Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

35 медали паралимпичиёни тоҷик дар Сочи

Акс аз Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон
Акс аз Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон

Варзишгарони тоҷик дар Фестивали III байнулмилалии мутобиқкунонии намудҳои варзиш "ИМПУЛС" 35 медал ба даст оварданд. Ин мусобиқа рӯзҳои 26-27-уми март дар шаҳри Сочии Русия байни варзишгарони маълул доир гардид.

Ба иттилои Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон, дар мусобиқот аз рӯи барномаи Фестивал 29 нафар варзишгарони маълули тоҷик дар намудҳои дастхобонӣ (пара-армрестлинг), вазнабардорӣ (пара-пауэрлифтинг), тенниси рӯи миз, дартс, шашка ва шоҳмот ба гирифтани 19 медали тило, 10 - нуқра ва 6 нишони биринҷӣ ноил шуданд.

Бояд зикр намуд, паралимпичиёни тоҷик дар байни беш аз 1500 варзишгари маълул аз Арманистон, Абхазистон, Беларус, Узбекистон, Муғулистон ва Русия дар намуди дастхобонӣ дар ҳисоби даставӣ мақоми аввалро соҳиб гардиданд.

Паралимпичиёни тоҷик дар Фестивали III байнулмилалии мутобиқкунонии намудҳои варзиш «ИМПУЛС» дар риштаҳои зерин медал ба даст оварданд: дастхобонӣ — 21 медал: 13 тило, 5 нуқра, 3 биринҷӣ; вазнабардорӣ — 7 медал: 4 тило, 3 нуқра; дартс — 3 медал: 1 нуқра, 2 биринҷӣ; шоҳмот — 1 медали тило; шашка — 3 медал: 1 тило, 1 нуқра, 1 биринҷӣ.

Ёдовар мешавем, чанде пеш паралимпичиёни тоҷик дар Ҷоми ҷаҳон дар риштаи армрестлинг дар Тошканд 22 медал, аз ҷумла 4 тило, 9 нуқра ва 9 биринҷӣ ва дар Парабозиҳои V Осиё байни наврасон дар Дубай 4 медал, аз ҷумла 1 тило ва 3 нуқра ба даст оварда буданд.

XS
SM
MD
LG