Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

15 медали наврасони тоҷик дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Душанбе


Акс аз Федератсияи ҷудои Тоҷикистон
Акс аз Федератсияи ҷудои Тоҷикистон

Варзишгарони тоҷик дар Ҷоми Осиё дар риштаи ҷудо байни наврасон (кадетҳо), ки рӯзҳои 20-21-уми ноябр дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе доир шуд, 15 медал (6 тило, 2 нуқра ва 7 биринҷӣ) ба даст оварданд.

Ба иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), мусобиқа байни наврасон бо иштироки 333 варзишгар (300 писар ва 33 духтар) аз чаҳор кишвари Осиёи Марказӣ – Қазоқистон (13 писар), Қирғизистон (7 писар, 3 духтар), Тоҷикистон (179 писар, 11 духтар) ва Узбекистон (101 писар, 19 духтар) - баргузор шуд.

Рӯзи аввал писарон дар чаҳор вазн (-50 кг,-55 кг, -60 кг, -66 кг) ва духтарон низ дар чаҳор вазн (-40 кг,-44 кг,-48 кг,-52 кг) рақобат карданд.

Дар рӯзи дуюми мусобиқа писарон дар чаҳор вазн (-73 кг,-81 кг,-90 кг,+90 кг) ва духтарон низ дар чаҳор вазн (-57 кг,-63 кг,-70 кг,+70 кг) вориди рақобат шуданд.

Варзишгари тоҷик Мадина Қурбонзода дар сабқати духтарон дар вазни то 52 кило мақоми аввалро касб намуда, бо медали тило сарфароз гашт. Вай дар даври ниҳоӣ рақибаш Дилбар Нуруллоеваро аз Узбекистон мағлуб кард.

Дар сабқати духтарон дар ҳафт вазни дигар гуштигирон аз Узбекистон - Нигора Сафарова дар вазни то 40 кило, Диёра Саидқулова дар вазни то 44 кило, Зарнигор Улашова дар вазни то 48 кило, Сарвиноз Рустамҷонова дар вазни то 57 кило, Сабрина Абдуллоева дар вазни то 63 кило, Гулрухсор Хударганова дар вазни то 70 кило ва Элнора Салимова дар вазни +70 кило - бо медалҳои тило сарфароз гаштанд.

Панҷ медали тилоро наврасони тоҷик дар рақобатҳо байни писарон гирифтанд: Абубакр Худоиев дар вазни то 55 кило,

Муҳаммад Одинашоев дар вазни то 66 кило, Суҳробҷон Камолов дар вазни то 81 кило, Ҷаҳонгир Алимов дар вазни то 90 кило ва Абдурофеъ Шарифзода дар вазни +90 кило.

Дар сабқати писарон ба ғайр аз панҷ паҳлавони тоҷик дар се вазни дигар - Абдураззоқҷон Бурҳонов (-50 кг, Узбекистон), Йернур Ботургалӣ (-60 кг, Қазоқистон) ва Ассилбек Кошман (-73 кг, Қазоқистон) – пирӯз шуданд.

Дар ҳисоби умумии медалҳо бо дарназардошти сифати онҳо мунтахаби Узбекистон бо 8 медали тило ҷойи аввал, Тоҷикистон бо 6 медали тило ҷойи дуюм ва Қазоқистон бо 2 медали тило ҷойи сеюмро ишғол карданд.

Дар мусобиқа байни навҷавонон, ки дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии Душанбе рӯзҳои 22-23-юми ноябр доир мегардад, 276 варзишгар (243 писар ва 33 духтар) аз панҷ кишвари қора – Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон, инчунин дастаи Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) - ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Тоҷикистонро дар мусобиқаи навҷавонон 186 варзишгар (176 писар ва 10 духтар) муаррифӣ менамояд.

Бояд зикр намуд, шаҳри Душанбе солҳои охир мизбони чандин мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Grand Slam (“Тоскулоҳи бузург”)-и ҷудо гардидааст, ки ба тақвими расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо дохил аст.

Ғолибону ҷоизадорони Ҷоми ҷудои Осиё миёни наврасон-2025 дар шаҳри Душанбе:

Писарон

Вазни -50 кг

1.Абдураззоқҷон Бурҳонов (Узбекистон)

2.Темурмалик Эшпулотов (Узбекистон)

3.Девид Маҳмудов (Қазоқистон)

3.Сафохуҷа Сайфуллоев (Узбекистон)

Вазни -55 кг

1.Абубакр Худоиев (Тоҷикистон)

2.Азамат Собиров (Узбекистон)

3.Шоҳрух Иномҷонов (Узбекистон)

3.Рустамбек Соқидиков (Узбекистон)

Вазни -60 кг

1.Йернур Ботургалӣ (Қазоқистон)

2.Муҳаммадалӣ Ҳусийев (Қазоқистон)

3.Ҷасурбек Қаҳрамонов (Узбекистон)

3.Сеитжан Маметов (Қазоқистон)

Вазни -66 кг

1.Муҳаммад Одинашоев (Тоҷикистон)

2.Максим Кочнев (Узбекистон)

3.Далер Асрорқулов (Узбекистон)

3.Маҳмудбек Темиров (Узбекистон)

Вазни -73 кг

1.Ассилбек Кошман (Қазоқистон)

2.Саидшоҳ Доргаев (Тоҷикистон)

3.Сайёд Давлатов (Тоҷикистон)

3.Йертай Шалкарбой (Қазоқистон)

Вазни -81 кг

1.Суҳробҷон Камолов (Тоҷикистон)

2.Амирхон Собиров (Узбекистон)

3.Акрам Акрамов (Тоҷикистон)

3.Рошид Неъматов (Тоҷикистон)

Вазни -90 кг

1.Ҷаҳонгир Алимов (Тоҷикистон)

2.Муҳаммадҷон Мирзоев (Тоҷикистон)

3.Асадбек Асадов (Узбекистон)

3.Алӣ Турсунбек (Қазоқистон)

Вазни +90 кг

1.Абдурофеъ Шарифзода (Тоҷикистон)

2.Санҷарбек Эргашев (Узбекистон)

3.Муҳаммадҷон Аҳмадов (Тоҷикистон)

3.Асмар Шариф (Тоҷикистон)

Духтарон

Вазни -40 кг

1.Нигора Сафарова (Узбекистон)

2.Эзоза Наримонова (Узбекистон)

Вазни -44 кг

1.Диёра Саидқулова (Узбекистон)

2.Оминабону Тошова (Тоҷикистон)

Вазни -48 кг

1.Зарнигор Улашова (Узбекистон)

2.Ҳулкар Хушбахтова (Узбекистон)

3.Сарвиноз Абдусамадова (Узбекистон)

3.Нушин Ҷумъаева (Тоҷикистон)

Вазни -52 кг

1.Мадина Қурбонзода (Тоҷикистон)

2.Дилбар Нуруллоева (Узбекистон)

3.Зуҳро Абдухолиқова (Узбекистон)

3.Дилшодахон Маҳмудҷонова (Узбекистон)

Вазни -57 кг

1.Сарвиноз Рустамҷонова (Узбекистон)

2.Жасмина Бегҷонова (Узбекистон)

3.Севинч Норбоева (Узбекистон)

Вазни -63 кг

1.Сабрина Абдуллоева (Узбекистон)

2.Эзозахон Омонкелдиева (Узбекистон)

Вазни -70 кг

1.Гулрухсор Хударганова (Узбекистон)

2.Севинчой Хударганова (Узбекистон)

Вазни +70 кг

1.Элнора Салимова (Узбекистон)

2.Умеда Саъдуллоева (Узбекистон)

XS
SM
MD
LG