Муҳиддин дар вазни то 73 кило, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар Кай Уоллес аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пирӯз гардид. Вай сипас Муҳриддин Маъруфовро аз Узбекистон мағлуб карда, ба чорякфинал баромад.
Паҳлавони ҷавони тоҷик баъди ғалаба бар Абдусалом Белбелҳоут аз Алҷазоир ба нимфинал роҳ ёфт. Муҳиддин дар даври ниманиҳоӣ бар Кейто Киҳараи ҷопонӣ дастболо шуд. Дар финали мусобиқа Муҳиддини 19-сола намояндаи дигари Ҷопон Рюсей Аракаваи 18-соларо шикаст дода, бо медали тило сарфароз гашт.
Бояд тазаккур дод, Муҳиддин Асадуллоев баъди Сомон Маҳмадбеков ва Эмомалӣ Нуралӣ сеюмин ҷудокор аз Тоҷикистон аст, ки дар қаҳрамонии ҷаҳон миёни ҷавонон медали тило гирифтааст.
Соли гузашта Муҳиддин дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон дар шаҳри Душанбе ба гирифтани медали биринҷӣ ноил шуда буд.
Муҳиддин Асадуллоев дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо "Dushanbe Grand Slam 2025”, ки моҳи майи имсол дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе доир шуд, дар вазни то 73 кило медали тило ба даст овардааст.
Ба иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқоти инфиродии қаҳрамонии ҷаҳон миёни ҷавонон, ки 5-уми октябр дар шаҳри Лимаи Перу оғоз гардида, 7-уми октябр ба поён мерасад, 463 ҷудокор (245 писар ва 218 духтар) аз 65 кишвари ҷаҳон ширкат доранд.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ чаҳор варзишгар намояндагӣ карданд. Ба ҷуз аз Муҳиддин Асадуллоев, се гуштигири дигари тоҷик - Икром Шамсов дар вазни то 60 кило, Ёсин Бобокалонов ва Эҳсон Сафарзода, ҳарду дар вазни то 66 кило дар рӯзи аввали мусобиқот – 5-уми октябр рақобат карда, дар даврҳои муқаддамотӣ шикаст хӯрданд ва аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гаштанд.
Гуфтугӯ