Бар асоси фарзияи Анҷумани бошгоҳҳои футболи Аврупо (ЕСА) Лионел Месси, ҳамлагари дастаи "Барселона"-и Испания ва дастаи мунтахаби Аргентина, футболбози беҳтарини соли ҷорӣ баргузида шуд. Ин маросим шоми 27 декабр дар Имороти Муттаҳидаи Араб баргузор шуда ва ба Лионел Мессӣ ҷоизаи Globe Soccer Awards тақдим гардид.
Дар зинаҳои дувум ва севум Ҷанлуиҷӣ Буффон -- дарвозабони дастаи "Юнвентус"-и Италия ва Криштиан Роналду -- ҳамлагари дастаи "Реал"-и Испания қарор доранд.
Дар соли 2015 Лионел Месси қаҳрамони футболи Испания шуда, Ҷоми Испания, Шоҳҷом (Суперкубок)-и УЕФА, ҷомҳои Бошгоҳи қаҳрамонҳо ва бозиҳои қаҳрамонии бошгоҳии ҷаҳонро ба даст овардааст.
Дар миёни дастаҳои Аврупо "Барселона" дастаи беҳтарин ва дар миёни мураббиён Марк Вилмотс, мураббии дастаи мунтахаби Белгия аз беҳтаринҳо шинохта шуданд. Равшан Эрматов аз Узбакистон довари беҳтарини соли ҷорӣ эълом шуд.
Дар назар аст, 11 январи соли оянда дар шаҳри Сюрихи Швейтсария маросими эътои "Тӯби тиллоӣ" ба футболбози беҳтарини сол аз рӯи фарзияи Федератсияи ҷаҳонии футбол (ФИФА) баргузор шавад. Лионел Месси, Неймар ва Криштиан Роналду аз довталабони ин ҷоиза маҳсуб мешаванд.
Месси дар солҳои 2009 ва 2012 ва Роналду дар солҳои 2008, 2013 ва 2014 соҳиби ҷоизаи "Тӯби тиллоӣ" шуданд.