастаи Қирғизистонро бо ҳисоби 7:1 шикаст дода буданд.
Дар мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои сеюм, ки то рӯзи 8-уми октябр идома хоҳанд кард, ба ҷуз аз варзишгарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамчунин намояндагони Куба, Кувайт, Покистон, Туркия ва Умон ширкат доранд.
Мусобиқот дар 12 иншооти варзишӣ дар ҳафт шаҳри Озарбойҷон баргузор шудааст. Варзишгарон барои 246 маҷмӯи медалҳо дар 23 намуд рақобат мекунанд.
Гуфтугӯ