Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали тилои паҳлавони ҷавони тоҷик дар қаҳрамонии ҷудои Осиё


Муҳиддин Асадуллоев, паҳлавони ҷавони тоҷик дар қаҳрамонии Осиё миёни навҷавонон (Asian Junior championships 2024) дар риштаи ҷудо, ки аз 30-юми август то 1-уми сентябр дар шаҳри Мунгёнги Кореяи Ҷанубӣ доир гардид, медали тило ба даст овард.

Ба иттилои Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқа миёни навҷавонон 160 варзишгар (87 писар ва 73 духтар) аз 17 кишвари қораи Осиё иштирок карданд.

Мусобиқот тибқи қоидаҳои Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF) аз рӯи 14 вазн миёни навҷавонон (7 вазн – писарон, 7 вазн - духтарон) сурат гирифт.

Ба ҳайати дастаи навҷавонони Тоҷикистон дар ин мусобиқа 7 нафар (6 писар ва 1 духтар) дохил буданд: -66 кг - Фирӯз Маҳмадбеков, -73 кг - Илҳомиддин Ҷаборов, -73 кг - Муҳиддин Асадуллоев, -81 кг - Суннатулло Мусоев, -81 кг - Муҳаммад Юсуфзода, +100 кг - Аҳмад Табаров: -57кг - Александра Кан.

Аз байни онҳо танҳо Муҳиддин Асадуллоев медал гирифт. Ин паҳлавони 18-солаи тоҷик дар вазни то 73 кило бар асоси қуръакашӣ ба рақобат аз даври дувум пардохт. Ӯ пас аз пирӯзӣ ба ҳамватанаш Илҳомиддин Ҷабборови 20-сола ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Муҳиддин дар нимфинал бар ҳамсолаш Ёнгмин Ким аз Кореяи Ҷанубӣ дастболо шуда, ба финал баромад.

Паҳлавони ҷавони тоҷик дар даври ниҳоӣ Ҳоҷиакбар Тошеви 20-солаи узбекистониро шикаст дода, ба гирифтани медали тилло мушарраф шуд.

Дарвоқеъ, Муҳиддин Асадуллоев дар Ҷоми Осиё миёни навҷавонон дар риштаи ҷудо, ки моҳи июли соли равон дар шаҳри Алматои Қазиқистон доир гардид, дар вазни то 73 кило ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт ва дар финал бар Ҳоҷиакбар Тошеви узбекистонӣ ғолиб омада, бо медали тилло сарфароз гашт.

Дар мусобиқаи Кореяи Ҷанубӣ Илҳомиддин Ҷабборов (-73 кг) ва Суннатулло Мусоев (-81 кг) ҷойҳои панҷум, инчунин Аҳмад Табаров (+100 кг) ҷойи ҳафтумро гирифтанд. Ба ин тартиб, мунтахаби Тоҷикистон бо як медали тилло дар ҳисоби дастаӣ миёни навҷавонон ҷойи чаҳорумро азони худ кард.

Мунтахаби Узбекистон бо 13 медал (7 тилло, 3 нуқра ва 3 биринҷӣ) мақоми аввалро соҳиб шуд. Кореяи Ҷанубӣ бо 12 медал (4-2-6) ҷойи дувум ва Қирғизистон бо 6 медал (2 тилло ва 4 биринҷӣ) ҷойи севумро ишғол карданд.

Ба ҷуз аз медал, ғолибону ҷоизадорони мусобиқот соҳиби имтиёзҳо дар рейтинг ё радабандии ҷаҳонӣ гардиданд.

Ҳамчунин дар қаҳрамонии Осиё миёни наврасон (Asian Cadet championships 2024) дар риштаи ҷудо, ки рӯзҳои 29-30-юми август дар шаҳри Мунгёнги Кореяи Ҷанубӣ доир гардид, Тоҷикистонро як варзишгар – Фирӯз Маҳмадбеков- намояндагӣ кард.

Вай дар вазни то 66 кило дар даври аввал аз рақибаш Ҷаеҷун Ли аз Кореяи Ҷанубӣ шикаст хӯрда, аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гуашт.

Ба иттилои Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқаи наврасон 161 варзишгар (92 писар ва 69 духтар) аз 16 кишвари қораи Осиё иштирок карданд.

Мусобиқот тибқи қоидаҳои Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF) аз рӯи 16 вазн миёни наврасон (8 вазн – писарон, 8 вазн - духтарон) сурат гирифт.

Мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо 17 медал (6 тилло, 4 нуқра ва 7 биринҷӣ) мақоми аввалро соҳиб шуд. Узбекистон бо 16 медал (6-4-6) ҷойи дувум ва Муғулистон бо 6 медал (2 тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ) ҷойи севумро гирифтанд.

Ин мусобиқот барои дастаи мунтахаби Тоҷикистон як марҳилаи омодагӣ ба Ҷоми Осиё дар Душанбе (Dushanbe Cadet & Junior Asian Cup 2024) ба шумор мерафт. Ин мусобиқа рӯзҳои 12-15-уми сентябр ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамчунин рӯзҳои 2-6-уми октябр бори аввал дар Душанбе мусобиқаи қаҳрамонии инфиродии ҷудои ҷаҳон байни навҷавонон (Dushanbe World Championships Juniors Individuals 2024) баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG