Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби наврасони Узбекистон бо шикаст додани Саудӣ қаҳрамони Осиё шуд


Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Узбекистон, ки дар бозии ниҳоӣ тими наврасони Арабистони Саудиро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод, бори дуюм ба унвони қаҳрамони Осиё мушарраф шуд.

Бозии ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 миёни дастаҳои мунтахаби наврасони Узбекистон ва Арабистони Саудӣ шаби якшанбеи 20-уми апрел дар шаҳри Тоиф, дар варзишгоҳи “Шоҳ Фаҳд Спортс Сити”, доир гардид.

Бо вуҷуди он ки дар нимаи аввали дидор ду бозигари узбекистонӣ корти сурх гирифт, дастаи Узбекистон устуворӣ нишон дод ва пас аз 13 сол бори дуюм соҳиби Ҷоми Осиё гардид.

Бозии пуршиддат дар дақиқаи 40-ум ба таври ғайричашмдошт сурат гирифт. Бархӯрди Нурбек Сарсенбоев ва Одил Ҳибаҳ боиси он шуд, ки бозигари узбекистонӣ барои зарба задани ҳарифаш ҳангоми дар замин хобидани ӯ корти сурх гирифт.

Вазъияти дастаи Узбекистон дар охири нимаи аввал, дар дақиқаи дуюми замони изофа, бадтар шуд. Миразиз Абдукаримов дар назди хатти ҷаримагоҳ Сабри Даҳалро зада аз по афтонд ва корти сурх гирифт. Узбекҳо дар майдон 9 нафар монданд.

Аммо футболбозони навраси узбекистонӣ пас аз танаффус иродаи қавӣ зоҳир намуда, сарфи назар аз кам будани шумораашон мизбононро шикаст доданд.

Дар дақиқаи 51-ум пас аз баррасии VAR тасдиқ шуд, ки тӯб ба дасти бозигари саудиҳо Язид Ал-Досарӣ расидааст. Муҳаммад Ҳакимов тӯбро аз ҷаримаи 11-метрӣ ё пеналти ба нишон расонд. Ҳисоб кушода шуд – 1:0.

Дар дақиқаи 70-ум Садриддин Ҳасанов бозигари мизбонон Ал-Валид Алуфиро аз тарафи чап фиреб дода, тӯбро ба дарвозаи Абдураҳмон Ал-Отайбӣ равон кард ва пирӯзии ҳайратангези Узбакистонро таъмин намуд.

Мунтахаби наврасони Узбекистон дар ин мусобиқа дар ҳамаи панҷ бозӣ пирӯзӣ ба даст овард. Наврасони узбекистонӣ дар марҳилаи гурӯҳӣ бар тимҳои Тайланд (4:1), Чин (2:1) ва Арабистони Саудӣ (3:0), дар чорякфинал бар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ (3:1), дар нимфинал бар Кореяи Шимлӣ (3:0) ва дар финал бар Арабистони Саудӣ (2:0) ғалаба карда, ҳамагӣ 17 гол заданд ва аз дарвозаи худ танҳо 3 гол сар доданд.

Дар маросими ҷоизасупорӣ, ки баъди анҷоми бозии ниҳоӣ баргузор шуд, дастаи мунтахаби наврасони Узбекистон зери раҳбарии сармураббӣ Исломбек Исмоилов бо Ҷоми қаҳрамонӣ ва медалҳои тилло сарфароз гашт.

Ба дастаи мунтахаби наврасони Арабистони Саудӣ бо роҳбарии сармураббӣ Марио Сантос Силваи бразилӣ медалҳои нуқра супурда шуд.

Ҷоизаи “Fair Play” (“Бозии пок”) ба дастаи мунтахаби наврасони Арабистони Саудӣ тақдим гардид. Неъматуллоҳ Рустамҷонов (Узбекистон) соҳиби ҷоизаи “Беҳтарин дарвозабон” шуд. Ҷоизаи “Беҳтарин нишонзан” ба Асилбек Алиев (Узбекистон), ки 5 гол задааст, эҳдо гашт. Ҷоизаи “Беҳтарин бозигар” насиби Садриддин Ҳасанов (Узбекистон) шуд.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷоми Осиё-2025 дар Арабистони Саудӣ дар маҷмуъ чаҳор бозӣ анҷом дода, ба марҳилаи чорякниҳоӣ роҳ ёфт ва ба Ҷоми ҷаҳон-2025, ки аз 3-юм то 27-уми ноябр дар Қатар баргузор мешавад, роҳхат гирифт.

Наврасони тоҷик дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқот бар дастаҳои Уммон (2:1) ва Эрон (3:1) пирӯз шуда, аз тими Кореяи Шимолӣ (0:3) шикаст хӯрда, дар даври чорякниҳоӣ аз тими Кореяи Ҷанубӣ аз рӯи силсилазарбаҳои пеналти бо ҳисоби 3:5 (замони асосӣ – 2:2) мағлуб шуданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG