Дастаи мунтахаби футболи наврасони то 17-солаи Тоҷикистон зери раҳбарии сармураббӣ Марко Раҷини, мутахассиси итолиёӣ, дар бозии сеюмаш дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон-2025 бо тими Буркина-Фасо бозӣ мекунад. Ин бозии даври сеюм дар гурӯҳи “I” 11-уми ноябр дар пойтахти Қатар - шаҳри Давҳа – доир гардида, соати 17:45 бо вақти маҳаллӣ (соати 19:45 бо вақти Душанбе) оғоз меёбад.
Дар бозии дигари даври сеюм дар гурӯҳи “I” дар Давҳа мунтахаби Чехия бо тими Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯбарӯ мешавад. Ин бозӣ ҳам соати 19:45 бо вақти Душанбе шуруъ мегардад.
Сармураббии дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон Марко Раҷини, мутахассиси итолиёӣ, дар бораи бозӣ бо тими Буркина-Фасо гуфт, “мо бояд аз нав муттаҳид шавем, аз таҷрибаҳои худ сабақ гирем ва дар рақобат бо дастаи қавитарини гурӯҳ – ба андешаи ман – Буркина-Фасо бо қувваи нав ба майдон бароем. Аз ҳамин лаҳза мо бояд ҳама чизро аз нав оғоз кунем.”
Баъд аз натиҷагирии бозиҳои даври дуюм дар ҷадвали гурӯҳи “I” дастаи мунтахаби ИМА бо шаш имтиёз дар мақоми аввал аст. Тимҳои Чехия ва Буркина-Фасо сеимтиёзӣ гирифтаанд. Бо дарназардошти он ки чехҳо бозиро ба Буркина-Фасо бохтаанд, дар ҷадвали ин гурӯҳ Буркина-Фасо ҷойи дуюм ва Чехия ҷойи сеюмро касб кардаанд. Тими мунтахаби Тоҷикистон бидуни имтиёз дар зинаи охирин – чаҳорум - ҷойгир шудааст.
Бояд гуфт, мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мавриди пирӯзӣ бар тими Буркина-Фасо бо ҳисоби бузург, яъне бартарӣ бо се гол, шонси ба даври баъдии мусобиқот роҳ ёфтанро пайдо мекунад.
Дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон-2025 бар асоси қуръакашӣ 48 даста ба 12 гурӯҳ тақсим шудааст. Аз ҳар як гурӯҳ ду дастаи пешсаф мустақиман ба даври баъдӣ роҳ меёбад, инчунин ҳашт дастаи ҷойҳои сеюм бо натиҷаҳои беҳтар аз гурӯҳ боло хоҳанд рафт.
Қаҳрамони феълии ҷаҳон мунтахаби наврасони то 17-солаи Олмон мебошад, ки дар финали мусобиқоти соли 2023-юм дар Индонезия дастаи Фаронсаро шикаст дода буд.
Мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон-2025 миёни наврасон
(U-17)
Гурӯҳи «I»
Даври 1-ум
5-уми ноябр (чоршанбе)
Тоҷикистон - Чехия – 1:6
Голҳо: Вит Шкркон, 12 (0:1), Вит Шкркон, 16 (0:2), Вит Шкркон, 19 (0:3), Петр Потмесил, 45-1 (0:4), Муҳаммад Назриев, 65 (1:4), Заҷак Доминик, 90 (1:5), Петр Потмесил, 90+6 (1:6).
ИМА – Буркина-Фасо – 1:0
Гол: Каван Сулливан, 79 (1:0).
Даври 2-юм
8-уми ноябр (шанбе)
Чехия – Буркина-Фасо - 1:2
Голҳо: Муҳаммад Зонго, 27 (0:1), Вит Шкркон, 30, (1:1), Лукман Тапсова, 50 (1:2)
ИМА –– Тоҷикистон - 2:1
Голҳо: Муҳаммад Назриев, 3 (0:1), Нимфаша Берчимас, 30 (1:1), Каван Сулливан, 61 – аз пеналти (2:1).
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “I”:
| Ҷ | Дастаҳо | Б | Ғ | М | Б | Т | И |
| 1 | ИМА | 2 | 2 | 0 | 0 | 3-1 | 6 |
| 2 | Буркина-Фасо | 2 | 1 | 0 | 1 | 2-2 | 3 |
| 3 | Чехия | 2 | 1 | 0 | 1 | 7-3 | 3 |
| 4 | Тоҷикистон | 2 | 0 | 0 | 2 | 2-8 | 0 |
Даври 3-юм
11-уми ноябр (сешанбе)
19:45 – Чехия – ИМА
19:45 – Буркина-Фасо - Тоҷикистон
Эзоҳ: замони оғози бозиҳо бо вақти Душанбест.