Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маросими ёдбуди Бахтиёр Худойназаров дар Қазоқистон


Шаби ёдбуди Б.Худойназаров дар Алматӣ
Шаби ёдбуди Б.Худойназаров дар Алматӣ

Дар толорҳои синамои шаҳрҳои Алматӣ ва Оқтауи Қазоқистон сар аз 14 май намоиши филми маъруфи коргардони тоҷик Бахтиёр Худойназаров “Дар интизори баҳр” шурӯъ мешавад.

Баъд аз як маҳфили ёдбуди коргардони тоҷик Бахтиёр Худойназаров дар Алматӣ, пойтахти фарҳангии Қазоқистон, тасмим гирифта шуд, ки дар толорҳои синамои шаҳрҳои Алматӣ ва Оқтау сар аз 14 май намоиши филми маъруфи ӯ -- “Дар интизори баҳр” баргузор шавад. Ин филм дар Қазоқистон соли 2013 наворбарӣ шуда, дар таҳияи он кишварҳои Русия, Белгия, Олмон, Қазоқистон, Украина ва Фаронса саҳм гирифтаанд. Намоиши филм дар толорҳои синами Chaplin Cinemas оғоз мешавад ва, ба гуфтаи синамогарони қазоқ, гиромидошти хотираи коргардони ҷавонмарг Бахтиёр Худойназаров аст, бархе аз коршиносон ӯро яке аз беҳтарин филмсозони Осиёи Марказӣ унвон кардаанд.

Коргардон рӯзи 21 апрел дар шарҳи Берлин даргузашт ва дар ҳамон ҷо ба хок супурда шуд. Дар 49 соли умраш ин коргардони номдори тоҷик ҳадди аққал 10 филми ҳунарие бардошта, нахустин филмсози тоҷик аст, ки ба ҷоизаи “Шери нуқра”-и ҷашнвораи бонуфузи синамои Венетсия мушарраф шудааст.

Динмуҳаммад Аҳимов (дар байн)
Динмуҳаммад Аҳимов (дар байн)

Шоми 13 апрел дар толори синамои Chaplin Mega Park дар шаҳри Алматӣ шаби ёдбуди коргардон бо ҳузури 150 нафар ва гурӯҳе аз ҳамкорони пешини Бахтиёр Худойназаров баргузор шуд.

Яке аз онҳо – рассом Азамат Тӯраев аст, ки ба ҷуз “Братан” ва “Қош ба қош” дар тамоми филмҳои дигари Худойназаров наққошӣ кардааст.

Дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ аз шаҳри Алматӣ Азамат гуфт, ки дар миёни ҳамкорони коргардон – ҳунарпеша Динмуҳаммад Аҳимов (иҷрокунандаи нақши гинеколог дар филми “Падари маҳтобӣ” ва падари Тамараи “Дар интизори баҳр”) ва рассоми тоҷикистонии корманди “Қазоқфилм” Рустам Одинаев суханронӣ карданд.

Азамат Тӯраев
Азамат Тӯраев

Бахтиёр як коргардони боистеъдод буд. Ҳамин филми “Дар интизори баҳр” дар асл дар бораи худи Бахтиёр аст ва нақши Марат – қаҳрамони асосии филм ин худи Бахтиёр аст. Ӯ як одами поку ростқавл аст, медонад, ки чӣ мехоҳаду мақсадаш чист. Бахтиёр дар зиндагӣ як одами мубориз буд ва дар пеши худ ҳадафҳои бисёр бузурге мегузошту барои расидан ба ин мақсадҳояш талош мекард. Кор бо ӯ душвор буд, вале фавқулода ҷолиб, бахусус вақте филми анҷомшударо тамошо мекунӣ, ҳамон вақт инро хуб дарк мекунӣ”.

Азамат Тӯраев гуфт, ки даргузашти нобаҳангоми Бахтиёр Худойназаров ҳамаи ҳамкорони собиқи ӯ ва ҳам дӯстдорони синаморо дар Қазоқистон андӯҳгин кард, чунки вай дар ин кишвар ҳам филм бардоштааст ва дӯстону ҳамкорони зиёд дошт.

Хабари марги Бахтиёр Худойназаров на танҳо ин ду дӯст ва ҳамкори қарини ӯ, балки ҳамаи аҳли ҳунар ва алоқамандони синаморо дар Тоҷикистон, Русия ва кишварҳои дигар мотамзада кард. Шаби ёдбуди ӯ дар Душанбе баргузор шуда, дар зодгоҳаш -- Фархор, осорхонаи ӯ таъсис ёфт. Дар зодрӯзи коргардон 29 май дар Фархор маросими ёдбуди ин коргардони саршинос баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG